ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
МАРКАЗИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ХОБГОҲ

КОРГОҲИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Санаи 25.12.2019 дар назди Парки технологии ДМТ Коргоҳи дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахш кушода шуд.

Дар кушодашавии коргоҳ ректори ДМТ, академик Имомзода М.С., муовини ректор оид ба илм, профессор Сафармамадов С., муовини ректор оид ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, дотсент Собирзода Н., директории Парки технологӣ Р.Юсупов ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. аз имкониятҳои васеи донишгоҳ дар самти хуб ба роҳ мондани фаъолияти Парки технологӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати коркарди растаниҳои нодири Тоҷикистон тавсеаҳои судманд дод.

Коргоҳи мазкур барои корҳои илмӣ-таълимӣ ва коркарди растаниҳои нодири кишвар мусоидат менамояд. Мутахассиси пешбари коргоҳ Пайрав Халифаев аз нозукиҳои технологии дорусозӣ ва коркарди растаниҳо огаҳ буда, истеҳсоли чойҳои табобатиро ба роҳ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дар коргоҳи мазкур дастгоҳҳои махсус харидорӣ шудааст ва онҳо ба талаботи коргарди растаниҳо, хусусан коркарди гиёҳчойҳо дар сатҳи баланд ҷавобгӯ мебошанд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org