АМАЛӢ НАМУДАНИ ЛОИҲАИ TACES

Имрӯз (04.04.2019) дар доираи лоиҳаи TACES (Муқаддимаи таҳсилоти аврупоии байнириштаӣ дар Тоҷикистон), ки бо дастгирии барномаи «Эразмус +» дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Омӯзишҳои байнифаннии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар нишаст намояндагони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ (аъзоёни лоиҳа) ва шарикони аврупоӣ иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъулон роҷеъ ба муосиргардонии раванди таҳсил андешаҳо баён намуда, дар самти беҳтар гаштани фанҳои таълимӣ ва ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ намудани онҳо пешниҳодҳои судманд намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи мазкур бо донишгоҳҳои Аврупо ҳамкорӣ доранд.

 

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org