Раёсати таълим

Сардори раёсати таълим - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Азизов Убайдулло Абдуллоевич

Аз лаҳзаи таъсиси Донишгоҳ бо мақсади банақшагирӣ, ташкил, танзим  ва мутобиқ ба талаботи ҷомеа ба роҳ мондани корҳои таълимию  методӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари омӯзгорони ботаҷриба ба раванди таълим, қисми таълим ташкил карда шуд, ки ба он проректор доир ба корҳои таълимӣ- илмӣ роҳбарӣ менамуд. Дар соли аввали фаъолият ҷиҳати танзими воҳидҳои мансабии кормандони роҳбарикунандаи таълимию илмӣ, маъмурию хоҷагӣ, номгӯи воҳидҳои корӣ иборат аз 58 штат (бо фармони № 105 аз 06. 12.1948) тасдиқ гардид, ки аз ин вазифаи  ректор -1 воҳид; вазифаи проректор доир ба корҳои таълимӣ- илмӣ -1 воҳид; вазифаи  проректор оид ба корҳои маъмурию хоҷагӣ-1 воҳид; вазифаи  котиб - 1 воҳид; қисми таълим – 4 воҳиди корӣ, аз ин вазифаи  тамзигар-1 воҳид; вазифаи котиби қисми таълим -1 воҳид; вазифаи  котиби факултетҳо -2 воҳид муайян шуда буд. Яъне барои фаъолияти қисми таълим- 5 воҳиди корӣ дар ибтидо ҷудо шудааст.  
Банақшагирӣ, ташкил ва танзими раванди таълим дар Донишгоҳ ба уҳдаи проректор оид ба корҳои таълимӣ- илмӣ вогузор буд ва ин вазифаро дар аввал номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Б.А. Корчагин (01.03.1948- 22. 03.1949) ба зимма  дошт. Баъдтар  ин вазифаро устодони зерин: номзади илмҳои таърих, дотсент К.Н. Гаврилкин (03.1949-08.1953), номзади илмҳои филология, дотсент С.Ш.Табаров (08.1953-04.1956) ба уҳда дошта, барои ташаккули низоми таълим, нерӯ бахшидани корҳои илмию методӣ, беҳтар гардонидани сифату самаранокии таълим хидмати арзанда кардаанд. Бо дарназардошти афзудани теъдоди донишҷӯён, зиёд гардидани миқдори кафедраю факултетҳо ва аз ҳад зиёд шудани ҳаҷми корҳои таълимӣ, соли 1956 қисми таълимӣ-илмӣ ба бахшҳои алоҳида ҷудо ва воҳидҳои мансабии проректор оид ба корҳои таълим ва проректор оид ба корҳои илм ташкил карда шуданд. Шурӯъ аз ин вақт ба корҳои таълимию методӣ проректор оид ба корҳои таълим роҳбарӣ менамояд. Донишмандон ва омӯзгорони навҷӯю варзида, ки ҳар яке барои ба низом даровардани ҷараёни таълим, беҳтар гардидани сифату самаранокии таълим, муҳимтар аз ҳама барои рушду нумӯи Донишгоҳ ва таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштанд: Б.А.Кияновский (04.1956-02.1962), В.Г. Бобилёв (02.1962-12.1964), В.И. Приписнов (12.1964-03.1968; 01.1972-08.1984), Ф.П.Репа (03.1968-12.1971), В.Я. Стетсенко (12. 1984-09.1987),  В.И.Чикатунов (10.1987-08.1991), Б.К. Камолиддинов (08.1991- 04.1994), Ҳ.М.Сафаров (04.1994-07.1995), баъд ректори ДДМТ), Ш.Т.Тағойназаров (09.1995-03.1999), С.Ҷ.Комилов (03.1999- 02.2001), Ҷ.Х.Сафаров (02.2001-12.2005), Ҳ.Раҷабов (06.01.2006-13.12.2008), М.М.Исоматов (13.12.2008-16.12.2009), Р.М.Мирбобоев (22.02.2010-06.05.2012)  ба ҳайси муовини ректор оид ба таълим кору фаъолият намудаанд. Ҳоло бошад, ин вазифаро доктори илмҳои педагогӣ, профессор А.М. Миралиев (аз 09.06.2012)  ба уҳда дорад.
Дар самти банақшагирӣ, ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ раёсати таълим мақоми хосса дорад. Оғоз аз таъсиси Донишгоҳ кормандони   қисми таълим дар 4 воҳиди корӣ (танзимгар-методист), котиби қисми таълим, котиби факултетҳо (2 воҳид) барои барномасозӣ ва ташкили раванди таълим муваззаф  буданд. Дар аввал вазифаи ҳозираи сардори шуъбаи таълимро ба ҳайси методист С.П. Первбех (07.1948-08.1948), Н.М.Иванова (08.1948-12.1949), М.П.Троитская (12.1949-09.1953), Н.А.Азимов (09-10.1953), Б.Б.Крайная (10.1953-05.1955) ба уҳда дошта, барои шаклгирии раванди муназзами таълим саҳм гузоштанд. Бо мақсади банизом гардонидани корҳои таълимию методӣ, ташкил ва идоракунии фаврии ҷараёни таълим, банақшагирӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии раванди таълим  моҳи майи соли 1955 ба сифати сохтори таркибии мустақили донишгоҳӣ шуъбаи таълим ташкил дода шуд. Роҳбарии ин шуъбаро (дар аввал, ба сифати сардори қисми таълим, баъдтар ба ҳайси сардори шуъбаи таълим) дар солҳои гуногун мутахассисон ва омӯзгорони пуртаҷриба, ки ҳар яке барои беҳтар гардидани раванди таълим, татбиқи усулҳои нави таълим дар Донишгоҳ саҳм гузоштаанд, инњо: А.И.Чернишева, Р.Г. Рахматуллин (1965-1968), Ю.А.Молчагин (1968-1972), Ю.Г. Климов (1976-1979), Н.Н.Ҷумаев (10.1979-10.1988; 10.1993-05.1994), Р.М. Мустафоқулов (10.1988-05.1991), Р.С.Шарифов (06.1991-02.1993), С.С.Сафаров (05.1994-01.1995), А.А.Раҳмонов (01.1995-06.1999), М.Зайниддинов (мудири Шуъбаи таълим оид ба ихтисосҳои ҷамъиятшиносӣ ва ҳуқуқ, 08.1999-03.2001), Ф.У.Умаров (мудири шуъбаи  таълим оид ба ихтисосҳои  табиатшиносӣ ва иқтисодӣ, 08.1999-03.2001), К.Н.Холиқов (мудири қисми таълим, 03-12. 2001), М.М.Исоматов (03.12.2001-12.12.2008), Одинаев Ҳ. (12.12.2008- 2011), А.М.Миралиев (2011-09.06.2012), Сафармамадов С. (09.06.2012-02.08.2014) ба уҳда доштанд.
Солҳои 2000-ум, ки ба давраи ниҳоят душвори буҳрониву ташвишовари соҳаи маорифи ҷумҳурӣ рост меомад, марҳалаи пуркориву сертараддуди шуъбаи таълими донишгоҳ маҳсуб меёфт. Зеро масъалаи банақшагирӣ ташкил ва танзими раванди таълим дар донишгоҳ, аз як сӯ, интиқол ба низоми ҷадиди таълим – бакалавратура ва магистратура, аз сӯйи дигар, ба муҳимтарин фаъолияти марказии шуъбаи таълим мубаддал гашта буд. Шуъбаи таълим дар ин айём муваззаф буд, ки он тағйироту дигаргуниҳои бунёдие, ки бо муқтазои интиқол ба низоми муосири таълим ба миён омада буданд, вобаста бо барномаҳои мушаххаси кориву таълимӣ ва хусусиятҳои хоси ин ё он ихтисосу факултетҳо корбасту танзим шуда ва ба низоми ҷадиди таълим мутобиқ гардонида мегардиданд. Бо саъйю кӯшиш ва ибтикороти пайвастаи шуъбаи таълими ҳамонвақтаи донишгоҳ корҳои банақшагирӣ, ташкилу танзими раванди таълим ва ҷараёни мутобиқгардонии он бо низоми ҷадиди таълим дар як муддати начандон тӯлонӣ комилан мустақар гардид ва нуфузу манзалати донишгоҳ дар дохили кишвару берун аз қаламрави он зиёдатар шуд.
 Донишгоҳ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз                          28 октябри соли 2008 таҳти №556 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 №669» ба «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» номгузорӣ шуд. Вобаста ба ин сохтори нави донишгоҳ мураттаб гардида, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.12.2008 ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.12.2008 мувофиқа ва ба расмият дароварда шуд.  Дар сохтори нав шуъбаи таълим ба раёсати таълим тағйири ном намуд.
