ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Ҳамасола 1-уми сентябр дар ватани азизамон – Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ботантана гузаронида мешавад. Имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳро зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи илму маорифи кишвар  таҷлил намуд.

 Чун анъана субҳи он рӯз аҳли илму маориф суханронии Пешвои миллатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар толорҳои факултетҳову сохторҳои гуногуни донишгоҳ суханронии Пешвои миллатро бо диққат тамошо менамуданд.

          Пас аз тамошои суханронии Пешвои миллат дар толори калони донишгоҳ Рӯзи дониш ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил шуд. Дар ҷамомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳо ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф ба донишгоҳ ташриф овард. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода М. С. ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.

Ализода З. зимни суханронии хеш ба донишҷӯён касби илму донишро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар донишҷӯ номида, ҳамзамон, таъкид намуд, ки устодон бояд кӯшиш намоянд, ки мутахассисони хуб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба камол расонанд. Мавсуф масъалаи баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнатии ватаниву хориҷӣ ҷавобгӯро яке аз проблемаҳои муҳимтарини соҳаи маориф арзёбӣ кард.

          Сипас декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Х.Самиев суханронӣ намуда, қайд кард, ки тақозои замон аст то сифати таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ пайваста баланд бардошта шавад.

            Дар чорабинии мазкур донишҷӯи курси панҷуми донишгоҳ Искандарова А. аз номи ҳамаи донишҷӯёни курси панҷуми ДМТ меҳмонони гиромиқадр ва устодонро табрик гуфта, бо таманниёти нек ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии донишгоҳро ба намояндаи донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ Мирзоева Ф. супорид.

          Ҷамъомад бо сухани хотимавӣ ва таманниёти неки ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ба охир расид.

Т. Иҳромов 

 

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org