Ҷашнҳои Ялдо, Сада ба Наврӯзу Меҳргон пайванд буда, таърихи дуру дароз доранд ва ба рӯзгори инсонҳои замони ибтидоӣ мерасанд. Онҳо бо гоҳшумории (тақвими) ниёгони мо иртиботи ногусастанӣ доранд. Пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони кишту кору чорводорӣ аст.
Одамони замони қадим чор унсури зиндагӣ об, ҳаво, хок, оташро гиромӣ медоштанд. Яке аз онҳо оташ, ҳамчунин хуршеду равшании он барои рӯзгузаронии мардум бисёр муҳим буд. Аз ин рӯ, қавму қобилаҳои гуногуни олам ба хуршеду оташ эътиқоди махсус доштанд. Ҳамин эътиқод буд, ки онҳо гумон мекарданд, ки хуршед ҳам ба монанди тамоми мавҷудоти табиат таваллуд мешаваду мемурад. Мувофиқи боварҳои мардумӣ дарозтарин шаб ин зоиши хуршед ва охири тирамоҳ пеш аз оғози зимистон ин марги хуршед буд. Он шаби дарозтаринро шаби чилла ё шаби ялдо мегуфтанд. Ялдо вожаи суриёнӣ буда, маънояш ҳамон таваллуд аст. Ба ин таваллуд мардумони гуногун эҳтиром мегузоштанд. Баъдҳо ниёгони мо низ ин таваллудро бо номи шаби чилла ва шаби ялдо ҷашн мегирфтанд.