            Алҳол фаъолияти раёсати таълим, ки дар кори худ бевосита ба муовини ректор оид ба таълим итоат мекунад, барои татбиқи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти касбии ҶТ», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ», «Консепсияи миллии маълумоти ҶТ», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии  ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии ДМТ», низомномаҳои соҳавӣ, фармону супоришҳои ректор, қарорҳои Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методӣ, инчунин дастурҳои муовини ректор оид ба таълим, ки ҳама мазмуну мундариҷаи ҷараёну сифати таълимро инъикос менамоянд, нигаронида шудааст. Инчунин, дар таркиби раёсати таълим зерсохторҳои Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим, шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, шуъбаи тайёрӣ амал мекунанд.
Раёсати таълим ва зерсохторҳои он фаъолияти худро барои банақшагирӣ, ташкили мониторинги сифати таълим ва давомот, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ ва назорати сифати таълим мутобиқ ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ равона кардааст. Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, санҷиши мунтазами давомот ва донишандӯзии донишҷӯён, таҳияи таснифоти номгӯйи тахассусҳо, фанҳои таълимии кафедравӣ, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кори таълимӣ, ҷадвалҳои раванди таълим, машғулиятҳои дарсии ҳама шаклҳои таҳсил, таҳияи лоиҳаи фармонҳо ва хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонӣ ва аттестатсияҳои ҷамъбастии давлатӣ, таҳлили тағйири давомоти донишҷӯён, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯйи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва татбиқи тадриҷии  низоми таҳсилоти кредитӣ, банақшагирӣ ва назорати иҷрои сарбории таълимии ҳайати омӯзгорон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, педагогӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки кори ин раёсатро ташкил медиҳад.  
Донишгоҳ сол аз сол аз ҳар ҷиҳат рушду инкишоф меёфт. Пояи  моддӣ-техникии раванди таълим низ густариш пайдо карда, донишгоҳ зина ба зина ба биноҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ- таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, кабинетҳои методӣ ва лингофонӣ, толорҳои дарстайёркунӣ, марказҳои таҷрибавӣ, бахшҳои китобхонаи илмӣ, майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ, ошхонаҳо ва хобгоҳҳои донишҷӯён таъмин мегардид. Беҳтар гардидани пояи моддӣ-техникии донишгоҳро метавон аз нишондодҳои зерини таъмини он ба биноҳои таълимӣ мушоҳида кард: дар аввал, донишгоҳ соли хониши 1948-1949 ҳамагӣ дорои 1,5 бинои таълимӣ; соли таҳсили 1958-1959  дорои 3 бинои таълимӣ ва як хобгоҳи донишҷӯён; соли хониши 1968-1969 фарогири 6 бинои таълимӣ; соли хониши 1978-1979 дорои 10 бинои таълимӣ; соли таҳсили 1988-1989 фарогири 11 бинои таълимӣ; соли таҳсили 1998-1999 дорои 13 бинои таълимӣ, ва ниҳоят соли 2007, 2008-2013 фарогири 17 бинои таълимӣ ва 8 хобгоҳи донишҷӯён (бо ду бинои хобгоҳҳои 9- ошёна воқеъ дар Шаҳраки донишҷӯён, хобгоҳҳои ҷумҳуриявии аспирантон ва донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти ҶТ таҳсилдошта), пойгоҳҳои таҷрибавии воқеъ дар дењањои Зиддї, Такоб ва фароғатгоҳи таҷрибавӣ-варзишии «Ҷавонӣ», осоишгоҳи «Шифо», бунгоҳи тиббии донишҷӯён, 4 толори варзишӣ, 97 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, 8 маркази интернетӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи махсусгардонидашудаи электронӣ, 36 синфхонаи компютерӣ, 34 синфхонаи лингофонӣ, марказҳои омӯзиши забонҳо, Маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ, Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим ва ғайра аст. Таъмини тадриҷии пояи моддӣ-техникӣ ба афзудани теъдоди ихтисосҳо, тахассусҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимӣ, кабинетҳои методӣ ва кафедраҳо мусоидат намуд. Табиист, ки чунин таҳаввулот ба  таъмин гаштани ин боргоҳи маърифат ба омӯзгорони  соҳибунвон вобастагӣ дошт. Агар дар соли хониши 1949-1950 дар 15 кафедра (марксизм- ленинизм, таърих, назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, тайёрии ҳарбӣ, физика, ботаника, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ, геология, математика, химия, физиологияи ҳайвонот, зоология, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш) 73 нафар омӯзгорони штатӣ (23 нафар омӯзгори  соҳибунвон аз ин 5 нафар профессор, 18 нафар дотсент) барои тадриси донишҷӯён аз рӯйи 7 ихтисос кору фаъолият намуда бошанд, дар соли таҳсили  1959-1960  шумораи  муаллимони дараҷаи илмидошта (аз 244 нафар омӯзгор) 77 нафар (8 нафар -профессор, 69 нафар -дотсент); дар соли хониши 1969-70 ин нишондиҳанда (аз 704 нафар омӯзгор)  ба 185 нафар (14 нафар профессор, 171 нафар дотсент); соли таҳсили 1979-80 ин нишондиҳанда (аз 838 нафар омӯзгор)  ба 405 нафар (57 нафар профессор, 348 нафар дотсент);  соли хониши 1985-86 ин нишондиҳанда (аз 815 нафар омӯзгор)  ба 456 нафар (36 нафар профессор, 420 нафар дотсент); соли таҳсили 1997-1998 ин нишондиҳанда (аз 638 нафар омӯзгор)  ба 246 нафар (40 нафар профессор, 206 нафар дотсент), дар соли хониши 2007-2008 (944 нафар омӯзгори штатӣ, барои тадриси донишҷӯён аз 56  ихтисос) ба 418 нафар (98 нафар профессор, 320 нафар дотсент) ва ниҳоят дар соли 2012-2013  ин нишондиҳанда ба (1027 нафар омӯзгори штатӣ, барои тадриси донишҷӯён аз 86 ихтисос) ба 540 нафар 118 нафар профессор, 422 нафар дотсент) муаллимони соҳибунвон расид, ки миёни онҳо 4 нафар академики АИ ҶТ, 9 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, инчунин 20 нафар дорандаи унвонҳои фахрии «Арбоби илм ва техникаи ҶТ», 45 нафар «Корманди шоистаи ҶТ», 12 нафар «Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ», 1 нафар барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино, 22 нафар барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, 6 нафар барандагони ҷоизаҳои созмонҳои байналхалқӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии ҶТ, 221 нафар  дорандагони нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 38 нафар  «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» мебошанд.    
