НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Санаи 11.07.2019 дар толори Шӯрои методии бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Нахуст ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. роҷеъ ба фаъолияти нимсоли Донишгоҳи миллӣ (2019) мухтасар сухан карда, зикр намуд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2019 Донишгоҳи миллӣ бо мақсади муназзам гардонидани корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию хоҷагидорӣ ва ташкилию сохторӣ як силсила тадбирҳои муҳим андешид. «Дар ин нимсола раёсати донишгоҳ бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯёе дар чандин чорабинии сиёсии сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Ҷашни байналмилалии Наврӯз», «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе», «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра фаъолона иштирок намуд» - афзуд Имомзода М.С..

Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ Имомзода М.С. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд.

Дар нишаст миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таҳсил, баргузории ҳамоишҳои илмию амалӣ дар давоми соли 2019, имкониятҳои таҳсил дар зинаи докторантура ва магистратура, шарту шароити шӯроҳои диссертатсионии дар назди донишгоҳ амалкунанда, инчунин, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар суолу ҷавоб сурат гирифт.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org