ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ

Кафедраи ботаника Кафедраи физиологияи растаниҳо
Кафедраи биохимия Кафедраи экология
Кафедраи зоология Кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонҳо

Декани факултет, д.и.б.
Каримов Акобир

Факултети биология соли 1948 баробари таъсис ёфтани Донишгоҳ арзи вуҷуд намудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони он дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни илми биология нақши калон гузоштаанд. Соли аввали таъсисёбии факултет, донишҷӯён дар назди он якбора дар ду курс (курсҳои 1 ва 2-юм) қабул шуда буданд. Аввалин дастпарварони факултети биология Донишгоҳро соли 1952 хатм намудаанд, ки дар байни онҳо чунин шахсиятҳои барҷастаро ба монанди доктори илмҳои биология, профессор Л.И.Исмоилова (дорандаи дипломи №1-и Донишгоҳ) ва А.М.Глазуноваро метавон ном бурд

Соли 1954 дар назди факултети биология шуъбаи геология таъсис меёбад, аз ин рӯ, онро минбаъд факултети табиатшиносӣ номгузорӣ мекунанд. Аз соли 1964 дар баробари ба факултети алоҳида табдил дода шудани шуъбаи геология, то ба имрӯз факултети биология аз нав мустақилона бо номи аввалаи худ фаъолият намуда истодааст.

Сарварии факултетро дар давраҳои гуногуни фаъолияти он, шахсиятҳои шинохта ва олимони варзида ба уҳда доштанд, ки дар рушди он саҳми босазо гузоштаанд: доктори илмҳои биологӣ, профессор Д.И.Иваненко (солҳои 1948-1954), номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ф.Г.Тверитнев (солҳои 1954-1958), номзади илмҳои биологӣ, дотсент А.Ш.Шукуров (солҳои 1958-1962), номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ҷ.А.Бузруков (солҳои 1962-1964), доктори илмҳои биологӣ, профессор И.К.Лопатин (солҳои 1964-1970), номзади илмҳои биологӣ, дотсент К.Н.Ниматҷонова (солҳои 1970-1977), доктори илмҳои биологӣ, профессор Ҳ.М.Сафаров (солҳои 1977-1994), доктори илмҳои биологӣ, профессор Б.Ғ.Ғафуров (солҳои 1994-2002) ва доктори илмҳои биологӣ Т.Ҷ.Ғиёсов (солҳои 2002-2008). Аз соли 2008 то ин ҷониб сарварии факултети биологияро доктори илмҳои биологӣ, профессор Мирзораҳимов А. К. ба уҳда дорад.

Бояд қайд кард, ки дар ташаккулёбӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, пеш аз ҳама, аз ҷумлаи дастпарварони лаёқатманди факултет (Донишгоҳ) саҳми устодон А.Ш.Шукуров, И.К.Лопатин, Ҳ.М.Сафаров, М.И.Исмоилов, М.М.Ёқубова, М.А.Бобоҷонова, О.А.Старков, В.И.Чикатунов, А.Ҳ.Қодиров, М.Д.Дарвозиев, М.Б.Устоев, Ҳ.Ю.Юлдошев ва чанде дигарон ниҳоят бузург аст. Онҳо дар алоқаманд гардонидани робитаҳои илмию таълимии кафедраҳои факултет бо марказҳои калонтарини илмии шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва болоравии сатҳи корҳои илмии устодон хизматҳои шоиста намудаанд. Ҳамаи устодони факултет, ки аз фанҳои мухталиф дарс мегӯянд ва дар риштаҳои гуногуни илм тадқиқотҳо мегузаронанд, бевосита шогирдон ва пайравони ин шахсиятҳои маъруф маҳсуб меёбанд.

Ҳоло дар шаш кафедраҳои факултет 65 нафар устодон, аз ҷумла: 13 нафар докторҳои илм, профессорон ва 23 нафар номзадҳои илм, дотсентон ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Дастпарварони факултет дар Академияи илмҳо, донишгоҳҳо, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, идоракунӣ, роҳбарият (чи дар ҳудуди кишвар ва чи хориҷ аз он) фаъолият мекунанд, ки мо бо ҳар яки онҳо ифтихор мекунем.

