• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Имрӯз(24.04.2024) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба рӯзи забони фаронсавӣ, ба истилоҳ ҳафтаи «Франкофонӣ» дар ДМТ чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Қурбонов Қ. оғоз ёфт. Дар чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,...
Таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба самти илм ва таҳқиқоти илмӣ зиёд аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Мафҳуми илму дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани...
Санаи 23 апрели соли 2024 як қатор меҳмони хориҷӣ аз Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал - Дубровский Валерий Жоресович бо рафти фаъолияти Парки технологӣ дар Пойгоҳи дорусозӣ шинос шуда, аз дастовардҳои он дидан намуданд. Директори Парки технологӣ ба меҳмони олиқадр маълумот доданд,...
Рузҳои 17 то 21- уми апрели соли равон дар Вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон якумин Чемпионати кушоди байналмилалии "АNDIJAN OPEN " оид ба “Таэквондо” баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Фозилов Асланбек - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббии ДМТ дар вазни 74 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид ва беҳтарин варзишгари мусобиқа дониста шуда, бо...
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳ таҳти унвони «Ҳафтаи илм» бахшида ба «30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» идома дорад. Ректори Донишгоҳ,...
Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад. Эмомалӣ РАҲМОН Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана дар моҳи апрел бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм»...
Имрӯз (20.04.2024) бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад ва имсол ба 20-уми апрел рост омад, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ –фарҳангӣ доир гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ,...
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 15-уми апрел бахшида ба мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ чорабиниҳои гуногунсатҳ дар сохторҳои илмию таълимӣ баргузор мешавад. Имрӯз (20.04.2024) бахшида ба 146 солагии устод Айнӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ҳамоишҳои илмию назариявӣ дар мавзуи «Садриддин Айнӣ - мубаллиғи фарҳанг ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоишнамояндагони Вазорати...
Дар доираи баргузории «Дарҳои кушод» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгорону хамтмкунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин хатмкунандагони литсейи ДМТ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти корномаи фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки воқеъ дар Донишгоҳи милии Тоҷикстон ҷойгир аст,...
Ҳамасола чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишасте бо довталабон, яъне хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо баргузор мегардад. Имрӯз дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ишти­роки ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С., қисме аз садоратифакултетҳо ва муовинони онҳо чорабинии «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ин нишаст омӯзгорону хамт­кунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт...

Эълонҳо