Дар сохтори таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забонҳо аз соли 2001 инҷониб фаъолият карда, муассиси он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (2009), «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  маориф, аз ҷумла «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба роҳ монда, бо сафорату созмонҳои байналхалқие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, дар соҳаи забономӯзӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин марказ асосан барои шаҳрвандони хориҷие таъсис дода шудааст, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил ва ё кор омадаанд ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки забони давлатӣ (забони тоҷикӣ)-ро омӯхтан мехоҳанд, чун курси тайёрӣ барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо, аз ҷумла, забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, форсӣ, чинӣ, кореягӣ дар асоси қарордоди тарафайн амал менамояд.

Сарвари аввалини он узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор М. Н. Қосимова ба ҳисоб рафта, эшон барои тавсеаи ин марказ саҳми арзандае гузоштаанд. Аз соли 2008 роҳбарии ин марказро дотсент Д.Р.Ҳомидов бар дӯш дорад. Дар муддати мавҷудияти МОЗ даҳҳо нафар шаҳрвандони хориҷӣ забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо, инчунин фарҳангу таърихи қадимаи халқамонро омӯхта, соҳиби сертифакати донандаи забони тоҷикӣ гардидаанд. Ин марказ дар тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандае дошта, барои амалӣ шудани сиёсати забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба амал татбиқ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (2009) саҳми муносиб мегузорад.

Мусаллам аст, ки забони адабии тоҷикӣ чун нишонаи миллат дар замони истиқлолият ба сифати забони давлатӣ мақом пайдо карда, дар муносибати дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ забони адабии тоҷикӣ чун забони давлатӣ нақши асосӣ мебозад. Таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо рӯз аз рӯз зиёд гардида, то ин дам шаҳрвандони зиёде аз мамлакатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Малайзия), Аврупо (Олмон, Англия, Чехия, Словакия, Шведсия), инчунин Амрикову Канада  ба Донишгоҳ омада, тавассути Маркази омӯзиши забонҳо забони тоҷикӣ омӯхтанд ва меомӯзанд. Баробари омӯхтани забони тоҷикӣ онҳо бо таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои мардуми мо ошно гардида, онро дар мамлакатҳои худ  тарғибу ташвиқ менамоянд, ки ин барои дар сатҳи ҷаҳонӣ шиносонидани Тоҷикистони маҳбубамон нақши муҳимме мебозад. Барои таълими забони тоҷикӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ омӯзгорони варзидаву соҳибэҳтироми забоншинос ва мардумшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ҷалб карда шудаанд.