Анъанаи хуби ба сифати омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ ба корҳои таълимӣ ҷалб намудани олимон ва мутахассисони пуртаҷрибаи соҳа аз таъсиси Донишгоҳ боз амал карда, сол ба сол такмилу тарвиҷ ёфт. Ба таври мисол танҳо дар соли хониши 1957-1958 дар 17 кафедраи Донишгоҳ 1 нафар - профессор, 17 нафар- дотсент, 18 нафар-муаллимони беунвон (ҷамъ 36 нафар)  ба ҳайси омӯзгори ҳамкор ва соатбайъ  фаъолият намуданд. Баъдтар бо баланд гардидани эътибори Донишгоҳ олимон ва муҳаққиқони маъруфи СССР аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба сифати устодони ҳамкор ва соатбайъ барои хондани курсҳои тахассусӣ, лабораторияҳои махсус, семинарҳои тахассусӣ ва дарсҳои саҳроии таҷрибавӣ даъват шуда, бо ин васила ба тарбияи донишҷӯёни донишгоҳ саҳмгузорӣ кардаанд. Танҳо дар соли хониши 1968-1969 аз марказҳои илмии АИ СССР ва мактабҳои олии СССР 25 нафар докторони илм, профессорон барои хондани курсҳои тахассусӣ даъват шуданд. Чунин шакли саҳмгузории таълимӣ  солҳои баъдӣ рушд  ёфт ва ба ҳукми анъана даромад.  Соли хониши  1979-1980 -16 нафар, соли таҳсили 1981-1982- 25 нафар, соли таҳсили 1983-1984 - 41 нафар  донишмандону омӯзгорони машҳури муассисаҳои илмӣ ва таълимии СССР барои хондани курсҳо ва семинарҳои тахассусӣ ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ даъват шуданд, ки миёни онҳо арбобони маъруфи илму техника ба мисли Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Лауреати мукофоти ленинӣ, академики АИ СССР, профессор Н.А. Тихонов,    Лауреати мукофоти ленинӣ, узви вобастаи АИ СССР, профессор А.А.Самарский, Лауреати мукофотҳои ленинӣ ва давлатии СССР, Арбоби илм ва техникаи РСФСР, академики АИ СССР, профессор А.Петров, олимони маъруф, профессорон: А.А. Арсенев, Э. А. Акрамов, Л.С.Бляхман, Н.С.Ерохин, Е.К.Войшвилло, А.А.Головко, А.А. Жевтяк, П.Н.Каратсуба, В.И.Кефели, М.С.Киктеф, А.И.Ким, Б.В. Комберг, Д.С.Комиссаров, Л.П.Крисин,  Н.С. Небурихин, Е.И.Олсевич, С.Б.Певзнер, И.С.Перелигин, А.И. Серебряний, И.И.Слетскер, В.Л.Соскин, А.И.Ставтсева, Л.Г.Фризман, П.М.Чернова, В.Н.Чубариков ва дигарон буданд. Инчунин барои сифатан дигаргункунии фазои таълимию тарбиявӣ силсилаи мулоқоту лексияҳои олимони маъруф: академики АИ СССР, профессор Б.Ғафуров, академикҳои АИ ҶТ, профессорон А.Мирзоев, А.А.Семёнов, А.А.Адҳамов, Э.У.Нӯъмонов, А.Ҷ.Ҷӯраев, А.М.Баҳоваддинов, Б.Ниёзмуҳаммадов, М.Н.Нарзиқулов, С.Умаров, М.С.Осимӣ, донишмандони хориҷӣ И.Бечка, М.Лоренс, С.Нафисӣ, Б.Тасбҷӯ, Р.Н.Фрай, П.Н.Хонларӣ, Д.Шнайтер ва  маҳфилороиҳои адибони маъруф Мирзо Турсунзода (Қаҳрамони Тоҷикистон), Шароф Рашидов, Чингиз Айтматов, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Абдулло Қаҳҳорӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигарон нақши муассир бозид. Дар навбати худ ҳайати омӯзгорони Донишгоҳ низ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои бародарӣ ва кишварҳои хориҷӣ сафар карда, на танҳо такмили касб кардаанд, балки ба донишҷӯён ва коромӯзони ин муассисаҳои таълимӣ дарсҳои пурмазмун  доир намуданд. Масалан, дар фосилаи солҳои 1976-1991 зиёда аз 30 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар мактабҳои олии Афғонистон фаъолияти илмию педагогӣ ва маъмурӣ бурда, ба ин васила таҷрибаи донишгоҳии низоми таълимро дар он муассисаҳо роиҷ сохтанд. Дар доираи ҳамкориҳои таълимию методӣ ва табодули донишҷӯён солҳои 70-90-уми асри ХХ донишгоҳ бо 25 мактаби олии ватанию хориҷӣ созишномаҳои дуҷониба ба тасвиб расонд, ки ин низ барои эътирофи низоми таълими донишгоҳӣ самараи хуб дод. Алҳол раёсати донишгоҳ ҷиҳати барқарор кардани чунин анъанаҳои самаровари илмию таълимӣ ва методӣ саъйю кӯшиш намуда, танҳо дар давоми 2 соли охир оид ба ҳамкориҳои дуҷониба бо як қатор муассисаҳои классикии таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистон ва Украина, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Академияи иқтисодии Россия ба номи Г.В.Плеханов,  Донишкадаи химиявию технологии Россия ба номи Д.И.Менделеев, Донишгоҳи кооперативии Россия (Донишкадаи кооператсияи матлуботи Маскав), Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии Қазон ба номи В.И. Улянов-Ленин, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишгоҳи давлатии Новосибирск, Академияи давлатии маданият ва санъати Челябинск (ФР), Донишгоҳи давлатии Белоруссия (ҶБ), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи миллии Евро -Осиёи ба номи Л.Н. Гумилёв (ҶҚ), Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Г.Шевченко (Украина) шартномаҳоро ба тасвиб расонидааст.  
Раёсат ва қисми таълими донишгоҳ барои ҷуброн кардани касрати кадрӣ ва беҳтар гардонидани сифати таълим барои гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ аз таҷрибаю усулҳои таълимии мутахассисону олимон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ, ки собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мебошанд, самаранок истифода карда, онҳоро ба сифати устодони ҳамкор ва соатбайъи беруна ба корҳои таълимию методӣ ба тарзи давомнок ҷалб менамояд. Соли хониши 2013-2014 барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ дар кафедраҳои донишгоҳ 1189 нафар омӯзгор ҷалб шудаанд, ки аз ин теъдод 1068 нафарашонро омӯзгорони воҳиди штатӣ, 121 нафари дигарро муаллимони беруна, ки ба тариқи ҳамкор ва соатбайъ ба ҳамкорӣ даъват шудаанд, ташкил мекунанд, ки миёни онҳо 16 нафар докторони илм, профессор, 70 нафар номзадони илм, дотсентон мебошанд.   
 Вусъати доираи мутахассистайёркунии донишгоҳро метавон ба тариқи мисол аз рӯйи афзудани теъдоди ихтисосҳо, кафедраҳо ва факултетҳо мушоҳида кард. Ба  таври  мисол, дар соли хониши 1957-58 Донишгоҳ  дар ҳайати 5 факултет (бо 29 кафедраи тахассусӣ, аз рӯйи 17 ихтисос): факултетҳои физикаю математика, илмҳои табиатшиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, таъриху филология ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ (таърихи КПСС,   иқтисоди сиёсӣ,   материализми диалектикию таърихӣ,     забонҳои хориҷӣ,   педагогика,    тайёрии ҳарбӣ,   тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш )  фаъолият намуд, соли хониши 1967-1968 бошад, фаъолияти Донишгоҳ дар ҳайати 10 факултет (бо 42 кафедраи тахассусӣ, аз рӯйи 21 ихтисос;факултетҳои механикаю математика, физика, химия, биология, геология, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, забон ва адабиёти рус, таърих, филология ва  12 кафедраи умумидонишгоҳӣ (таърихи КПСС, иқтисоди сиёсӣ,   материализми диалектикию таърихӣ, забонҳои немисӣ ва фаронсавӣ, забони англисӣ, педагогика ва психология, тайёрии ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ,  забони русӣ, атеизими илмӣ,   коммунизми илмӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш);  дар соли хониши 1977-1978 фаъолияти Донишгоҳ дар ҳайати 11 факултет (бо илова гардидани факултети забонҳои Шарқ, бо 58 кафедраи тахассусӣ, аз рӯйи 21 ихтисос) ва  14 кафедраи умумидонишгоҳӣ, соли хониши 1997-1998 дар таркиби Донишгоҳ – 12 факултет (бо  68 кафедраи тахассусӣ аз рӯйи 35 ихтисос)  ва 14 кафедраи умумидонишгоҳӣ, соли таҳсили 2008-2009 фаъолияти Донишгоҳ дар ҳайати 15 факултет (бо 87 кафедраи тахассусӣ, аз рӯйи 56 ихтисоси дараҷаи «мутахассис», 37 ихтиссоси дараҷаи «бакалавриат», 24 ихтисоси дараҷаи «магистратура») ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ  ва ниҳоят дар соли таҳсили 2013-2014 дар ҳайати 17 факултет (97 кафедраи тахассусӣ, аз рӯи 94 ихтисос аз ҷумла 71 ихтисоси дараҷаи «мутахассис», 12 ихтиссоси дараҷаи «бакалавриат» ва ҳамчунин 31 ихтисоси дараҷаи «магистратура») фаъолият мекунад.  
