ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён баргузор гардид. Конференсияи мазкур ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019-2021)” ва 400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ бахшида шуда, то 27-уми апрел идома хоҳад кард.

Дар ҳамоиш, ки дар толори бинои асосии донишгоҳ бо иштироки ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону донишҷӯён баргузор шуд, ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С., декани факултети физика, профессор Д.Солиҳов, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик М.Солеҳов, дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи туризми донишгоҳ Ҷ. Ёров, донишҷӯи факултети иқтисод ва идора Н. Қодиров дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни конференсия ректори донишгоҳ, ба устодони донишгоҳ – Н.Каримов, Х.Камолов, М. Музофиршоев “Шаҳодатномаи дотсентӣ” ва ба устоди факултети молиявию иқтисодӣ Н.Сайфуллоев ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни ҷумҳурӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” “Ифтихорнома”-и донишгоҳро супорид.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org