ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

Декани факултет, доктори илмҳои педагогӣ, профессор
МУХАМЕТОВ ГАФУР БАБАЕВИЧ

 

 

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки  донишҷӯён, бинои № 10

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

Таърихи пайдоиши факултет

Мавҷудияти факултети филологияи рус бо таъсисебии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ба соли 1948 рост меояд, алокамандии зич дорад. Соли аввали таҳсил дар бинои Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни) гузашта буд. Дар ду соли аввал дар донишгоҳ ҳамагӣ 240 нафар донишҷӯ таҳсил мекард.
Қариб тамоми ҳайати омузгорони факултети таърих-филологияро мутахассисони рус ташкил медод. Бо як ҳисси изату эҳтироми комил метавон олимони зеринро - Астахов Владимир Гаврилович, Горбачевский Антон Антонович, Молчагин Юрий Алесандрович, Филипповская Ирина Алексеевна, Нечаева Ираида Петровна, Яков Ильич Гордон, Ася Григорьевна Гордон, Милявский Борис Лвович да дигаронро ном бурд.
Яке аз аввалин деканхои факултет Владимир Гаврилович Астахов – иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. У тамоми ҳастии худро барои кори дустдоштааш – тайер намудани мутахассисони чавон – омузгорони забон ва адабиети рус, бахшида буд. Дар тули фаъолияти факултет шахсони зерин деканиро ба ухда доштанд: Петрушков В.С., Додихудоев Р.Х., Володина В.А., Молчагин А.А., Горбачевский А.А., Ефимов В.В., Ушаковский В.С., Нагзибекова М.Б.
То соли 1996 факултети забон ва адабиети рус дар ДДМТ фаъолият мекард ва соли 1996 бо сабаби кушодашавии Донишгоҳи (славянии) Точикистон-Русия ба шуъбаи забон ва адабиети рус табдил дода шуд. Мохи сентябри соли 2007 дар ДДМТ дар заминаи шуъбаи забон ва адабиети руси факултети филология, кафедраи филологияи рус ва кафедраи забони русии байнифакултетӣ аз нав факултети забон ва адабиети рус таъсис дода шуд, ки то соли 2015 рохбарии онро д.и.ф., профессор Нагзибекова М.Б. ба душ дошт.
Соли 2015 номи факултетро аз забон ва адабиети рус ба филологияи рус иваз намуданд, ки айни ҳол роҳбариашро д.и.п., профессор Музаметов Г.Б. ба ухда дорад.

Фаъолияити таълимӣ

Фаъолияти таълимии факултети филологияи рус ба самти омодасозии мутахассисон дар чунин сохахо: фаъолияти касбомузи ба монанди забон ва адабиёти рус,назария ва амалияи тарчума равона карда шудааст. Соли 2011 факултет ба системаи думархилаи таълими гузашт ва омодасозии бакалаврхоро аз руи ихтисосхои забон ва адабиёти рус дар макотиби милли, назария ва акмалияи тарчума (рус-точ;точ-рус); мутахассисони назария ва амалияи тарчума (рус-точ;точ-рус;), инчунин магистрхо аз руи барномаи забон ва адабиёти рус дар мактабхои миллӣ равона шудааст.Факултети филология рус инчунин омодакунии мутахасисонро аз руи барномаи доктарантура бо ихтисоси (PhD) рохандози намудааст.

 

Сохтори факултет

Дар айни хол чараёни таълимро панч кафедра ташкил медихад:
1.кафедраи забоншиносии умуми ва типология мукоисави:
2.кафедраи адабиёти чахони:
3.кафадраи методикаи таълимии забон ва адабиёти рус:
4. кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ
5. кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ
Дар факултет кабинетҳои таълимӣ-методӣ ва лингофонӣ, Маркази «Забони русӣ»-и фонди «Русский мир» фаъолит мекунанд.

 

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён – ин иҷроиши рефератҳо, корҳои курсӣ, дипломӣ, корҳои бакалаврӣ ва магистрӣ, тайёр намудани маърузаҳо ва баромад дар конференсияҳо (дохилӣ, донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ), иштирок дар олимпиадаҳои байнидонишгоҳӣ ва ҷумҳӯриявӣ, дар озмунҳо-ро дар бар мегирад. КИТД пайваста бо ҷараёни таълим ба роҳ монда шудааст. Донишҷуён дар чорабиниҳои илмӣ, дар «Ҳафтаи забони русӣ» ва Конференсияи апрелӣ, ки ҳамасола гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок мекунанд.
Омӯзгорони факултет бо донишҷӯёне, ки хоҳиши дар олимпиадаҳои байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карданро доранд, иловатан кор мекунанд. Ин аст, ки якчанд маротиба донишҷуени факултет дар олимпиадаҳои ҷумҳӯриявию байналмилалӣ ҷои аввалро ишғол намуданд. Дарсҳои кушод барои омузгорони забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввар, намоиш-презентатсияҳои забонҳои давлатҳои ИДМ, аз ҷумла забони тоҷикӣ гузаронида шудааст.
Ҳамасола дар замина факултети филологияи рус мактабҳои зимистона ва тобистона барои муаллимони забон ва адабиети руси мактаб ва донишгоҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Дар семинарҳо зиёда аз 250 омузгори забон ва адабиети рус аз муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои олии кишвар иштирок кардаанд. Ба ҳамаи онҳо сертификатҳо супорида шуд.
Дар заминаи факултети филологияи рус конференсияҳои байналмилалӣ, форумҳо гузаронида мешавад, ки дар онҳо олимони варзидаи донишгоҳҳои Россия ва ИДМ ширкат меварзанд.
Омӯзгорони факултет монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо ва мақолаҳои илмӣ-методии худро ба чоп мерасонанд, ки барои донишҷуен ҳангоми навиштани рефератҳо, маърузаҳо ва корҳои контролӣ ёрӣ мерасонанд.


Фаъолияти байналмилалӣ

Ҳайати омӯзгорони факултет бо тамоми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, бо «Общесто дружбы Таджикистан-Россия», намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, Донишгоҳи давлатии педагогии Санкт-Петербург ба номи А. Гертсен, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Донишгоҳи педагогии Тула ба номи Л.Н. Толстой ва ғ. ҳамкорӣ мекунад.


 

КАФЕДРАИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ ВА ТИПОЛОГИЯИ МУҚОИСАВӢ

 

Мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ, доктори илмхои педагогика, дотсент

РӮЗИЕВА ЛОЛА ТОЛИБОВНА

 

 

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Бини Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 10, утоқи 301.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Таърихи таъсисёбии кафедра

Кафедра соли 1948 баробари шӯъбаи забон ва адабиёти русӣ назди факултети таъриху филология таъсис ёфтааст. Сараввал он кафедраи забони русӣ номгузорӣ шуда буд ва дар он аз ҳамагуна фанҳои забоншиносӣ дар факултети забон ва адабиёти рус ва ҳамчунин таълими забон ва адабиёти рус дар дигар факултетҳо ба роҳ монда шуда буд. Соли 1963 дар пояи кафедраи мазкур кафедраҳои забоншиносии русию ва славянӣ ва забони русӣ (умумидонишгохӣ) таъсис дода шуд. Солҳои 80-ум дар кафедра 8 нафар устод кору фаъолият дошт. Аз онҳо 7 нафар номзади илм: А. А. Бодрова,Т.Е. Горбачевский, В. Пометун – аз соли 1954, И. А. Филипповская аз соли 1952, П. А. Клубков, В.С.Ушаковский, М.В.Шамсиева, 1нафар ассистент ва баъдан дотсент Л.И.Степенкова буданд.
Мутахассисоне, ки дар солҳои гуногун дар кафедра фаъолият доштанд: Г.И.Коляда-доктори илмҳои филологӣ, профессор, яке аз мутахассисони шинохтаи таърихи чопи китоби славянҳои шарқӣ; номзади илмҳои филологӣ, дотсент С.Д.Арзуманов, донишманди лексикологияи эронӣ ва грамматикаи қиёсӣ; номзади илмҳои филология, дотсент А.К.Власов (солхои 1910 - 1982), аз соли 1957 то 1978 мудири кафедраи забоншиносии русӣ ва славяниро ба ӯҳда дошт, мутахассиси забоншиносии умумӣ ва славянӣ, таърихи забони русӣ; Б.И.Казаков - номзади илмҳои педагогика, дотсент, солҳои 1969-1972 мудири кафедра; номзади илмҳои филологӣ, дотсент А.А.Никольский (баъдтар мудири кафедраи Институти педагогии Рязан), мутахассиси таърихи забони адабии рус, синтаксиси нутқи шифоҳии русӣ.
Пас аз таъсисёбии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон факултети филологияи рус фаъолияти худро дар ДМТ қатъ кард ва кафедра фаъолияти минбаъдаи худро дар заминаи факултети филология идома дод (1996-2007). Роҳбарии онро д.и.ф., профессор Нағзибекова Меҳриниссо Бозоровна ба ӯҳда дошт.
Соли 2007 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети забон ва адабиёти рус аз нав таъсис дода шуд. Дар заминаи он кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ ташкил ёфт, ки роҳбарии онро д.и.п., дотсент Рӯзиева Л.Т.ба ӯҳда дорад.
Ҳоло кафедра бо чунин мутахассисони варзидаи худ ифтихор мекунад: доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Рӯзиева Л.Т.; доктори илмҳои педагогӣ, профессор Негматов С.Э.; номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентҳо: Ашмарина Л.В.; Нурматова Д.С., Бабаева Р.Н.; муаллимони калоне, ки собиқаи зиёди корӣ доранд: Маҳмудова Ф.К., Шарипова С.С. ва омӯзгори ҷавон Буранова З., ки дар тарбияи мутахассисони оянда – филологҳо ва муаллимони забон ва адабиёти рус саҳми арзанда мегузоранд.