       Шакли таҳсил дар аввал ба тариқи таълими рӯзона муайян гардид, баъдтар вобаста ба талаботи хоҷагии халқи мамлакат таҳсили шабона ва ғоибона низ ба роҳ монда шуд. Аз ибтидо ҷараёни таълим дар таҳсили рӯзона дар ду баст  ва аз 1-уми сентябри соли 1953 бо ҷорӣ гардидани шакли таҳсили шабона баргузории машғулиятҳои дарсии донишгоҳӣ дар се баст сурат гирифт. Анъанаи дар ду баст таҳсил намудан то имрӯз низ дар донишгоҳ роиҷ аст. Вобаста ба эҳтиёҷи хоҷагии халқ ва фармоишҳои давлатӣ теъдоди донишҷӯён зиёд гардида, ихтисосҳои нав, ки талаботи бозори меҳнатро қонеъ мегардониданд, кушода мешуд. Афзудани шумораи донишҷӯёни Донишгоҳро ба таври интихобӣ дар  шакли зайл баён кардан мумкин аст: миқдори донишҷӯён дар соли хониши 1948-1949- 273 нафар; дар соли таҳсили 1958-1959- 1872 (аз ин: 871-ш/р + 401- ш/ш +600-ш/ғ)  нафар; дар соли хониши 1968-1969 -12000 (аз ин: 5289-ш/р + 2042- ш/ш +4669-ш/ғ)  нафар; дар соли таҳсили 1978-1979- 12216 (аз ин: 6591-ш/р + 2125- ш/ш +3500-ш/ғ)  нафар; дар соли хониши 1982-1983- 11977 (аз ин: 6284-ш/р + 2254- ш/ш +3439-ш/ғ)  нафар;  дар соли таҳсили 1997-1998- 12400 (аз ин: 7960-ш/р + 4440-ш/ғ), хониши 2007-2008- 17962  (аз ин: 12005-ш/р + 5957-ш/ғ) дар соли 2013-2014 бошад 20 020  (15 575 нафар дар шуъбаи рӯзона + 4231 нафар дар шуъбаи ғоибона ва 214 нафар дар бахши магистратура), ки аз ин 12964 (10031 рӯзона + 2933 ғоибона) дар гуруҳҳои шартномавӣ ва 7056 (5758 рӯзона+1298 ғоибона) нафарро ташкил намуд.   
Ҳаминро низ ёдовар бояд шуд, ки дар солҳои панҷоҳум ҷавонон дар баробари таҳсил боз дар истеҳсолот барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҷумҳурӣ ба кору фаъолият машғул буданд. Ин талаби замон боиси он гардид, ки  1-уми сентябри соли 1953  ба сифати сохтори таркибии таълимӣ-шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ  таъсис ёбад.  Ин шуъба дар замина ва ба таври пурра фарогирии донишҷӯёни филиали Сталинободии Институти Умумииттифоқии таҳсили ғоибонаи ҳуқуқшиносӣ бо миқдори 288 нафар, ки аз рӯйи ихтисоси 02110- ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекарданд, ташкил гардид ва баъдтар хеле рушду нумӯъ ёфт. Вобаста ба зиёд шудани теъдоди ихтисосҳо ва миқдори  донишҷӯён дар аввал воҳиди сохтории шуъбаи ғоибона бо сарварии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Р.С. Гимпелевич (09.1953-03.1956) таъсис дода шуд ва дар ин замина деканатҳои шуъбаи ғоибона ва шабона арзи вуҷуд кард, ки барои роҳбарии самараноки ин шакли таълим моҳи марти соли 1956 вазифаи проректор оид ба таҳсили  ғоибона ҷорӣ карда шуд. Ин бахши таҳсилро ба сифати проректор оид ба таҳсили ғоибона тайи солҳои 1956-1980 омӯзгорони шинохта:  Р.С.Гимпелевич (03.1956-08.1959), В.Г.Мелкумов (08.1959-09.1975), Ҷ.Р. Ҷалилов (09.1975- 12.1978), Ҷ.Ҷ.Бузуруков (12.1978-10.1980) ба уҳда доштанд. Пасон аз лиҳози сохторӣ шуъбаҳои ғоибона ва шабона ба тарзи мутамарказ ба ҳам муттаҳид карда шуда, барои таъмин ва назорати ҷараёни таълим дар ин бахш вазифаи проректор оид ба таҳсили шабона ва ғоибона ҷорӣ карда шуд, ки онро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент  А.О.Орифов (10.1980-04.1991) ба зимма дошт.
Соли 2004 вобаста ба зиёд шудани теъдоди ихтисосҳо ва шумораи донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона барои ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди таҳсили ғоибона дар таркиби Идораи таълимию методӣ шуъбаи таълими ғоибона таъсис ёфт, ки ба раванди фаъолияти он ба сифати мудири шуъба номзади илмҳои филология Ф.Н.Ҳайдаров (01.2004-02.2006) сарварӣ намуд. Аз соли 2006 фаъолияти шуъбаи мазкур қатъ гардида, ҷараёни ташкил, такмил ва назорати раванди таълими шакли таҳсили ғоибона дар якҷоягӣ бо садорати факултетҳо ба уҳдаи кормандони раёсати таълим супурда шуд. Тайи  солҳои охир  раванди таълимӣ шакли таҳсили ғоибона муназзам гардида, барои ҳар соли хониш ҷадвали даъвати донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона омода карда мешавад. Сатҳи давомот ва донишандӯзии донишҷӯёни ин шуъба сатҳан ва сифатан хуб гардида, аз рӯйи натиҷаи сессияи санҷишӣ –имтиҳонии нимсолаи тирамоҳии соли таҳсили 2013-2014 - 98,4%-ро ташкил намуд.
Дар солҳои аввали таъсиси шуъбаи ғоибона дар он ду факултет  ҳуқуқшиносӣ ва  факултети иқтисодӣ амал мекард. Соли 1958 шуъбаи ғоибонаи  факултети таъриху филологияи тоҷик кушода шуд. Дар соли хониши 1957-58 дар шуъбаи ғоибона 641 нафар донишҷӯ таҳсил менамуданд, ки аз ин миқдор 201 нафар тоҷик, 54 нафар ӯзбек, 236 нафар рус ва 150 нафар намояндагони дигар миллатҳо буданд.
Аз ибтидо то имрӯз муҳассилини шуъбаи ғоибонаи факултетҳои Донишгоҳ дар истеҳсолот фаъолона ба меҳнат машғул буданд, ба таври мисол (солҳои 1953-1962-66) нафар донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқ дар мақомоти Прокуратура, Вазорати адлия ва  55 нафарашон  дар мақомоти умури дохила ва бехатарии давлатӣ, 40 нафарашон, ҳамчун хизматчиёни ҳарбӣ, 11 нафари онҳо бошад, ба ҳайси хизматчиёни ҳизбӣ кор мекарданд. Донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи равияи иқтисодидошта бошанд, 5 нафарашон дар вазифаи сардори корхонаҳо, 241 нафарашон ба сифати  кормандони бонкҳо, 155 нафарашон ҳамчун иқтисодчӣ, муҳосиб, 22 нафари дигар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолият менамуданд.
            Таҳсил дар шуъбаи ғоибона дар як сол ба муҳлати 24 рӯз ду маротиба  ҷараён мегирифт. Дар раванди таълими шуъбаи ғоибона дар баробари пешравиҳои рӯзафзун дар ин солҳо баъзе норасоиҳо мавҷуд буд, ки ин, пеш аз ҳама, дар нарасидани  биною синфхонаҳои таълимӣ ва адабиёти илмию таълимӣ ба назар мерасид. Бо душвориҳои зиёд барномаҳо ва дастуру китобҳо аз Институти умумииттифоқии равияи иқтисодидошта дастрас мегардиданд. Солҳои 1959-1963 дар факултетҳои механикаю математика, геология,  биология ва филологияи рус шуъбаи ғоибона  ба кор шурӯъ намуд.
Дар соли хониши 1964-65 қабули донишҷӯ дар шуъбаи ғоибона назар ба солҳои пешин зиёд гардид. Агар дар соли хониши 1963-64 ба курси якум 577 нафар шомил гардида бошанд, дар соли 1964-65 он ба 768 нафар расид, ки 191 нафар зиёд буд. Дар шуъбаи ғоибона аз 14 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Теъдоди умумии таҳсилкунандагон дар ин шуъба 2715 нафар буданд, аз ин миқдор 1012 нафарашонро тоҷикон ташкил медод. Дар ин сол 351 нафар аз 9 ихтисос донишгоҳро хатм намуданд. Дар соли хониши 1970-71 ин шуъба дорои 6 факултет ва 12 ихтисос  гардид, ки  дар он 4471 нафар донишҷӯ таҳсил мекард.
