ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ОРЗУҲО

Бахшида ба Рӯзи пойтахт

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.

Ҳарчанд аз пойтахт будани Душанбе ҳанӯз асре нагузашта бошад ҳам, он мероси миллатеро ба дӯш мекашад, ки ҳазорсолаҳо таърих дорад. Душанбе дар ин умри пойтахтии наздик ба садсолаи худ шоҳиди фарозу нишебҳо, бузургтарин таҳаввулоту дастовардҳои миллат гаштааст. Ва ба маънои томаш Душанбе пойтахти аввалин Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аст…

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо биноҳои таълимиву хобгоҳҳояш дар гӯшаҳои гуногуни Душанбе ҷойгир гаштааст, дар баробари соҳибмаълумотнамоӣ ва мутахассиси рақобатпазиру ҷавобгӯи бозори меҳнат гардондани ҷавонони миллат, таълиму тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ ва иштироки фаъол доштан дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ боз дар ободу зебонамоӣ ва тозаву гулгулшукуфоии пойтахти кишвар саҳм мегузорад.

Кабудзоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани саҳни биноҳои таълимиву хобгоҳҳои донишгоҳ аз машғулиятҳои баъдикориву баъдидарсии ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ гаштааст, ки суратҳои зер гувоҳи ин гуфтаҳост.

ТАДЖИКСКИЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ УНИВЕРСИТЕТ

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org