СУХАН ДАР МАВЗӮЪҲОИ МУҲИМ

Вохӯрӣ

Ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2013-2020» дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсат ва сохторҳои гуногуни донишгоҳ дар толори калони факултети фарматсевтӣ миёни донишҷӯёни факултетҳои кимиё, тиббӣ ва фарматсевтӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар нишаст прокрори муқовимат ба  терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Рӯзиев, муовини сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Назарализода И., судияи Суди ноҳияи Шоҳмансур Сайдализода Ш., муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар шаҳри Душанбе Бобоев А., корманди Раёсати Кумитаи мазкур Ҳамидов А., сарнозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Каримов М., мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, инчунин, ҳамоҳангсози стратегияҳои мазкур дар донишгоҳ Муминов Н. ва садорати факултетҳои зикршуда иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Иштирокчиёни вохӯрӣ дар робита ба татбиқ ва бандҳои гуногуни стратегияҳои мазкур сухнронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, ҳисси ватандӯстии донишҷӯён, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва фаъолона иштирок намудани ҷавонон-донишҷӯён дар чорабиниҳои маърифатӣ андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org