Шакли таҳсили  шабона вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ва таҳсилоти олии касбӣ бе дарназардошти ҷудошавӣ аз истеҳсолот асосан барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ибтидоию миёна, кормандони муассисаҳои давлатию саноатии шаҳрӣ пешбинӣ шуда, ба тарзи омехта бо шуъбаи ғоибона аз соли 1953 шурӯъ гардид. Аз ин рӯ, шакли таҳсили шабона дар таркиби шуъбаи ғоибона амал намуда, соли таҳсили 1958 -1959 (1.09.1958) дар донишгоҳ - 401  нафар дар 5 курс (курси 1-88 нафар; курси 2- 22 нафар; курси 3-122 нафар; курси 4-121 нафар; курси 5- 48 нафар) таҳсил менамуданд. Аз 401 нафар донишҷӯ - 141 нафарро намояндагони миллатҳои маҳаллӣ, яъне тоҷику ӯзбек ва 165 нафарашонро русзабонҳо ташкил мекарданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки соли таҳсили 1958-1959 шуъбаи шабонаро 28 нафар ва шуъбаи ғоибонаро бошад, 41 нафар хатм намуда, ба дарёфти дипломи УДТ ба номи В.И. Ленин мушарраф шуданд. Шуъбаи шабона ба сифати сохтори мустақили таълимии донишгоҳӣ моҳи феврали соли 1962 аз таркиби шуъбаи ғоибона ҷудо шуда, барои идора кардани он вазифаи проректор оид ба таҳсили шабона таъсис дода шуд. Солҳои мавҷудияти ин шакли таҳсил олимону омӯзгорони шинохта: Б.А. Кияновский, Т.Н.Назаров, баъдтар ректори донишгоҳ Ф.Т.Тоҳиров ректори Донишгоҳ) А.О.Орифов  ба сифати проректор оид ба шуъбаи шабона ба ин навъи таълим сарварӣ намуда, барои такмилу пурсамар гардонидани сифати таълими шабона хидмати арзанда кардаанд. Баъдтар бо дарназардошти якҷоя гардонидани шаклҳои таҳсили шабона ва ғоибона идоракунии онҳо мутамарказонида шуд ва ба ин мақсад бо сарварии дотсент А.О.Орифов (10.1980-04.1991) вазифаи проректор оид ба таҳсили шабона ва ғоибона ташкил ва фаъолият намуд. Дар соли хониши 1969-70 шуъбаи шабона дар таркиби 9 факултет: иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, физика,     механикаю математика, биология, химия, геология, филология ва таърих амал мекард. Теъдоди факултетҳои ин шуъба дар соли хониши 1969-70 ба 9 расид.  Нуҳ факултети шуъбаи шабона  11 ихтисос  дошт, ки соли таҳсили  1969-70  марбут ба он  2437 нафар донишҷӯ таҳсил мекард. Худи ҳамин сол дар ҳайати факултети иқтисодиёт 2 ихтисоси нав баҳисобгирии хоҷагии халқ ва  баҳисобгирии бухгалтерӣ дар саноат ва иқтисоди савдо кушода гардид. Соли 1970 бошад, ба факултети шабонаи факултети иқтисодӣ шуъбаи иқтисоди меҳнат зам шуд. Хулоса, дар 9 факултети номбаршуда таҳсил аз рӯйи 13 ихтисос ба роҳ монда шуда буд. Солҳои 80-уми асри ХХ амалан давраи нашъунамо ва вусъати тоза пайдо кардани шакли таҳсили шабона аст, ба он маънӣ, ки корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, инчунин идораҳои молиётию ҳисобгирӣ  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба рушди ҷомеа ба хатмкунандагони таҳсилоти олии касбидори шакли шабона ниёз доштанд. Ва аз ин рӯ, ба тарзи таҳсили шабона шурӯъ аз соли хониши 1953-1954 то соли таҳсили 1994-1995 дар маҷмӯъ 68640 нафар донишҷӯ ба хониш фаро гирифта шуда буд. Вале аввали солҳои 90-уми асри ХХ вобаста ба дигаргуншавии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ дигар  эҳтиёҷ ба шакли таҳсили шабона намонд, аз ин рӯ, аз соли хониши 1994-1995 донишҷӯёни шакли таҳсили шабона ба таркиби шуъбаи ғоибона ҳамроҳ карда шуданд.
              Яке аз самтҳои шакли таҳсили шабона ин ҷорӣ намудани мактабҳои соҳавии ихтисосӣ дар таркиби донишгоҳ мебошад. Ба ин мақсад аз 23 марти соли 1966 Қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон доир ба таъсиси мактаби дусолаи шабона барои омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ дар назди донишгоҳ ба тасвиб расид. Мувофиқи қарори мазкур ҳар сол ин мактаб ба теъдоди 50 нафар шунавандагон-хизматчиёни муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқ (ба истиснои ашхоси маълумоти олии ҳуқуқидошта)-ро қабул менамуд. Мактаби ҳуқуқии шабона барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқукии хизматчиёни вазоратхонаҳо ва дигар муасссисаҳои хоҷагии халқ хизмат менамуд. Ҷараёни дарс дар ин мактаб дар ҳаҷми 8 соат дар як ҳафта гузаронида мешуд. Соли 1968- 32 нафар,  28 нафар (1969), 26 (1970), 26 (1971), 23 (1972)  ин мактабро хатм намуданд. Соли хониши 1972-73 мактаби шабона фаъолият накард. Феврали соли 1974 аз шунавандагони 2 курси соли хониши 1972-1973- 10 нафар, соли 1975 -11 нафар, соли 1976 -32 нафар ва соли 1977- 31 нафар ин мактабро  хатм карданд.
Дар тӯли фаъолияти донишгоҳ сохтори қисми таълим низ чандин маротиба тағйир ёфта, вобаста ба талаботи ҷомеа дар таркиби он зерсохторҳои  гуногун таъсис ёфтаанд. Бо мақсади ташкил ва таъмини ҷараёни таълим ва усули муназзами роҳбарӣ ба корҳои таълимӣ- методии донишгоҳӣ  идораи таълимӣ -методӣ (3.04.1991, дар ҳайати шуъбаҳои таълим, корҳои методӣ ва тайёрии таҷрибаҳо,  воситаҳои техникии таълим (ТСО),  ҳисобгирии донишҷӯён) таъсис дода шуд, ки он то 09.1993 фаъолият намуд. Баъдтар  моҳи ноябри 2001 (фармони ректор аз 29.11.01, № 296-09) ҳамчун сохтори таркибии қисми таълим-идораи таълимӣ-методӣ (дар ҳайати  шуъбаҳои таълим,  дуюм, таҷриба ва кор бо хатмкунандагон,  коргузории донишҷӯён, илмӣ-методӣ, ахбору омор ва ВТТ) муҷаддадан ташкил ва то 1.07.2008 (фармони ректор аз 26.06.08, №276а-09) фаъолият намуд. Барои танзими фаъолияти пурсамари раванди таълим воҳидҳои кории идораи таълимӣ-методӣ ба ҳайати шуъбаи таълим шомил карда шуд. Аз соли 2008 ба тағёир ёфтани сохтори донишгоҳ раёсати таълим дар ҳайати 4 шуъба (Шуъбаҳои таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ, тайёрӣ, шуъбаи тестӣ ва мониторинги сифати таълим) таъсис дода шуд. Роҳбарии идораи таълимӣ-методиро омӯзгорони варзида: Р.М. Мустафоқулов (04.1991-09.1993), Н.Н. Ҷумаев (12.2001-12.2005), М.З. Зайниддинов (12.2005-07.2008), Ҳ.Одинаев (2008-2010), Миралиев А. (2010-2012), Сафармамадов С. (2012-2013) ва Хоҷаев Т. (аз 2013) ба уҳда доштанд.
      Ҷиҳати бурдани корҳои таълимию тарбиявӣ байни донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳ, ки солҳои 80-уми асри  ХХ шумораашон хеле афзуд, дар таркиби  Донишгоҳ- сохтори таълимии деканати кор бо донишҷӯёни хориҷӣ  таъсис дода шуд, ки он баъдтар ба зерсохтори проректор оид ба  робитаҳои байналхалқӣ табдил ёфт. Деканати кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ҷиҳати фарогирии донишҷӯёни хориҷӣ ба ҷараёни таҳсил, интихоби касб, донишазбаркунӣ, андӯхтани таҷрибаи амалӣ ба таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ ва педагогӣ сафарбар кардани донишҷӯён, ҳамзамон ба роҳ мондани табодули донишҷӯёни донишгоҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии  хориҷӣ корҳои судовареро ба субут расонида буд. Ин бахши ниҳоят пурмасъулро солҳои мавҷудият, омӯзгорони шинохта М.Қаҳҳоров, З.Қурбонов, Ш.Исмоилов, Н.Н.Ҷумаев  сарварӣ кардаанд. Ниҳоят соли 2008 баъди таъсиси сохтори нави донишгоҳ шуъбаи кор бо донишҷӯёни шартномавӣ аз ҳайати қисми таълим бароварда шуда, ҳамчун сохтори нави раёсати донишгоҳ ба фаъолият оғоз намуд.    