Аз соли аввали таъсисёбии факултет то соли 1994 донишҷӯён дар назди 5 кафедраҳои он (ботаника, зоология, физиологияи одам ва ҳайвонот, физиологияи растаниҳо, биохимия) дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона танҳо аз рӯйи як ихтисос - 011600-биология таҳсил намуда, Донишгоҳро хатм мекарданд. Соли 1994 дар заминаи кафедраи экологияи факултети биология донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯйи ихтисоси 013100-экология низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Боиси ифтихормандист, ки дар тӯли зиёда аз 60 сол факултети биология зиёда аз 10 ҳазор нафар мутахассис тайёр намудааст. Аксарияти онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ, марказҳои санитарӣ-эпидемологӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар рушд ва тараққӣ ёфтани илми биология саҳми намоёни хешро гузоштаанд. Мисоли гуфтаҳои боло дастпарварони факултет, ба монанди академики АИК ҶТ доктори илмҳои биология, профессор шодравон Ҳ.М.Сафаров (ректори ДДМТ, солҳои 1994-2002), академики АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор шодравон П.Ҷ.Усмонов (мудири шуъбаи генетикаи Пажӯҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетикаи АИ ҶТ, солҳои 1975-2006), академики АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор М.М. Ёқубова (мудири кафедраи биохимия, аз соли 1974 то ба имрӯз), узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор Қ.А.Алиев (мудири Лабораторияи биологияи молекулавӣ ва ҳандасаи гении Пажӯҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетикаи АИ ҶТ, муддати 30 сол мешавад, ки роҳбарии рисолаҳои дипломии донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳои факултетро ба дӯш дошта, аз курсҳои умумӣ ва махсус ба донишҷӯён ва магистрантон дарс мегӯяд), узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор шодравон Ҳ.Қ. Ғафуров, (директории Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АИ ҶТ, солҳои 1992-2005), доктори илмҳои философия, профессор Қ.Р. Расулов (ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, солҳои 1994-2002), узви вобастаи АИБ МО, доктори илмҳои биология, профессор Б.Ғ. Ғафуров (декани факултети биология, солҳои 1994-2002) ва чанде дигарон шуда метавонанд, ки дар қаторӣ поягузорони илми биология дар ҷумҳурӣ мавқеъ пайдо кардаанд. Феълан дар факултет имконоти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ду ихтисос 011600-биология ва 013100-экология муҳайё аст. Дар назди кафедраҳои факултет аз рӯи тахассусҳои ботаника, зоология, физиологияи одам ва ҳайвонот, физиологияи растаниҳо, биохимия ва генетика мутахассисони баландихтисос тайёр карда мешаванд, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар адои вазифа мекунанд. Рафти тайёр намудани мутахассисон дар назди кафедраҳои амалкунанда, Институти илмҳои табиатшиносии Донишгоҳ, Пажӯҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетика, Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Пажӯҳишгоҳи ботаника, Пажӯҳишгоҳи хокшиносии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва заминшиносии назди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, лагерҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимии тобистона аз фанҳои ботаника ва зоология «Такоб» (воқеъ дар ноҳияи Варзоб) ва «Ҷавонӣ» (воқеъ дар мавзеъи Ромит) ба роҳ монда шудааст.

