ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ВАО

Ба ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ дар мавзӯи «Дипломатияи об ва омилҳои фарогири он дар бозтоби ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Дар ифтитоҳи конференсия, ки рӯзи 25.11.2019 доир гардид, роҷеъ ба мавзӯъҳои  «Баҳсҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти оби тоза ва инъикоси он дар телевизион», «Таҷассуми бунёдгарони Кохи нур дар публисистикаи Бахтиёри Муртазо», «Мушкилоти муосири  журналистикаи  байналхалқӣ», «Нақши аудитория дар пойдории матбуоти маҳаллӣ» маърӯзаҳо баррасӣ гардиданд.

Конференсияи мазкур аз се бахш - «Бахши васоити электронии ахбори омма», «Бахши матбуот ва публисистика» ва «Бахши журналистикаи муосир» иборат буда, дар он зиёда аз 30 маърӯза ба нақша гирифта шудааст ва давоми ду рӯз мавриди таҳлил қарор мегирад.

М. Холов

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org