ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ДМТ
МАРКАЗИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ХОБГОҲ

ЭЪЛОН! Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифа дар кафедраҳои зерин озмун эълон менамояд:

  1. Дар кафедраҳои зерини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифа ба таври зайл озмун эълон карда шавад:

1.1.вазифаи мудири кафедра барои кафедраҳои информатикаи факултети механикаю математика, астрономияи факултети физика, химияи физколлоидии факултети химия, геология ва иктишофи ККФ-и факултети геология, зоология ва физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биология, забонҳои шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ ва ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносӣ, забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ ва адабиёти ҷаҳони факултети филологияи рус, иқтисодиёт ва идораи КАС ва системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идора, иқтисод ва идораи сайёҳӣ ва фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодӣ, баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, технология ва биотехнологияи фарматсевтии факултети фарматсевтӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, терапия, физиология ва анатомияи патологӣ бо тибби судии факултети тиббӣ (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмии доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент);

 1.2.вазифаи профессори кафедра барои кафедраҳои таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих (1 ҷой), ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия (1 ҷой), ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносӣ (1 ҷой), онтология ва назарияи маърифат (1 ҷой) ва кори иҷтимоии факултети фалсафа (1 ҷой), физиологияи одам ва ҳайвонот (1 ҷой), ботаникаи факултети биология (1 ҷой), услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ (1 ҷой), телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика (1 ҷой), дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналхалқӣ (1 ҷой), гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология (1 ҷой), фарматсияи факултети фарматсевтӣ (1 ҷой), баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (1 ҷой), филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (1 ҷой) (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои унвони илмии доктори илм);

 1.3.вазифаи дотсенти кафедра барои кафедраҳои информатика (1 ҷой), таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо (1 ҷой), технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ (1 ҷой), таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (1 ҷой), математикаи ҳисоббарорӣ ва механика (1 ҷой)-и факултети механикаю математика, мошинҳои ҳисоббарор, шабакаҳо ва системаҳои факултети физика (1 ҷой), кимиёи таҳлилӣ (1 ҷой), кимиёи ғайриорганикӣ (1 ҷой), кимиёи органикӣ (1 ҷой)-и факултети химия, экология (1 ҷой), биохимия (1 ҷой), физиологияи растаниҳо ва биотехнология (1 ҷой), зоология (1 ҷой)-и факултети биология, телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика (2 ҷой), забони русӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ (2 ҷой), тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ (1 ҷой), методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус (1 ҷой), филологияи Эрон (1 ҷой), забонҳои хориҷӣ (1 ҷой), филологияи араб (2 ҷой), филологияи Ҳинд (1 ҷой), забони англисӣ (1 ҷой), типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (1 ҷой), таърихнигорӣ ва архившиносӣ (1 ҷой), таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих (1 ҷой), ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (2 ҷой), ҳуқуқи байналхалқӣ (1 ҷой), ҳуқуқи конститутсионӣ (1 ҷой), ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ (1 ҷой), сиёсатшиносӣ (1 ҷой), психология (1 ҷой), таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа (1 ҷой), геология ва иктишофи ККФ-и факултети геология (1 ҷой), системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (2 ҷой), идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (1 ҷой), идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идора (1 ҷой), кафедраи молия (1 ҷой), иқтисод ва идораи сайёҳӣ (1 ҷой), фаъолияти бонкӣ (1 ҷой), менеҷменти молиявӣ (1 ҷой), иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқии факултети молиявию иқтисодӣ (1 ҷой), забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология (1 ҷой), баҳисобгирии бухгалтерӣ (2 ҷой), кибернетикаи иқтисодӣ (2 ҷой), таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (1 ҷой), терапия (2 ҷой), эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ (1 ҷой), ҷарроҳӣ (2 ҷой), асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи гражданӣ (1 ҷой), морфологии факултети тиббӣ (1 ҷой), технология ва биотехнологияи фарматсевтӣ (1 ҷой), фарматсияи факултети фарматсевтӣ (1 ҷой), кафедраҳои умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ (1 ҷой), тарбияи ҷисмонӣ (1 ҷой), фалсафа (1 ҷой), забони англисӣ (1 ҷой) (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои унвони илмии номзади илм);

1.4.вазифаи муаллими калони кафедра барои кафедраҳои математикаи ҳисоббарорӣ ва механика (1 ҷой), информатика (3 ҷой), технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии факултети механикаю математика (2 ҷой), мошинҳои ҳисоббарор, шабакаҳо ва системаҳо (1 ҷой), астрономияи факултети физика (1 ҷой), ботаника (4 ҷой), физиологияи одам ва ҳайвонот (2 ҷой), зоологияи факултети биология (1 ҷой), асосҳои тайёрии тиббӣ ва мудофиаи гражданӣ (1 ҷой), ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ (1 ҷой), морфологӣ (1 ҷой), ҷарроҳии факултети тиббӣ (1 ҷой), кимиёи таҳлилии факултети химия (1 ҷой), идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (1 ҷой), системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (3 ҷой), идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идора (1 ҷой), технология ва биотехнологияи фарматсевтӣ (2 ҷой), фарматсияи факултети фарматсевтӣ (2 ҷой), забонҳои хориҷӣ (1 ҷой), филологияи араб (3 ҷой), филологияи Ҳинд (1 ҷой), забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (1 ҷой), ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия (1 ҷой), ҳуқуқи байналхалқӣ (1 ҷой), ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (1 ҷой), психология (1 ҷой), сиёсатшиносӣ (1 ҷой), равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон (1 ҷой), онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа (2 ҷой), мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ (1 ҷой), адабиёти ҷаҳон (1 ҷой), забони русӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ (1 ҷой), тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ (1 ҷой)-и факултети филологияи рус, забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология (1 ҷой), иқтисод ва идораи сайёҳӣ (1 ҷой), фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодӣ (1 ҷой), баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (2 ҷой), забони хориҷии факултети ҳуқуқшиносӣ (1 ҷой), таърихи халки тоҷик (2 ҷой), таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (1 ҷой), таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърих (1 ҷой), геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология (1 ҷой) ва кафедраҳои умумидонишгоҳии забони англисӣ (2 ҷой), забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ (1 ҷой), фалсафа (2 ҷой), педагогика (1 ҷой), тарбияи ҷисмонӣ (1 ҷой) (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои дараҷаи илмии номзади илм ё собиқаи омӯзгории на камтар аз 5 сол дар Донишгоҳ).

 2.Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз 16.12.2019 то 15.01.2020 муқаррар карда шудааст.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин (дар ду нусха) қабул карда мешаванд: ариза ба номи ректор, барномаи довталаб оид ба ишғоли вазифаи мудири кафедра (танҳо барои довталабони мудири кафедра), рӯйхати тасдиқшудаи корҳои илмӣ-методӣ, варақаи шахсӣ, нусхаи дипломи таҳсилоти олӣ, дипломҳои дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ, тавсифнома, ҳолнома ва ҷувздон.

Нишонӣ:734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳуҷраи №5 (Тел: 221-74-22, 93-583-76-76).

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org