ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
МАРКАЗИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ХОБГОҲ

ҲИСОБОТ: ДАСТОВАРДҲОИ ДМТ ДАР СОЛИ 2019

Имрӯз (4.01.2020) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (соли 2019) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2020 аз ҷониби ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд ироа гардид.

Дар ибтидо ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. дар мавриди ҳар як бахши донишгоҳ, фаъолияти яксолаи устодону кормандони он, зарфияти илмии донишгоҳ ва вазифаҳо барои соли 2020 ба тафсил сухан ронд.

Дар робита ба ҳисоботи ректори донишгоҳ чанд тан аз устодони донишгоҳ -докторони илм Н.Юнусова, Д.Солиҳов ва Т.Ғиёсов фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, фаъолияти солонаи раёсати донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар музокираҳо таъкид шуд, ки раёсати донишгоҳ дар якҷоягӣ бо устодону кормандон бояд барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар соли 2020 чораҳои фаврӣ ва амалӣ андешанд.

Дар интиҳо ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. бо арзи сипос ба кулли устодону кормандони ДМТ дар соли 2020 муваффақияту комёбиҳо таманно намуд.

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org