НИШАСТ ДАР ДОИРАИ СТРАТЕГИЯҲО

Имрӯз (19.04.19) дар робита ба ҷанбаҳои муҳимми “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва иҷрои талаботи барномаи соҳавии идоравӣоид ба амаликардонии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2013-2020” дар мавзӯи “Пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, хусусан гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, экстремистӣ, террористӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир, тарғиби таҳаммулгароӣ” дар кафедраи ҳарбии донишгоҳ ҳамоиш баргузор шуд.

Дар нишат намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайорифзода Қ., Одиназода Н., корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ф.Исломов, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилбекиён С., сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Н.Муминов, устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ К.Исмонов ва афсарону донишҷӯёни кафедра иштирок доштанд.

Дар нишаст доир ба тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, аз ҷумла идома ёфтани нооромиву низоъҳо, инчунин, даст задани ҷавонон ба маводи мухаддир суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки ҳар нафар бояд дар пос доштани сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ масъулият эҳсос намуда, саҳми худро дар монеъ шудан аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъу иртиҷоӣ гузорад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org