Ҳаёти ҷамъиятии факултет яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти онро ташкил медиҳад ва он дар навбати худ барои беҳтар гардидани сифати корҳои таълиму тарбиявӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Чунки донишҷӯёни факултет пас аз ба охир расидани таҳсил дар солҳои 1 ва 2-юм ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимии тобистона аз фанҳои ботаника ва зоология ба лагери Донишгоҳ (воқеъ дар дарраи Такоби ноҳияи Варзоб) сафар мекунанд. Ҳангоми амалӣ гардонидани чунин шаклҳои ҷараёни таълим, беихтиёр масъулияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар факултет зиёд мегардад ва онҳо дар бисёр мавридҳо фаъолияти хуб зоҳир намуда, ин гуна ҷамъомадҳои саҳроиро хело хуб мегузаронанд. Ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бевосита аз ҳисоби худи донишҷӯён ташкил гардидаанд, ба онҳо имконият медиҳанд, ки эшон худро аз ҳар ҷиҳат нишон дода, соҳиби малакаи ташкилотчигӣ, роҳбарӣ ва ғайра гарданд.

Дар давраҳои гуногуни фаъолият намудани факултет дар назди он таҳти роҳбарии устодон – дотсентон: М.С. Нарзуллоев (ҷонишини декан оид ба тарбия, солҳои 1995-2001) ва К.С.Исоев (ҷонишини декан оид ба тарбия, аз солҳои 2001-2008), муаллимони калон М.Л.Азимов (ҷонишини декан оид ба тарбия, аз соли 2008 то ба имрӯз) ва К. Н. Ниматова (раиси Шӯрои занон ва духтарони факултет, аз соли 2001 то ба имрӯз) аз ҳисоби донишҷӯён дастаҳои гуногуни ҳунарӣ созмон дода шудаанд, ки онҳо ҳангоми ҷашн гирифтани санадҳои дар ҳаёти ҷумҳурӣ ва донишгоҳ муҳим бо барномаҳои рангини хеш баромад намуда, табъи иштирокчиёнро баланд мебардоранд.

Солҳои охир таҳти роҳбарии ҷонишини декан оид ба тарбия муаллими калон Ниматова К.Н. донишҷӯёни факултет дар озмунҳо ва дастаҳои ҳунарӣ дар байни факултетҳои ДМТ баромад намуда, бо муваффақиятҳои калон ноил гардиданд.

Аз ҷумла, айнан ҳамин гуна дастаҳои ҳунарӣ, ки аз ҳисоби донишҷӯёни солҳои 1-4-уми шуъбаи рӯзона созмон дода шуда буданд, дар озмунҳои умумидонишгоҳӣ «Андалеб» (солҳои 1998, 2008,2013) ва «Бонувони Донишгоҳ», ки бахшида ба ҷашнҳои 50,60 ва 65-солагии таъсисёбии Донишгоҳ барпо карда шудаанд, хуб ҳунарнамоӣ намуда, чун гурӯҳи беҳтарин дар ҳайати Донишгоҳ дониста шудаанд.

Имрӯзҳо низ донишҷӯёни факултет таҳти сарпарастии устодон дар ташкилотҳои ҷамъиятии факултет фаъолона ширкат меварзанд. Фаъолияти ҷамъиятии устодону кормандони факултет ва раёсати Донишгоҳ ҳамасола таҳлилу ҷамъбаст шуда, фаъолон бо мукофотҳои гуногуни хотиравӣ ва молиявӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Шӯрои олимони факултет, ки ҳайати он ҳар ду сол аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти факултет нақши ҳалкунанда дорад. Нақшаи кори фаъолияти Шӯрои олимон ҳар сол аз нав таҳия ва тасдиқ мегардад. Тамоми бурду бохти коллективи факултет дар самтҳои таълим, тарбия, таҳқиқотҳои илмӣ ва корҳои ҷамъиятӣ бевосита дар ин Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳисоботи солонаи садорати факултет, мудирони кафедраҳо, раисони КАД, созмонҳои ҷамъиятӣ, муҳокима ва тасдиқи ҳамаи нақшаҳои фаъолияти сохторҳои марбутаи факултет, аз ҷумла докторантҳо, аспирантон, коромӯзон ва боз чандин масъалаҳои дигар тибқи фаъолияти ин шӯро амалӣ карда мешаванд.

Аз солҳои аввали ташкилёбии факултет яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он – гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ба шумор меравад. Устодони факултет дар баробари иҷро намудани корҳои таълиму тарбиявӣ, ҳамчунин ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ хеле ҷиддӣ машғуланд.

Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси илмию омӯзгорӣ мавриди диққати роҳбарияти Донишгоҳ ва факултет қарор дошта, он дар шакли таҳсил дар магистратура, аспирантура ва докторантура амалӣ мегардад. Дар давраҳои гуногуни фаъолияти факултет теъдоди зиёди дастпарварони он дар докторантура, аспирантура ва магистратура таълим гирифтаанд, ки дар байни онҳо намояндагони мамлакатҳои хориҷи дуру наздик (Нигерия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон) низ буданд. Аксарияти онҳо рисолаҳо дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм сазовор гаштаанд.

Феълан дар факултет бо иштироки устодон ва ҷалби бевоситаи докторантон, аспирантон, коромӯзон ва донишҷӯён таҳқиқотҳои хеле мураккаби илмӣ аз рӯи 3 самт ва 5 масоил ба роҳ монда шудааст:

Гузоштани таҷрибаҳо, навиштани лоиҳаҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ дар ташккулёбии донишҷӯён чун мутахассисони соҳаи илм хеле мавқеи калонро мебозанд. Аз ин рӯ, муддати зиёда аз 50 сол мешавад, ки дар назди кафедраҳои факултет маҳфилҳо таҳти унвонии «Ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён» (ҶИД) фаъолият менамоянд. Ин маҳфилҳо сохтори муайяни хешро доро буда, таҳти сарпарастии яке аз устодони ҳар кадом кафедраҳои факултет созмон дода шудаанд. Раиси ҶИД аз байни донишҷӯёни пас аз тақсимот ба ин ё он кафедра рафта, интихоб карда мешавад. Зимни гузаронидани ҷамъомадҳои илмӣ тибқи нақшаи муайянкардашуда ва ё ҳангоми гузаронидани вохӯрӣ бо олимони варзидаи ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он донишҷӯён бо пурсишу гузоришҳо ва маърӯзаҳо баромад намуда, савияи донишандӯзӣ, маҳорати нотиқӣ ва дигар хислатҳои корманди илмиро дар худ ташаккул медиҳанд.

Донишҷӯёни солҳои 3-4-уми таҳсили шӯъбаи рӯзона ва 4-5-уми таҳсили шӯъбаи ғоибона имконияти ба ин маҳфилҳо аъзо шуданро пайдо мекунанд. ҶИД-и факултет дар худ маҳфилҳои донишҷӯёни ҳамаи шаш кафедраҳои онро муттаҳид менамояд. Сарварии маҳфили илмии донишҷӯёни факултетро ба сифати устод-сарвар дар солҳои охир, муаллими калон А.Холбеков ба ӯҳда дорад.

Таҳти сарпарастии муаллими калон А.Холбеков ва бо иштироки донишҷӯёни фаъол дар ин муддат як қатор маҳфилҳо, ҷамъомадҳо ва вохӯриҳо дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ гузаронида шудаанд.

Донишҷӯёни факултет дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳар сол таҳти унвонии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» гузаронида мешавад, фаъолона иштирок мекунанд. Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба чунин чорабиниҳои илмию таълимӣ таи як чанд солҳои охир дар факултет Дастаи олимпии донишҷӯён, ки аз ҳисоби донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона таъсис дода шудааст, фаъолият менамояд. Дар тайёр намудани онҳо ба кори олимпиада ва ташкилу гузаронидани даври якум (даври донишгоҳӣ)-и он саҳми устодони факултет ба монанди: профессорон Устоев М.Б., Ҳ. Юлдошев., дотсентон А.Ҳалимов, Р.Б. Сатторов, А.Қ.Сайфиддинов,Ҷ. Бурҳонов хеле калон мебошад. Маҳз бо саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи ин зумра устодон, донишҷӯёни факултет дар даври ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфуз ширкат варзида, солҳои охир ба гирифтани ҷойҳои аввал (1-ум ва 2-юм) сазовор мегарданд.

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org