МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ
 ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари мо бо мамлакатҳои дунё бештар гардид. Забони адабии тоҷикӣ чун нишонаи миллат ба сифати забони давлатӣ мақом пайдо кард. Бинобар ин дар муносибати дипломатӣ ва ҳамко-риҳои иқтисодиву фарҳангӣ забони адабии тоҷикӣ чун забони давлатӣ нақши асосӣ мебозад. Таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвари мо рӯз аз рӯз зиёд гардида, то ин дам шаҳрвандони зиёде аз мамлакатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Ҷумҳурии исломии Эрон, Давлати исломии Афғо- нистон, Ҷумҳурии исломии Покистон), Аврупо (Олмон, Англия, Нидерландия, Чехия, Словакия, Шведсия, Қатар, Арабистони Саудӣ ва ғ.), инчунин Амрико, Канада, Бразилия ба Донишгоҳ омада, тавассути ин марказ забони тоҷикӣ омӯхтанд ва меомӯзанд. Баробари омӯхтани забони тоҷикӣ онҳо бо таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои мардуми мо ошно гардида, онро дар мамлакатҳои худ  тарѓибу ташвиқ менамоянд, ки ин барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани  Тоҷикис тони азизи мо нақши муҳимме мебозад. Барои таълими забони тоҷикӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ омӯзгорони варзидаву соҳиб- эҳтироми забоншинос ва мардумшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ҷалб карда шудаанд. Муассиси Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (2009), «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз ҷумла «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба роҳ монда, бо сафорату созмонҳои байналхалқие, ки дар Тоҷикистон фаъ-олият доранд, дар соҳаи забономӯзӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин марказ асосан барои шаҳрвандони хориҷие таъсис дода шудааст, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил ва ё кор омадаанд ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки забони давлатӣ (забони тоҷикӣ)-ро омӯхтан мехоҳанд, чун курси тайёрӣ барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, форсӣ,чинӣ, кореягӣ дар асоси қарор- доди тарафайн амал менамояд. МОЗ дар асоси шартномаи тарафайн бо корхонаҳои гуногун барои ба забони давлатӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак менамояд ва маводи гуногунро, ки ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ чоп шудаанд, таҳрир ва ба забонҳои зикршуда тарҷума менамояд, ба унвонҷӯён ва аспирантону докторантони хориҷӣ хатти сирилик (кирилӣ) меомӯзонад. Инчунин дар МОЗ такмили забони тоҷикӣ барои мутахассисони коргузор ва масъулони давлатию идорӣ, таҳрир ва тарҷумаи маводи чопӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ба роҳ монда мешавад. Дар МОЗ забономӯзӣ, такмили забон, омӯзиши хатти арабиасос, хатти сирилик ва таҳриру тарҷумаи маводи чопӣ ба тариқи шартнома сурат гирифта, шакли маблаѓгузорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ бо асъори хориҷӣ ва барои шаҳрвандони дохили кишвар бо асъори миллӣ (сомонӣ) сурат мегирад. Омӯзгорони  МОЗ донандаи на камтар аз як забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ) буда, дониши мукаммали назариявию амалии таълими забонҳо, усулҳои тарҷума ва мардумшиносиро дороянд.

                Вазифаҳои асосии МОЗ: