ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»

Чорабинӣ бо сухани табрикотии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз ёфт. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва иштирокчиёни фаъоли бахшҳои он, аз ҷумла аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардан ва хондани осори адибони классик ва муосири тоҷик, ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, адибиёти ҷаҳон бо “Диплом”, “Сипоснома” ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар миёни иштирокчиён донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар бахши хондани осори адибони ҷаҳон донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ Шабнам Одинаева сазовори ҷойи аввал, дар бахши хондани осори адибони классиски тоҷик донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Сарвиноз Саидова сазовори ҷойи дуюм, дар бахши хондани осори адибони муосири тоҷик донишҷӯи курси 2-юми факултети мазкур Шероз Бобохонов сасовори ҷойи дуюм, инчунин, дар бахши хондаи осори адибони ксассики тоҷик донишҷӯи курси 3-юми факултет филологияи тоҷик Бибимушаррафамо Акбарова сазовори ҷойи сеюм ва дар бахши мазкур докторанти соли 2-юми факултети филологияи тоҷик Мавзунахон Убайдуллоева сазовори ҷойи чорум гардиданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорони ҷамъомад гардид.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org