ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТИ АЛЛЯНС ГЛОБАЛ

Мулоқот

Чанде пеш дар Маркази биотехнологияи донишгоҳ мулоқоти намояндагони раёсати донишгоҳ бо ҳайати ширкати Аллянс Глобал баргузор гардид. Дар мулоқот Мурат Топал – менеҷери ширкати Аллянс Глобал дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Кенул Гасанова – сармутахассиси бахши фурӯши ширкати Аллянс Глобал, Паулина Огродзки – мушовири тиҷоратӣ, олими соҳаи геномика, Илҳом Орифҷонов–директори бахши фурӯши ширкати «Тибби муосир. Технологияҳо ва системаҳои тиббӣ», мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Маҳмадиев И.М. ва директори Маркази биотехнология Бобоҷонова Х.И. иштирок доштанд.

Қабл аз вохӯрӣ директори марказ Х.И. Бобоҷонова меҳмононро аз дастовардҳои марказ ва самтҳои тадқиқоти илмии он шинос намуд. Меҳмонон аз дастовардҳои олимони тоҷик дар соҳаи биотехнология ва микробиология изҳори хушнудӣ намуда, сатҳи техникӣ ва таҷҳизонидани Маркази биотехнологияи донишгоҳро баланд арзёбӣ карданд.

 Сипас меҳмонон доир ба ширкати Аллянс Глобал маълумот дода, таъкид доштанд, ки дафтари дар шаҳри Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб) будаи Аллянс Глобал бозори кишварҳои Осиёи Марказиро назорат мебарад. «Ширкати Аллянс Глобал бо 50 ширкати маъруфи истеҳсолкунандаи таҷҳизоти озмоишгоҳҳои илмӣ ва ташхисӣ дар соҳаҳои биотехнология, микробиология, геномика, гемотология, иммунология, клиникаи химиявӣ, ташхиси (диагностикаи) молекулярӣ ва ғайра ҳамкорӣ дошта, фурӯшандаи расмии аксари ин ширкатҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад»- афзуд Мурат Топал.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки дар ширкат мутахассисони хуби соҳаи технология фаъолият мекунанд, Ширкат таҷҳизоти фурӯхташударо дар баробари интиқолу насб ва ба кор андохтан, инчунин, давоми як сол назорат мекунад.  

Т.Иҳромов

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org