ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
МАРКАЗИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ХОБГОҲ

МАРКАЗИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ХОБГОҲ

Бо ташаббуси Шӯрои ҳамкории рушди фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар хобгоҳи №6-и донишҷӯёни донишгоҳ барои донишҷӯдухтарон Маркази дӯзандагӣ кушода шуд. Дар рӯзи кушодашавии дукон кордори сафорати Ҷумҳурии Карея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл., директор ва намояндами Шӯрои ҳамкории рушди фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Ян, ректори ДМТ, академик Имомзода М.С., роҳбарони сохторҳои гуногуни Шӯрои мазкур ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

 Ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. зимни суханронӣ аз ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Карея изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ пешниҳодҳои мушаххас намуд. Гуфта шуд, ки Маркази дӯзандагӣ барои таълими духтарон муҳим буда, ҷиҳати рушд баъшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ заминаи хубе мегузорад.

Ли Вучёл аз дастгириҳои роҳбарияти давлату мақомоти шаҳрдорӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати баргузор намудани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

Дар охир ҷонибҳо ҳамҷун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org