ҶАШНИ БУЗУРГДОШТИ НАВОӢ – ТАНТАНАИ ДӮСТӢ

Бо ишораи муҳтарам Шавкат Мирзиёев - Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шаҳри Навоӣ (Кармина) воқеъ дар самти ҷануби кишвари Ӯзбекистон, шурӯъ аз соли 2017 барпо намудани ҳамоиши илмии байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Мир Алишери Навоӣ (09.02.1441 – 03.01 1501)  ба ҳукми анъана даромадааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин чорабинии илмӣ ва самарабахшии он дар ш. Навоӣ (маркази вил. Навоӣ) Бунёди Алишери Навоӣ ташкил карда шудааст, ки раиси он номзади илми филология, фолклоршиноси ӯзбек Улуғбек Сатторов мебошад.

Имсол низ рӯзҳои 5-6 феврал бахшида ба 578-солагии Алишер Навоӣ сеюмин ҳамоиши илмии байналмилалӣ баргузор гардид. Аз шаҳри Душанбе  академик  Кароматулло Олимов ва камина  барои иштирок дар кори он даъват шуда будем.

Рӯзи 3-феврал ба Тошканд ва аз Тошканд ба ҳамроҳии  Эргаш Очилов - ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт ва фолклори ӯзбеки АИ Ӯзбекистон (шахси ниҳоят меҳрубон ва самимӣ) ва шарқшиноси ҳиндӣ Ахлоқ Аҳмади Оҳан бо роҳи заминӣ ба Самарқанд ва аз Самарқанд ба шаҳри Навоӣ расидем. Шаҳри Навоӣ маркази идории вилояти Навоӣ, яке аз шаҳрҳои бузурги саноатию фарҳангии Ӯзбекистон мебошад.  Бегоҳӣ, ки ба ин шаҳр расидем, моро Улуғбек Сатторов истиқбол намуд. Чун фардои он рӯз барои мо рӯзи муқаррарӣ буд, иқдом гирифтем, сафари Бухоро намоем. Бухоро аз Навоӣ 90 км дуртар мавқеият доштааст. Мо аввал ба ноҳияҳои Ғиждувон, Шофирком, Вобканд ва Когон рафта, маконҳои таърихӣ ва мазорҳои бузургоне чун Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Орифи Ревгарӣ (маъруф ба Моҳитобон), Хоҷа Маҳмуди Анҷири Фағнавӣ ва Хоҷа Баҳоуддини Нақшбандро зиёрат намудем. Ҳамаи мазорҳои номбаршудаи шахсиятҳои маъруфи гузашта феълан дар ҳоли мараммату ободкунӣ қарор доранд.

Дар Бухоро моро устоди Донишгоҳи давлатии Бухоро, дотсент Қаҳрамон Тӯқсанов хуш истиқбол намуд. Азбаски ӯ зодаи Бухоро буда, ҷойҳои дидании ин шаҳрро хуб медонист, моро ба қисмати бостонии шаҳр, ки дар ҳолати пешинааш нигаҳдошт шудааст, раҳнамоӣ кард. Вақте ба майдони Регистон расидем, дидани Арки амирнишин, мадрасаҳои Мири Араб, Кӯкалтош, Нодир Девонбегӣ, Лаби Ҳавз, масҷиди Болоиҳавз (онро масҷиди Баланд низ меномидаанд), корвонсароҳо, Манори Калон, мақбараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Чашмаи Аюб бинандаро ба гузаштаи дури таърих мебаранд. Мавзеъҳои бостонии номбаршуда диққати бинандаро сахт ба худ мекашанд. Онҳо ба ҳам ҳамоҳангии аҷибе доранд. Чунин тасаввуре пайдо мешавад, ки, агар яке аз мавзеъҳои таърихӣ мавҷуд набошад, ин ансабли бузурги меъморӣ халалдор мешавад. Таваҷҷуҳи касро махсусан мақбараи Исмоили Сомонӣ, ки онро ин Амири одил барои падараш бино кардааст ва колбади худи ӯ низ он ҷо ба хок супорида шудааст, ба худ ҷалб намуд. Мароқангез он аст, ки ба гуфтаи муаррифи он мазор, дар Осиёи Миёна хишти пухта бори аввал барои сохтмони ҳамин мақбара ихтироъ ва корбурд шудааст. Он яке аз бузургтарин ва зеботарин намунаҳои меъмории ҷаҳони қадим ба шумор меояд. Мақбара  рӯ ба самти офтоббаро сохта шудааст. Намои он аз масофаи дур хеле ҷаззобу назаррабо ҷилва мекунад. Деворҳои чор тарафи он 10 х 10 метр буда  ба ҳам мутаносиб афтодаанд. Мақбара дар тайи замонаҳо ҳеч тармим надидааст ва ба он эҳтиёҷ ҳам надорад. Вақте  аз наздик  бо диққат мушоҳида мекунӣ, дида мешавад, ки дар ҳеч кадом хишти он тарқидагие нест. Мегӯянд, бо гардиши офтоб тобиши ранги умумии мақбара тағйир меёбад. Чунин мақбара дар таърихи маданияти моддии қадимии Шарқ нотакрор мебошад. Он ба забон тавсифношуданист, онро бояд дид...

Бегоҳии ҳамон рӯз мо ба ш.Навоӣ баргаштем ва дар яке аз тарабхонаҳои бузурги шаҳр ба меҳмонони омада аз 16 кишвари дунё  (52 нафар) якҷо бо меҳмонони худӣ ғизои шом доданд.

Рӯзи 5 феврал пас аз маросими гулгузорӣ ба пояи ҳайкали Алишери Навоӣ, ки бо иштироки издиҳоми бузург ба вуқуъ омад, дар толори бузурги Маркази  ҷавонони вилоят таҳти унвони “Ҷойгоҳи мероси эҷодии Навоӣ дар инкишофи маънавият ва маорифи башарӣ” конфронси байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар кори ҳамоиш ба ғайр аз намояндагони кишварҳои хориҷӣ ҳокими вилоят Қобил Турсунов бо ҷонишинони худ ва иддаи касири навоишиносони нуқоти гуногуни Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд.

Дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиш намояндагони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Маҷористон, Туркия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Шветсия, Куриёи Ҷанубӣ, Туркманистон Муғулистон ва ғайра суханронӣ намуданд. Мазмуни ҳамаи гуфтори онҳо таъкиди моҳияти башардӯстонаи шахсияти  эҷодии Навоиву осораш ва ба ҳамоварии одамону тантанаи дӯстию бародарӣ миёни халқҳои ҷаҳон буд. Ҳамаи сухангӯён аз сиёсати дарҳои бози ҳукумати кунунии Ӯзбекистон ва дар ин раванд ҷойгоҳи муҳим доштани эҷодиёти гуногунпаҳлуи Алишери Навоӣ мегуфтанд...

Қисмати асосии ҳамоиш дар 6 бахш: “Ҷанбаҳои рӯҳонӣ ва ахлоқии осори Навоӣ”; “Омӯзиш ва тарғиби эҷодиёти Навоӣ дар хориҷи кишвар”; “Масъалаҳои забоншиносии осори Навоӣ”; “Эҷодиёти Навоӣ:  таърих, фалсафа, санъат”; Муносибати эҷодиёти Навоӣ бо фолклор ва адабиёти замони нав”; “Таълими осори Навоӣ дар муассисаҳои таълимӣ” идома кард ва дар маҷмӯъ ҳудуди 140 маъруза шунида шуд. Дар кори ҳамоиши мазкур як идда донишмандони тоҷик аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, аз ҷумла Нуралӣ Нурзод, Муътабар Шарифова, Нӯъмонҷон Неъматов низ бо маърузаҳои ҷолиб ширкат карданд.  Маводи ҳамоиш, ки дар як китоби бузург дар ҳаҷми 690 сафҳа чоп шудааст, ба иштирокдорон тавзеъ карда шуд.

Бегоҳи он рӯз кори ҳамоиши илмӣ ҷамъбаст гардид. Қарор шуд, ки дар кишварҳои алоҳида намояндагии Бунёди Алишер Навоӣ ташкил карда шавад ва маблағгузори он Бунёди марказӣ дар ш.Навоӣ хоҳад буд. Ғайр аз ин, гуфта шуд, ки  кори матншиносии осори Навоӣ-Фонӣ пурзӯр  карда  шавад. Комиссияи босалоҳияте рӯи кор оварда шавад, ки он рӯи матнҳои интиқодии осори Навоӣ, ки минбаъд падид оварда мешаванд, назорати қатъӣ барад ва бидуни иҷозаи комиссияи мазкур офаридаҳои Навоӣ ба чоп нараванд.

Пас аз конфронс дар толори хурди Маркази ҷавонони вилоят вохӯриҳо бо рӯзноманигорони Ӯзбекистон баргузор шуд. Аз ҷумла, академики АИ ҶТ Кароматулло Олимов роҷеъ ба тарҷумаи тоҷикии “Маҳбуб-ул-қулуб”-и Навоӣ,  ки худашон анҷом додаву ба нашр расонидаанд, ва инҷониб  дар бораи нусхаи қадимии тозаёфти девони “Наводир-ун-ниҳоя”-и Навоӣ, ки дар захираи дастнависҳои маркази фарҳангии профессор Ш.Ҳусейзодаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ  мешавад, бо намояндагони ахбори умум мусоҳиба намудем.

Шоми ҳамон рӯз дар қасри фарҳангии “Фарҳод” бо иштироки ҳунармандони вилояти Навоӣ консерти бошукӯҳи хотирмоне барпо шуд. Ҳамин тавр, ҳамоиши илмии баргузоршуда на фақат дар омӯзишу таҳқиқи осори Алишери Навоӣ саҳми назаррасе гузошт, балки ба тантанаи дӯстию бародарии халқҳои гуногуни дунё табдил ёфт.

Рӯзи 6 феврал устодони хуҷандӣ ба Хуҷанд баргаштанд ва устод К.Олимов ва ману ҳамроҳонамон боз ба Тошканд омадем. Шаби ҳамон рӯз устод К.Олимов низ ба Душанбе парвоз намуданд, вале ман барои иштирок дар нишастҳои дигари илмӣ дар Тошканд мондам.

Рӯзи 7 феврал дар Донишкадаи давлатии забонҳои Шарқи ш.Тошканд ҳамоиши байналмилалии “Осори Алишер Навоӣ аз нигоҳи донишмандони ҷаҳон” баргузор шуд. Дар ҳамоиши мазкур аз Тоҷикистон профессор Абдусалом Абдуқодиров (ДДХ)  ва ман ширкат кардем. Ба маърӯзаи А.Абдуқодиров “Навоӣ дар куҷо ба дунё омадааст?” вокуниши гарме ба вуҷуд омад. Мавсуф кӯшиш намуд бо якчанд далел на дар Ҳирот (тавре ки то кунун қабул шудааст), балки дар Сова таваллуд шудани Навоиро ба субут расонад. Далелҳои асосии ӯ фармудаи устод С.Айнӣ дар поварақи монографияи эшон “Алишер Навоӣ”, тазаккуроти Хондмир дар қисмати хотимаи “Равзат-ус-сафо” ва ҳамчунин қайдҳои Ҷомӣ дар “Баҳористон” буданд. Чунин натиҷа гирифта шуд, ки ин мавзӯъ боз ҳам ба таври густардатар омӯхта шавад.

Маърузаи банда “Нусахи дастнависи шарқӣ ва аҳамияти таҳқиқи кодикологии онҳо” низ хуш қабул шуд. Маълум шуд, ки фанни нусхашиносӣ дар Ӯзбекистон ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст. Пешниҳод гардид, ки дар ояндаи наздик бо даъвати раёсати донишкадаи мазкур барои муддати муайяне он ҷо биёям ва асосҳои ин фанро тадрис намоям.

