Бо фармони таҳти №_______ аз 
«___» _____________ 2009 тасдиқ шудааст 
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
___________________ Н.Саидов

Низомномаи

Маркази омӯзиши забонҳои
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари мо бо мамлакатҳои дунё бештар гардид. Забони адабии тоҷикӣ чун нишонаи миллат ба сифати забони давлатӣ мақом пайдо кард. Бинобар ин, дар муносибати дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ забони адабии тоҷикӣ чун забони давлатӣ нақши асосӣ мебозад. Таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо рӯз аз рӯз зиёд мегардад. То ин дам шаҳрвандони зиёде аз мамлакатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Малайзия, Сингапур, Япония), Аврупо (Олмон, Англия, Чехия, Словакия, Нидерландия), инчунин Амрико ба Донишгоҳ омада, тавассути Маркази омӯзиши забонҳо забони тоҷикӣ омӯхтанд. Дар баробари омӯхтани забони тоҷикӣ онҳо бо таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои мардуми мо ошно мегарданд ва дар мамлакатҳои худ инро тарғибу ташвиқ менамоянд, ки ин барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани Тоҷикистони маҳбуби мо нақши муҳимме мебозад. Барои таълими забони тоҷикӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ омӯзгорони забон- шинос ва мардумшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ҷалб карда мешаванд.
Муассиси Маркази омӯзиши забонҳои (минбаъд МОЗ) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин марказ асосан барои шаҳрвандони хориҷие таъсис дода мешавад, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил ва ё кор меоянд, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки забони давлатӣ (забони тоҷикӣ)-ро омӯхтан мехоҳанд, чун курси тайёрӣ барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо, аз ҷумла, забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ дар асоси қарордоди тарафайн амал менамояд. МОЗ метавонад, ки дар асоси шартномаи тарафайн бо корхонаҳои гуногун барои ба забони давлатӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак намояд. Ҳамчунин МОЗ имконият дорад, ки маводи гуногунро, ки ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ чоп шудаанд, таҳрир ва ба забонҳои зикршуда тарҷума намояд. Дар баробари ин МОЗ имконият дорад, ки ба унвонҷӯён ва аспирантону докторантони хориҷӣ хатти сирилик (кирилӣ) омӯзонад.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
1.МОЗ сохтори таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
2.МОЗ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (2009), «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз ҷумла, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба роҳ мемонад.
3. МОЗ бо сафорату созмонҳои байналхалқие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, бо ризоияти раёсати Донишгоҳ дар соҳаи забономӯзӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳадаф, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти МОЗ

4.Ҳадафи асосии МОЗ мусоидат намудан барои забономӯзии шаҳрвандони хориҷие, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд, мебошад. Ҳамчунин ба хоҳишмандон забони давлатӣ (тоҷикӣ), забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ таълим дода мешавад. Инчунин дар МОЗ такмили забони тоҷикӣ барои мутахассисони коргузор ва масъулони давлатию идорӣ, таҳрир ва тарҷумаи маводи чопӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ба роҳ монда мешавад. Гурӯҳҳои омӯзиши хатти арабиасоси тоҷикӣ ва хатти сирилик низ барои хоҳишмандон омода мегардад. 
5. Дар МОЗ забономӯзӣ, такмили забон, омӯзиши хатти арабиасос, хатти сирилик ва таҳриру тарҷумаи маводи чопӣ ба тариқи шартнома сурат мегирад; шакли маблағгузорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ бо асъори хориҷӣ ва барои шаҳрвандони дохили кишвар бо асъори миллӣ сурат мегирад.
6. Дар МОЗ омӯзгороне метавонанд фаъолият кунанд, ки на камтар аз як забони хориҷиро медонанд ва дониши мукаммали назариявию амалии таълими забонҳо, усулҳои тарҷума ва мардумшиносиро доро бошанд.
7. Вазифаҳои асосии МОЗ:

муҳайё намудани макон ва васоити таълим барои забономӯзон;

ба раванди забономӯзӣ ҷалб намудани мутахассисони варзидаи соҳаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ;

омода намудани шартномаву қарордоди забономӯзӣ барои хориҷиёне, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил ва кор меоянд;

омода намудани барномаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат барои омӯзиши забонҳо;

таҳия ва нашри барнома, дастури таълимӣ ва китоби дарсӣ;

мусоидат намудан ба забономӯзии кормандони давлатие, ки бо забони коргузории давлатӣ машғуланд;

муҳайё ва омодаи нашр намудани лоиҳаҳои санадҳои давлатӣ ба забони коргузории тоҷикӣ;

ба нашр омода намудани намунаи ҳуҷҷатҳои корӣ ба забони давлатӣ;

ба нашр омода намудани луғатҳои мухтасари дузабона ва сезабона;

додани намунаи ҳуҷҷати фарогири забономӯзӣ, яъне серкификат (варақаи касби тахассус) ба азбаркардагони курси омӯзииш забонҳо, хат ва имлои матни классикӣ ва такмили забон;

 

тарҷумаи китобҳои дарсӣ, адабиёти илмӣ, дастури таълимӣ-методӣ, матни лоиҳаи қарордодҳо, ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва коргузорӣ.

