Ҷалолиддин РАҲМОНОВ: ТАМОЮЛИ РУШДИ САНОАТИКУНОНӢ САБАБИ РАСИДАН БА ҲАДАФИ ЧОРУМ АСТ…

(Суҳбати хабарнигори нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» Абумуҳаммад Тӯраев бо номзади илмҳои иқтисодӣ,  иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҷалолиддин Раҳмонов)

- Андешаи Шумо дар мавриди ҳадафи чоруми миллӣ?

-Имрӯз саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ пешниҳод гардид ва масъулин дар самти саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар дастурҳои мушаххас гирифтаанд. Пешвои миллат муҳимият ва зарурати истеҳсолоти ватаниро ҳамчун омили асосӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ пешниҳод намуданд. Бояд зикр кард, ки зарурати дигар ин таъмин намудани аҳолӣ бо истеҳсолоти ватанӣ мебошад.

Ҳадаф аз пешниҳоди мазкур низ ин дар баробари таъмин намудани дохили ҷумҳурӣ бо маҷмӯи молҳои дохилӣ (ММД), инчунин, ба содирот низ баровардани он мебошад. Ба роҳ мондани маҳсулотҳои ба воридотивазкунанда ва ба воридот нигаронидашуда яке аз самтҳои асосии саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад. Зарурати дигари ин пешниҳод он аст, ки бо ташкил шудани корхонаҳои хурду миёна сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, аҳолӣ ба кор ҷалб мегардад ва саноат рушд менамояд. Бо ин васила мушкилии муҳоҷирати меҳанат тавассути саноатикунонӣ каме ҳам бошад ҳалли худро меёбад. 

-Дар мавриди давлате, ки маблағи қарзӣ дорад, аз аграрӣ-индустралӣ ба индустарлӣ –аграрӣ гузаштан чи андеша доред?

-Дар ҳақиқат бархе аз коршиносон чунин андеша доранд, ки гузаштани давлати дорои маблағи қарзӣ дошта аз аграрӣ-индустралӣ ба индустарлӣ –аграрӣ мушкил аст. Бояд қайд намуд, ки ҳар як давраи гузариш ба худ мушкилиҳо дорад. Бо гузашти вақт ва масъулиятнок фаъолият намудан монеаҳо ҳалли худро меёбанд. Хушбахтона, новобаста аз монеаҳо Пешвои миллат ин ҳадафро пешниҳод карданд  ва барои расидан тамоми унсурҳои дохилӣ ва секторҳои хусусӣ бояд ҷалб карда шаванд. Андешаи давлате, ки қарзи беруна дорад ё рушди иқтисодиёт ба маблағҳои қарзӣ вобастааст, ҷой дорад.  Мо қарзи берунадоштаро мушкилӣ гуфта наметавонем. Зеро давлате нест, ки бе қарзи берунӣ иқтисодиёташро рушд намояд. Танҳо риоя намудани меъёри асосиии фоизи қарзӣ вуҷуд дорад. Имрӯз барои мо ҷалби сармояҳои хориҷӣ хоҳ дар шакли қарзӣ бошад ва ё сармоягузорӣ  зарур аст.

-Ба истифодадиҳии аввалин чархаи НБО-Роғунро яке аз манбаъҳои расидан ба ин ҳадаф арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи Шумо, ҳамин гуна заминаҳои асосӣ барои расидан ба ин ҳадаф вуҷуд дорад?

- Пешвои миллат гузаштан ба кишвари интустиралӣ-агарариро  мақсад гузоштанд ва ин ташаббус дар замоне рӯйи кор омад, ки чархаи аввалини НБО-Роғун ба кор шурӯъ намуд. Пас, ҳар ду ба якдигар алоқамандӣ дорад.

Имрӯз ҳам аҳолӣ ва ҳам соҳаи саноат ба қувваи барқ эҳтиёҷ дорад. НБО-и Роғун яке аз омилҳои асосӣ дар самти саноатикунони кишвар ба ҳисоб меравад. Яъне, саноат бе қувваи барқ имкон надорад. Бо сӯзишворӣ  кор фармудани саноат самаранокии кам дорад. Дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муайян андешидаанд. Метавонем, бунёди неругоҳи барқиеро, ки дар Мурғоби ВМКБ сохта шуд, мисол орем.  Акнун тавассути ин неругоҳ дар як минтақа корҳои саноатикунониро метавон ба роҳ монд.  Ин сабаб шуда метавонад, ки дар ВМКБ аз рӯи имконият корхонаҳо сохта шавад. Масалан, коркарди сангҳои қиматбаҳо... Вақте масъалаи саноатикунонӣ дар минатақа ҳалли худро меёбад, аввал дар вилоят ва дувум дар ҷумҳурӣ соҳаи мазкур рушд менамояд. 

Захираҳои меҳнатӣ низ аз ҷумлаи заминаҳои асосии расидан ба ҳадафи мазкур шуда метавонад. Ҳамаи ноҳияҳо бо захираи меҳнатӣ машғуланд. Вақте корхонаҳо бунёд мегардад, дар баробари ба кор таъмин кардан, инчунин, дар бозори меҳнат захираҳои меҳнатӣ бештар мегардад. Дар ин ҳол, аз нуқтаи назари миқдорӣ ба сифатӣ гузаштан лозим аст. Яъне, ҳам қувваи меҳнатӣ, ҳам сатҳи донишу маҳорат ва ксбияти кории мо бояд беҳтар гардад. Ин масъала ба донишгоҳу донишкадаҳо алоқамандӣ дорад…

Заминаи дигар ин саноати кӯҳӣ, яъне самти иктишофи конҳои фоиданок мебошад, ки мутахассиси соҳибтаҷрибаро талаб менамояд. Дар самти коркарди захираҳои табиӣ мутахассиси ватанӣ лозим аст. Дар баробари ин заминаҳо ташкили захираҳои молиявӣ зарур аст.

-Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи миллӣ чанд сол лозим аст?

-Пешгӯи кардан барои давраи расидан ба ҳадафи чорум тадқиқоти илмиро талаб менамояд. Бояд муайян кард, ки тамоюли иқтисодиёти кишвар дар давоми 5 ё 10 соли охир муқоиса шавад. Танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки дар асоси «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030» пешбинӣ шудааст, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат ба 22 фоиз расонида мешавад. Агар тамоюли рушди саноатикунонӣ бо суръат амал намояд ва давоми ҳар сол  2 -2,5 % дар ММД зиёд шавад, то соли 2030 ба 22 фоиз расидани ҳиссаи саноат имконпазир аст.

-Дар ин росто чи пешниҳоде доред?

- Мо дар самти корҳои саноатӣ таҷриба дорем. Масалан, саноати нассоҷӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва ғ.. Ин маҳсулот бояд  маҳсулоти воридшударо иваз кунад. Фаъолияти ин саноатҳоро ҷоннок бояд кард. Дигар ин ки барои суръат бахшидани саноатикунонии кишвар мебояд дар самти саноати металургияи ранга ва ё захираҳои табиӣ ба таври ҷиддӣ амал карду ба сохторҳои саноатӣ тағйирот ворид намуд. Ҳамзамон, дар баробари хуб ба роҳ мондани коркарди саноатҳои сохтмонӣ мебояд фаъолияти конҳо дар тамоми минтақаҳо ҷоннок карда шавад. Хушбахтона, дар ин сам нишондиҳандаҳо мусбӣ аст ва дар оянда ҳаҷми истеҳсоли ин гуна корхонаҳо васеъ ба роҳ монда мешавад. Ташаккур барои суҳбат.

Саломат бошед!

 

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org