Вусъати корҳои таълимию тарбиявӣ дар донишгоҳ, афзун гардидани ихтисосҳо ва васеъ шудани доираи фаъолияти факултетҳои донишгоҳро то ҷое метавон фаъолияти самарабахши он ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ шинохт. Зеро дар доираи факултетҳо таъсис ёфтани чандин шуъбаҳои дигар ва ихтисосҳои нави замонавӣ имкон медиҳанд, ки дар заминаи фаъолияти худ донишгоҳ барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ мутахассисони муқтадир ва соҳибкасбро тарбият намояд. Воқеан, ин рисолат аз ибтидо то имрӯз дар симои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле хуб ба назар мерасад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳайати омӯзгорони донишгоҳ ин ҷустуҷӯи мунтазами усулҳои наву натиҷаовари таълим, истифодаи технологияи пешқадам дар ҷараёни машғулиятҳои дарсӣ, алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ дар амалия, коркарди воситаҳои нави технологии ҷараёни таълим, мутобиқ намудани раванди таълим ба навидҳои ҷомеа мебошад.
 Қисми таълим ва зерсохторҳои он аз лаҳзаи аввали фаъолият то имрӯз амалан барои ҷустуҷӯ, такмил ва татбиқи усулҳои ҷадиди таълим ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди таълим фаъолият доранд. Қисми таълим фаъолияти  омӯзгоронро ҷиҳати таҳия ва таълифи барномаҳои таълимӣ, дастури таълимӣ, дастуруҳои методӣ, китобҳои дарсӣ вобаста ба талаботи Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ ба маҷрои муайян ворид месозад. Бо мақсади мутамарказ гардонидани корҳои илмию методӣ, коркардҳо, ҷиҳати ҷустуҷӯи усулҳои нави таълимӣ, назорати сифати таълим, муҳимтар аз ҳама барои ба маркази бузурги илмию методӣ табдил додани Донишгоҳ аз лаҳзаи таъсис баробари Шӯрои олимон дар назди қисми таълим -Шӯрои методӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар аввал, дотсент М.И. Сойфер роҳбарии ин Шӯроро ба уҳда дошт ва аз 12.12.1953 забоншиноси маъруф, дотсент  Д.Тоҷиев (баъдтар профессор, барандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Ибни Сино) раиси Шӯрои методӣ таъин шуд.  Барои  муназзамии корҳои илмӣ- методӣ дар таркиби Шӯро сексияҳои илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва табиатшиносӣ амал мекард. Шӯрои методӣ ба сифати маҳфили бузурги назарии илмию педагогӣ ба ҳайати худ омӯзгорону донишмандони навҷӯю навпардоз ва соҳибтаҷрибаро гирд оварда, ҷараёни таълим ва сифату самаранокии онро бо таъминоти методии раванди машғулиятҳои дарсӣ ҳамвора мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор медод. Барномаҳои таълимӣ,  дастурҳои таълимӣ -методӣ ва китобҳои дарсӣ баъд аз баррасӣ бо тавсияи ин Шӯро интишор мешуд. Дар пешбурди кори пурмаҳсули ин Шӯро саҳми донишмандон: Д.Т.Тоҷиев, А.Шукуров, С.М.Юсуфова, С.Ш.Табаров, Б.Н.Нарзуллов, В.М.Асрорӣ, С.Қодиров, В.П.Демидчик, М.Б.Бобохонов, Т.Б.Бобоев, Н.Н.Ҷумаев, М.Исоматов, А.Ҳасанов, Ҷ.Сафаров, С.Наврӯзов,  М.А.Маҳмудов, Ш.М.Менглиев, Ш.Кабиров, Г.Н.Зокиров ва дигар омӯзгорони Донишгоҳ хеле назаррас аст.
Вобаста ба дигаргуниҳои ҷомеа, ки аз касби Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бармеояд, талабот ба кори Шӯрои илмию методӣ низ тағйир ёфт. Ин маҳфили илмию методӣ эътибори беандоза калон пайдо карда, ҷиҳати коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии низоми таълим, такмили сохтори таълим, татбиқи низоми нави таълим ва таҳияю тавсияи китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимӣ, корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, имрӯз низ рисолати хешро давом дода истодааст. Аз моҳи декабри соли 2001 инҷониб ин маҳфил номи Шӯрои илмӣ-методиро гирифта, дар ҳайати худ омӯзгорони варзидаи факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳиро муттаҳид менамояд. Ба кори Шӯрои илмию методӣ дар марҳилаҳои гуногуни фаъолияти он омӯзгорони соҳибтаҷриба: Б.А. Кияновский, В.Г. Бобилёв, В.И.Приписнов, Ф.П.Репа, В.Я.Стетсенко, В.И.Чикатунов, Б.К.Камолиддинов, Ҳ.М. Сафаров, Ш.Т.Тағойназаров, С.Ҷ. Комилов, Ҷ.Х. Сафаров, Ҳ.Р.Раҷабов, М.М.Исоматов, Р.М.Мирбобоев ба ҳайси раис роҳбарӣ намудаанд. Ҳоло бошад, раисии Шӯрои илмию методиро профессор А.М.Миралиев ва котибии онро С.С. Қосимов   ба уҳда доранд.
       Дарвоқеъ, барои ҷараёни муътадили раванди таълим, фароҳам овардани ҷанбаъҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани сифату самаранокии таълим нақши Шӯрои илмию методӣ хеле назаррас буда, алҳол дар дохили он Комиссияи доим амалкунанда, оид ба пешниҳод намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва барномаю васоити таълимӣ ба нашр-раис, профессор М.Муродов фаъолият дорад. Дар  навбати худ Шӯрои илмию методии Донишгоҳ барои сифатан хуб кардани ҷараёни таълим корҳои мушаххасу натиҷаоварро анҷом медиҳад. Дар ҷаласаҳои Шӯрои илмию методӣ маҷмӯи масъалаҳое, ки ба сифату самаранокии раванди таълим марбутанд, (аз қабили сифати дарсҳои лексионӣ, амалӣ, лабораторӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён, истифодаи таҷрибаи пешқадам  дар ҷараёни таълим, назарпурсиҳои байни донишҷӯён оид ба дарсҳои омӯзгорони алоҳида, корҳои илмию методии омӯзгорон дар бахши таҳияю таълифи барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ, натиҷагириҳо аз иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар, давомоти донишҷӯён, ҳуҷҷатгузории раванди таълим, сатҳи санҷишу имтиҳонсупории донишҷӯён) мавриди муҳокимаю хулосабарорӣ қарор мегиранд.
           Дар доираи кори Шӯрои илмию методӣ бо ибтикори раёсати таълим, садорат ва кафедраҳои тахассусии факултетҳо дар фосилаи солҳои 2011-2013 ду маротиба лоиҳаи Талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи  Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои роиҷи ДМТ ва нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзонаи дараҷаи  «мутахассис», «бакалавриат» ва «магистратура» таҳия ва маъқул дониста шуд, ки ҳамаи он аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ба мавқеи иҷро вогузор карда шуданд.
 Имрӯз ҷараёни таълим дар Донишгоҳ вобаста ба талаботи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти касбии ҶТ», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ», «Консепсияи миллии маълумоти ҶТ», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005-2010», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ барои солҳои 2008-2015», «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар ҶТ барои солҳои 2004-2014», санадҳои меъёрии ҳуқуқии  ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ,  бо усули бисёрзинагии таълим бо фарогирии дараҷаҳои академии «бакалавриат», «магистратура» ва «мутахассис»  ба роҳ монда шудааст. Ба таври анъанавӣ то соли хониши 1995-1996 дар донишгоҳ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳсил бо фарогирии дараҷаи академии «мутахассис»  бо истифодаи  нақшаю барномаҳои таълимии намунавии  5 сола (барои шакли таҳсили рӯзона), 6 сола (барои шакли таҳсили шабона ва ғоибона) ба роҳ монда шуда буд. Бо дарназардошти гузариш ба низоми бисёрзинагии таълим аз соли таҳсили 1995-1996 ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ, табиатшиносӣ ва иқтисодӣ ба низоми таҳсили «бакалавриат» гузаштанд, ки бо дараҷаи академии бакалавр аз соли таҳсили 2000-2001 сар карда, Донишгоҳро хатм карданд. Хатмкардагони дараҷаи академии «бакалавриат» дар шакли таҳсили рӯзона дар фосилаи солҳои 2003-2007 -132 нафар (2003-51н.; 2004-62н.; 2005-13 н.; 2006-5н.; 2007-1н)-ро ташкил намуданд. Соли таҳсили 2000-2001 аз миёни хатмкунандагони  аввалини дараҷаи «бакалавриат» барои таҳсил дар магистратура  донишҷӯён қабул карда шуданд.