Самти фаъолият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои МОЗ

8.МОЗ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳ дорои мӯҳр буда, фаъолияти худро дар заминаи талаботи Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ мемонад.
9. Самтҳои асосии фаъолияти МОЗ ва мақоми онро Шӯрои олимон ва раёсати Донишгоҳ муайян менамояд.
10. Ҳуқуқҳои МОЗ инҳоянд:

таҳия ва барои тасдиқ ба Шӯрои методии Донишгоҳ пешниҳод намудани нақшаҳои корӣ ва барномаи таълимии кӯтоҳмуддат (то 3 моҳ) ва дарозмуддат (аз 1 сол то 3 сол);

таҳия ва бо тавсияи Шӯрои методии Донишгоҳ ба интишор расонидани адабиёти марбут ба соҳаи забономӯзӣ, мардумшиносӣ ва тарҷума;

муайян намудани самти фаъолият ва таъсиси курсҳои нав барои забономӯзӣ;

бо ризоияти раёсати Донишгоҳ таҳияи лоиҳаи матни қарордоду шартномаҳо бо шаҳрвандони хориҷӣ ва дохилии мамлакат, инчунин бо муассисаҳои давлатӣ доир ба ҳуҷҷатгузорӣ, забономӯзӣ ва тарҷума;

бо ризоияти раёсати Донишгоҳ ва тибқи қарори Шӯрои олимон муқаррар намудани миқдори маблағ ва меъёри тақсими он;

додани намунаи тасдиқшудаи сертификат ва ё ҳуҷҷат (бо имзои ректор ва мӯҳри Донишгоҳ) ба хатмкунандагони воқеии курсҳо.

Қабули довталабон ба МОЗ

11. Хоҳишмандон ва довталабон ба МОЗ дар асоси қарордоди тарафайн баъд аз супоридани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома бо фармони ректор қабул карда мешаванд.
12. Хоҳишмандон ва довталабон вазифадоранд:

маблағи таҳсил, таҳрир ва ё тарҷумаро вобаста ба қарордоди тарафайн саривақт пардозанд;

варақаи маблағи супоридашударо бо қайди муҳосибот ба раёсати МОЗ пешниҳод намоянд;

доир ба қатъ ва идома додани таҳсил пешакӣ маълумот диҳанд;

бандҳои ба довталабон тааллуқдоштаи Низомномаро қатъиян риоя намоянд.


СОХТОР ВА МАҚОМОТИ МОЗ


13.МОЗ сохтори таркибии Донишгоҳ мебошад ва дар он 3 корманд фаъолият менамояд.
14.Роҳбарияти МОЗ фаъолияти худро мутобиқи қонунҳо ва Низомномаи МОЗ танзим менамояд.
15.Ҳайати кормандони МОЗ аз мудир, ҳамоҳангсоз ва танзимгар иборат аст.
16. Роҳбарияти МОЗ дорои салоҳияти зерин мебошад:

мавҷудият ва воситаҳои таълими курсро ба ихтиёри худ мегирад, матни лоиҳаи шартнома ва қарордодро барои имзои ректори Донишгоҳ таҳия менамояд, сертификат медиҳад ва маблағи мавҷударо (бо ризоияти ректор) тақсим менамояд;

ҷадвали машғулиятҳои дарсии МОЗ -ро таҳия ва барои тасдиқ ба муовини ректор оид ба таълим пешниҳод менамояд;

барои тавсиаи фаъолияти МОЗ ба ректори Донишгоҳ пешниҳод манзур менамояд;

омӯзгорон ва мутарҷимону муҳарриронро барои ба таври шартномавӣ фаъолият намудан дар МОЗ ба раёсати Донишгоҳ тавсия медиҳад;

барои фаъолияти таълимию методӣ ва илмию методӣ дар назди муовини ректор оид ба таълим масъул аст.

 

Маблағ ва фаъолияти молиявӣ

17. Маблағҳои МОЗ ба суратҳисоби махсуси Донишгоҳ пардохт карда мешавад.
18.Тақсимоти маблағҳое, ки ба суратҳисоби Донишгоҳ барои хизматрасониҳои МОЗ ворид мегарданд, бо пешниҳоди ректор тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ сурат мегирад.

Тартиби қабул, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба
Низомнома ва қатъ гаштани фаъолияти МОЗ

19.Низомномаи МОЗ аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳ қабул карда шуда, аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.
20.Ба Низомнома тағйиру иловаҳо дар асоси пешниҳоди роҳбарияти МОЗ (бо ризоияти ректор) бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ворид карда мешаванд.
21.Фаъолияти МОЗ ҳангоми хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишгоҳ ва ин Низомнома амал намудан қатъ карда мешавад.