ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
МАРКАЗИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ХОБГОҲ

ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

Ҷиҳати татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни факултет бо нозири калони сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Маҷидӣ Абдукарим Асрориён баргузор шуд.

Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии мазкур нуқтаҳои асосии стратегияро баён дошта, таъкид намуд, ки коррупсия ҳар куҷое реша давонад, ба сулҳу субот ва рушди иҷтимою иқтисодии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Гуфта шуд, ки амалҳои коррупсионӣ ба мисли падидаҳои номатлуби глобалии экстремизму терорризм ба ҳастии давлату давлатдорӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Вобаста ба ин масъала миёни иштирокчиён суолу ҷавоби судманд доир шуд.

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org