Маърузаи Ахлоқ Аҳмади Оҳан – профессори Донишгоҳи Ҷавоҳарлаъл Неру (Деҳлӣ) дар мавзӯи “Алишер Навоӣ-Фонӣ ва муосирони ҳиндии ӯ” хуш истиқбол шуд. Аз гузориши вай маълум шуд, ки дар асри XV дар Ҳинд шоири форсигӯе бо номи Мавлоно Ҷамолуддини Ҷамолӣ мезиста ва ӯ ҳини мусофиратҳои зиёди худ дар соли 1492 ба  Ҳирот омада, муддате дар манзили Абдурраҳмони Ҷомӣ (ки ба ӯ иродати сахт доштааст) зистааст. Ҷамолӣ дар Ҳирот бо адибону фарҳангиёни он замон чун Ҷомӣ, Навоӣ, Шайх Сӯфӣ, Масъуди Шарвонӣ, Мавлоно Ҳусайни Лорӣ, Абдулғафури Лорӣ ва дигарон мулоқотҳо доштааст. Илова бар ин шоирони дигари эрониасли Ҳинд мисли Шаҳиди Қумӣ, Ҳошимии Кирмонӣ (машҳур ба Шоҳи Ҷаҳонгир) бо эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ-Фонӣ ошноии хуб доштаанд. Ҳошимӣ дар ҷавоби “Махзан-ул-асрор”-и Низомӣ маснавии “Мазҳар-ул-асрор” суруда (ин маснавӣ дар соли 1957 бо тасҳеҳи Ҳисомуддини Рошидӣ дар Карочӣ нашр шудааст) ва  дар он Навоӣ -  вазири Султон Ҳусайни Бойқароро чунин сутудааст:

Дошт амире ба ҳазорон камол,

Нодиру мумтозу адимулмисол.

Шердилу соҳиби шамшер буд,

Номи хушаш Мир Алишер буд.

Дар фани туркӣ ба сарири қалам,

Гуфт сало бар Арабу бар Аҷам.

Булаҷаб ин аст, ки он номдор,

Бо ҳамагӣ машғалаи рӯзгор

Дод ба девони ғазал интизом,

Кард яке “Хамса”и туркӣ тамом.

Гуфт ба туркӣ суханони бузург,

Аз дами Хизру нафаси пири турк.

Буд шабу рӯз ба сад иззу ҷоҳ,

Ҳамнафаси хусрави олампаноҳ.

 

Бо шинидани ин иттилоот аз зеҳнам гузашт, ки азбаски шоирони номбаршудаи Ҳинд ба форсии тоҷикӣ шеър мегуфтаанд, минбаъд бояд ба онҳо ва осорашон таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Рӯзи 8 феврал дар Пажӯҳишгоҳи  забон, адабиёт ва фолклори ӯзбеки АИ Ӯзбекистон  ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои таҳқиқи мероси адабӣ ва илмии Алишери Навоӣ” баргузор шуд. Дар ин ҷамъомади илмӣ дар радифи донишмандони ӯзбек, озар, турк ва ҳиндӣ банда дар мавзӯи “Шоирони туркизабони асри  XVI дар  “Туҳфаи Сомӣ” гузориш намудам. Дар ин тазкираи форсӣ роҷеъ ба 29 шоири туркизабон сухан рафтааст ва аз сурудаҳои онҳо намунаҳо оварда шудааст. Аз ҷумла, дар бораи Навоӣ ва Бобур Мирзо иттилооти арзишманд ҷойгиранд, ки онҳо ҷиҳати омӯхтани адабиёти туркизабони  асри XVI дорои аҳаммияти калонанд. Биноан муҳтавои гузориш барои адабпажӯҳони ӯзбек мароқангез буд.

Ҳамаи иштирокдорони ҳамоишҳои илмии барпошуда дар суҳбатҳои худ аз он мегуфтанд, ки Навоӣ дар осори гуногунпаҳлуи худ ба ҳайси эҷодкори бузурги инсонпарвар ва тараққихоҳ намоён мешавад ва мутолиаву омӯзиши офаридаҳои ӯ ҷиҳати минбаъд истеҳком ёфтани робитаҳо ва дӯстию ҳамзистии халқҳои ҷаҳон метавонанд саҳми бузург гузоранд..

 

                                                                          Бадриддин Мақсудов,

                                                                              профессори ДМТ

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org