Шурӯъ аз соли таҳсили 2001-2002 ихтисосҳои роиҷи донишгоҳиро ба тартиби зайл донишҷӯён бо дарёфти дараҷаи академии магистр хатм намуданд, ки шумораи умумии онҳо дар маҷмӯъ: 421 нафарро дарбар мегирад. Миқдори хатмкардагон нисбат ба соли хатм ба таври зайл аст:  соли хониши 2001-2002- 151 нафар (аз ин 1 нафар шаҳрванди ҶИЭ); соли таҳсили 2002-2003 -202 нафар (аз ин 24 бо дипломи аълочӣ);  соли хониши 2003-2004- 28 нафар; соли таҳсили 2004-2005- 7 нафар; соли хониши 2005-2006 – 28 нафар; соли таҳсили 2006-2007 -5 нафар (аз ин 1 нафар шаҳрванди ҶИЭ, 1 нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ), соли 2008-2009 – 19 нафар, соли  2009-2010-33 нафар, соли 2010-2011 – 35 нафар, соли 2011-212 - 52 нафар ва соли 2012-2013 – 66 нафар. Вобаста ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии таҳсилоти олии касбӣ (дар доираи Баёнияи Болония) имрӯз дар донишгоҳ низ низоми бисёрзинагии таҳсилот, аз ҷумла, низоми таҳсилоти кредитӣ бо фарогирии нақшаю барномаҳои таълимии дараҷаҳои «бакалавриат» ва «магистратура» ба таври пурра татбиқ мешаванд.
Солҳои охир ба зиннаи таҳсилоти магистратура муроҷиати хатмкунандагон зиёд гардид. Рӯ ба афзоиш овардани қабул ба магистратура дар ихтисосҳои мухталиф ва гуруҳҳои шартномавии  донишгоҳ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки талабот ба ин зинаи таълимӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Дар соли таҳсили 2012-2013 дар донишгоҳ теъдоди магистрон ба 185 нафар расид, ки аз ин теъдод 163 нафарашон шаҳрвандони ватанӣ ва 22 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Танҳо дар соли таҳсили 2013-2014 ба ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ 131 нафар магистрон ба курси 1-ум қабул карда шуданд. Аз ин соли таҳсил вобаста ба дархости раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мактуби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2012 иҷозати қабули магистрон дар гуруҳҳои буҷавӣ дода шуд.
Кормандони раёсати таълим бо сарварии дотсент Т.Хоҷаев, муовини сардори раёсати таълим С.Қосимов, мутахассисон Г.Имомоёрбекова, Д.Ризоева, Л.Расулова, О.Ҷӯраева, М.Давлатов, Д.Эгамов, Ҷ.Абдуллоев низ барои татбиқи низоми бисёрзинагии таҳсилот, аз ҷумла, дар татбиқи Низомномаҳои раванди таълим, низомномаҳои бакалавриат, магистратура ва мутахассис, нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ, азназаргузаронӣ ва муоинаи ҳуҷҷатҳои ҳаракати донишҷӯён, назорати давомот ва донишазбаркунии донишҷӯён, таҳия ва ба тасдиқ пешниҳод намудани ҷадвали воҳиди штатҳо ва сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорон, таҳияи ҳуҷҷатҳои хатмкардагон  ва ҷамъи масъалаҳое, ки ба раванди таълим марбутанд, муваззаф мебошанд.  
Вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба мутахассисони таҳсилоти олидор дар Донишгоҳи миллӣ татбиқи низоми омехтаи таълим бо дарёфти дараҷаҳои академии «бакалавриат», «магистр» ва «мутахассис» мамлӣ гардид. Аз ин рӯ, истифодаи усулҳои гуногун ва муҳимтар аз ҳама натиҷаовари таълим, аз ҷумла, усулҳои интерактивӣ, тафаккури интиқодӣ, дарс-лексия, дарс-муколама, мунозараи парламентӣ, дарс-суҳбат, дарс-мулоқот, дарси анъанавии лексионӣ дар замони муосир барои баландбардории сифати таълим ба мақсад мувофиқ аст. Донишҷӯёну коромӯзон ва аспирантон дар раванди таълим аз дарсҳои лексионии омӯзгорони маъруф, ки ҳар яке дорои мактаби бузурги илмӣ-педагогӣ мебошанд, имрӯз истифода мекунанд. Имрӯз барои пеш бурдани корҳои таълимию методӣ, аз ҷумла, барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалӣ ба таври умум (аз рӯйи ҳисоби 1148 нафар) омӯзгор: 1068 нафар- омӯзгорони штатӣ (аз ин 4 н.-академик, 9 н.-узви вобастаи ҶТ, 130н. - доктори илм, 452 н. –номзадҳои илм), 60 омӯзгори ҳамкори ғайриштатӣ, 61 нафар-устоди соатбайъи ғайриштатӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Барои ҷалби ҳарчи бештари ҳайати омӯзгорони дараҷаи илмидошта ба корҳои илмию педагогӣ таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Президенти мамлакат дар хусуси 40 % зиёд намудани музди меҳнати ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тољикистон (аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ) дар моҳи сентябри соли 2012, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳӣ тадриҷан (8 %) зиёд намудани музди меҳнати ҳайати омӯзгорону кормандон нақши муҳим бозид. Натиҷаи заҳмату талошҳо ва навовариҳои илмию методии ин омӯзгорон ба сатҳи донишазбаркунии  донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ таъсири мусбат расонида, сифати таълимро тадриҷан беҳтар ва пурмазмун мегардонад. Сатҳи қиёсии донишандӯзии донишҷӯён дар давраи фаъоли сессияҳои санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2013-2014 70,4%- ро ташкил намуд, ки ин 4,6% афзудани дараҷаи донишандӯзии донишҷӯёнро танҳо дар ду соли охири таҳсил ифода мекунад. Барои муназзам гузаронидани ҷараёни сессияҳои санҷишӣ- имтиҳонӣ ва тартиби даъвати донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ва қоидаҳои умумии баргузории даври санҷишӣ-имтиҳонии сессияҳои ҷорӣ дар шуъбаи рӯзона ҳуҷҷати меъёрии умумиҳатмии донишгоҳӣ: «Низомномаи тартиби гузаронидани сессияҳои санҷишӣ-имтиҳонӣ дар ДМТ»  таҳия, тасдиқ ва ба мавқеи иҷро вогузор карда шуд.
Барои ба таври васеъ ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои таълимӣ ва илмию эҷодӣ навъҳои гуногуни ҳавасмандкунии онҳо мавҷуд аст. Донишҷӯён ба ғайр аз стипендияҳои муқарраршудаи давлатӣ, инчунин стипендияҳои номии аҳамияти ҷумҳуриявӣ (стипендияи Президенти ҶТ, стипендияҳои ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Нурулло Ҳувайдуллоев) ва донишгоҳӣ (стипендияҳои Шӯрои олимон ба номи Исмоили Сомонӣ, З.Ш.Раҷабов, С.А.Раҷабов, И.Қ.Нарзиқулов, А.П. Марковский, С.М. Эргашев, Б.Н.Нарзуллоев, Ҳ.М.Сафаров, М.Н.Назаршоев ва  И.Д. Давлатов) дошта мегиранд.
Илова бар ин роҳҳои гуногуни ҳавасмандгардонии моддию маънавии донишҷӯён аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллӣ истифода карда мешавад, ки ҳамаи ин таваҷҷӯҳи бештари донишҷӯёнро ба кори таълиму тадрис ва пажӯҳишҳои илмӣ афзун мекунад.
Дар воқеъ, қисми таълим ва ҳайати омӯзгорон барои дониши бештар гирифтани донишҷӯён ба хондани курсҳои тахассусӣ, дарсҳои семинарию озмоишӣ, иҷрои корҳои хаттӣ ва мустақилона аҳамияти хоса зоҳир мекунанд. Корҳои курсӣ, рисолаҳои дипломӣ ва магистрӣ бо роҳбарии мутахассисони ботаҷриба навишта мешаванд. Мутобиқи талаботи нақшаҳои таълимӣ барои дарёфти дараҷаи «мутахассис» қисми зиёди хатмкунандагони шакли таҳсили рӯзона рисолаи дипломӣ навишта, дар ҳузури Комиссияи аттестатсионии давлатӣ дифоъ мекунанд. Сол аз сол сифати рисолаҳои дипломӣ ва магистрии хатмкунандагон беҳтар мегардад. Аз рӯи натиҷаи дифои рисолаи дипломӣ ва супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба таври анъана Комиссияи аттестатсонии давлатӣ оид ба хатми донишҷӯён бо дарёфти касби тахассусӣ қарор намуда, онҳоро ба сифати мутахассисони таҳсилоти олидор эътироф мекунад. Аз хатми соли хониши 1952-1953 (хатми аввалин) бо фарогирии хатми  соли таҳсили 2011-2012 ихтисосҳои донишгоҳиро дар се шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона) 105 033 нафар донишҷӯён ин муассисаи таълимиро хатм намуда, соҳиби дипломи таҳсилоти олии касбӣ гардида, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва ҷумҳуриҳои собиқи иттифоқӣ ба кор рафтаанд. Аз  3287 нафар хатмкардагони соли хониши 2011-2012-376 (11,4%) нафарашон аттестатсияи давлатӣ, рисолаҳои дипломӣ ва магистриро танҳо бо баҳои «аъло» супориданд, ки аз миёни онҳо 219 (6,6%) нафарашон ба гирифтани дипломи аълочӣ мушарраф гардиданд.
