Р. НАБОТӢ -РАИСИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи васеи ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Р. баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон А. Саймуддинов доир ба фаъолияти Шӯро дар солҳои 2017 – 2019 гузориш дода, дастовардҳои аъзоёни Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистонро дар ин давра бесобиқа унвон кард.

Дар ҷаласа сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рустам Наботӣ бо тарафдории зиёди аъзоёни Шӯро раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон интихоб гардид.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Please publish modules in offcanvas position.

Много шаблонов Joomla на JooMix.org