Имрӯз шаклҳои гуногуни ҷалби навҷавонон ба таҳсил ва аз байни онҳо омода намудани мутахассисони таҳсилоти олии касбидоштаи риштаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ амал мекунад, ки яке аз чунин шакли ба таҳсил фарогирӣ қабули духтарон ва писарони лаёқатманди деҳоти дурдасти ҶТ мувофиқи квотаи Президенти ҶТ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ мебошад. Қабули духтарон тибқи квотаи Президенти ҶТ ба ихтисосҳои марбути Донишгоҳ аз соли 1997 шурӯъ шуда, то ҳол амал мекунад. Тарзи қабул ва таҳсили духтарон ва писарони тибқи квотаи Президенти ҶТ ба таҳсил фаро гирифташударо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2006, №137) «Дар бораи қоидаҳои қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президенти ҶТ (беимтиҳон)» ва «Дастурамали қабули духтарон ва писарон ба мактабҳои олӣ (беимтиҳон)» тибқи квотаи Президенти ҶТ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.06, №58) танзим менамояд. Ҷиҳати иҷрои ин санадҳо ва назорати ҷараёни таълим дар байни донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти ҶТ дар факултетҳои Донишгоҳ таҳсил мекунанд раёсати таълим муввазаф гардидааст.  Корҳои таълимию тарбиявӣ ва ҷамъиятӣ байни донишҷӯёни тибқи квотаи  Президенти ҶТ таҳсилдошта муназзам ҷараён дорад. Алҳол дар Донишгоҳи миллӣ 358 нафар духтарон ва 169 нафар писарон (ҷамъ: 527 нафар) тибқи квотаи Президенти ҶТ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 358 нафар духтарон,- 346 нафарашон дар шуъбаи рӯзона таҳсил намуда, 224 нафарашон стипендия мегиранд, инчунин 158 нафарашон дар хобгоҳ зидагонӣ мекунанд, боқимонда 12 нафар бошад, дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд.
                 Дастовардҳои илмию методии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро ба таври зайл дар бахши таҳияю таълиф ва нашри барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ -методӣ ва китобҳои дарсӣ  метавон мушоҳида кард. Омӯзгорони донишгоҳ на танҳо муаллифони китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, балки муаллифони китобҳои дарсии макотиби њмагонї низ мебошанд. Устодони маъруф, Воҳид Асрорӣ, Мансур Бобохонов, Ҳилол Карим, Фиёдор Репа, Додоҷон Тоҷиев, Шарифҷон Ҳусейнзода  муаллифони китобҳои дарсии мактабӣ буданд, ки аз онҳо хонандагон солҳои зиёде сабақ гирифтанд. Ин анъанаи наҷиб имрӯз низ тавассути меҳнати суботкоронаи омӯзгорон: С.Анварӣ, Х.Асозода, А.Кӯчаров, А.Байзоев, Ш.Бобомуродов, М.Зайниддинов, Б.Ф.Зикриёев, Г.Зокиров, Ф.Исаева, Б.Камолиддинов, Ш.Кабиров, Р.Комилов, С.Қодирӣ Р.А.Набиева, М.Нағзибекова, М.Солеҳов, У.Сулаймонӣ, У.Тоиров, М.Устоев, Н.Ҳакимов, Д.Хоҷаев, Х.Шарифов, А. Шарифзода, Р.Шарифов густариш дорад. Яке аз самтҳои пурмаҳсули фаъолияти илмию методии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ин татбиқи (қарори Хукумати ҶТ аз 02.12.2003, №508) «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои солҳои 2004-2014» мебошад. Дар ин ҷода чораҷӯйиҳои амалӣ анҷом пазируфта, як силсила барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, луғатҳои дузабона, муҳовараҳо ба забонҳои англисӣ-тоҷикӣ ва русӣ таҳияю таълиф ва нашр шудаанд, ки теъдоди онҳо зиёда аз 60 номгӯйро ташкил медиҳад ва ҳамаи ин аз заҳмати вижаи омӯзгорони кафедраҳои забонии донишгоҳ шаҳодат медиҳад.   
Ҳамчун шароити ҷадид, дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ, ки худ муассисаи пешбари классикии таълимӣ маҳсуб мешавад,  вобаста ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи мамлакат ва бозори меҳнат  зиёда аз 60 ихтисоси нав: радиофизика ва электроника (1991), фалсафа (1992), журналист –тарҷумон (1992), иқтисодиёти ҷаҳон (1992), менеҷмент (1993), муносибатҳои байналхалқӣ (ҳукуқ-1993), психология (1994), амалиёти маркшедерӣ (1994),  метеорология (1995), иқтисодиёт ва идоракунӣ дар саноати кӯҳӣ ва иктишофи геологӣ (1995),  экология (1996), таъриху бойгоншиносӣ (1996), муносибатҳои байналхалқӣ (дипломат- 1996), фаъолияти бонкӣ (1996), усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт (1996), информатика (1998), химияи татбиқӣ (1998), геологияи нафту газ (1998), лингвистика (ҳуҷҷатнигорӣ-1998),  ҳуқуқшинос-омӯзгор (1998), сиёсатшиносӣ (1998), астрономия (1999), журналистикаи байналхалқӣ (2000), сотсиология (2001), технологияи химиявии захираҳои энергетикии табиӣ ва маводи карбонӣ (2001), иқтисодиёти туризми байналхалқӣ (2002), химия ва технологияи металҳои ранга (2002), таъриху кишваршиносӣ (2003), мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо (2003), лингвистика ва муоширати байнифарҳангӣ (2003) таъсис дода шуд.  Барои густурдатар кардани фаъолияти таълимию методӣ, илмию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ вобаста ба кушода шудани ихтисосҳо ва тахассусҳои нави таълимӣ нахуст, факултетҳои нав: журналистика (1992), фалсафа (2001), молиявию иқтисодӣ (2002), забон ва адабиёти рус (2007), коркарди ккф (корҳои маркшейдерӣ) (2008), менеҷмент (2008),  маркетинг (2008), идораи мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ (2008), кори иҷтимоӣ (2008), дорусозӣ (2009), забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ (2009), идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (2010), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (2010), назарияи ва амалияи тарҷума» (забони русӣ) (2010), кори адабӣ дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо (2010), иттилоот ва робита (технологияҳои робита) (2010), электроникаи тиббӣ (2011), амнияти компютерӣ (2011), забонҳои муосири хориҷӣ (забони хитоӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ-тарҷумон)(2011), ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора (2011), кори тиббӣ- ташхисӣ (2011), кори табобатӣ (2012), таърих (бостоншиносӣ) (2011), суғурта (2011), идораи инвеститсияҳои хориҷӣ (2011) ва соли 2012 ихтисосҳои тарҷумаи бадеӣ, андоз ва андозбандӣ, менеҷменти инноватсионӣ, менеҷменти сиёсӣ, танзими ҳуқуқи молия ва қарз, метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, биология (биотехнология), геология ва иктишофи ККФ (геофизик) таъсис ёфтанд. Инчунин дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ кафедраҳои тахассусии фарҳангшиносӣ, фалсафа, равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, сотсиология, муносибатҳои байналхалқӣ, таъриху архившиносӣ, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, фаъолияти бонкӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ, таърихи забон ва типология, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, журналистикаи байналхалқӣ, телевизион ва радиошунавонӣ,  услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, забонҳои хориҷӣ (факултети ҳуқуқ), забонҳои хориҷӣ (факултети журналистика),  адабиёти рус, забони муосири русӣ ва забоншиносии муқоисавӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус, менеҷменти молиявӣ, информатика, технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ, мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо, забонҳои хориҷӣ (факултети забонҳои Осиё ва Аврупо), кори иҷтимоӣ, идоракунии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, тиббӣ, иқтисод ва идораи туризм,  забонҳои хориҷӣ (факултети муносибатҳои байналхалқӣ) ба фаъолият шурӯъ 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org