Фаъолияти таълиму тарбия

Самти асосии фаъолияти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ аз тайёр намудани омӯзгорони забон ва адабиёти рус, тарҷумонҳои забони русӣ ба тоҷикӣ ва аз точикӣ ба русӣ.
Аз соли 2010 дар кафедра магистратура аз рӯи барномаи «Русский язык и литература», ки дорои иҷозатномаи (лисензия) Вазорати маориф ва илми ҶТ аст, фаъолият менамояд ва дар ҳамин сол тайёр намудани магистрҳоро дар донишгоҳҳои шабакавии ИДМ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия аз рӯи барномаи «Русский язык и литература» (Забон ва адабиёти рус) шурӯъ намуд.


Ҳайати профессорону устодон

Дар айни хол дар кафедра 8 нафар омӯзгор ва як лаборант кор мекунанд:
Рӯзиева Лола Толибовна – д.и.п., дотсент (мудири кафедра)
Негматов С.Э. – д.и.п., профессор
Ашмарина Людмила Владиславовна – н.и.ф., дотсент
Бабаева Рохат Наимовна – н.и.п., дотсент
Нурматова Дилбар Саидовна – н.и.п., дотсент
Шарипова Саодат Сайдулоевна – муаллими калон
Маҳмудова Фирӯза Қосимовна – муаллими калон
Буранова Зулфия – ассистент


Кори таълими-методӣ

Дар назди кафедра чунин маҳфилҳо фаъолият доранд:
Шӯрои илмию методӣ (ШИМ). Вазифаи асосии ШИМ аз гузаронидани санҷиши илмӣ ва илмию методӣ ва баррасии мусаваддаҳои корҳои илмию методии ба нашр тайёр шудаи кафедра иборат мебошад. Дар доираи семинари методӣ ҳар моҳ маърӯзаҳо ва маълумотҳои омӯзгорон оид ба масъалаҳои соҳаи забоншиносӣ ва педагогӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Маърӯзагарон бо таҷрибаи бойи худ иштирокдоронро шинос ва дар бораи усулҳои самаранокии ташкили корҳои таълимӣ суҳбат меороянд ва бо адабиёти методии нав оид ба проблемаи пешниҳодкардашуда дигаронро шинос мекунанд.:
Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фарогири донишҷӯёни курси якуми факултетҳои гайрифилологӣ буда, аъзоёни маҳфил оид ба рӯзҳои ҷашн шабнишиниҳои мавзӯӣ баргузор менамоянд, лаҳзаҳои мусиқиву адабӣ ба забони русӣ шунавонида шуда, рӯзномаҳои деворӣ ба нашр мерасонанд.
Маҳфили илмии “Лингвист”, ки роҳбарии онро дотсент Бобоева Роҳат Наимовна ба уҳда дорад.

 

Кори илмӣ-таҳқиқотии кафедра

Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи самти «Илмҳои филологӣ», дар мавзӯи «Забоншиносии умумӣ ва мукоисавӣ дар шароити ҶТ» сурат гирифтааст.
Натиҷаи кори илмию тадқиқотии омӯзгорони кафедра ба нашр расонидани монографияҳо, китобоҳи дарсӣ ва инчунин нашри мақолаҳои илмию методӣ дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ мебошад, ки донишҷӯён барои тайёр кардани фишурдаҳо (рефератҳо), маърӯзаҳо, корҳои эҷодӣ ва санҷишӣ, корҳои курсӣ, кори хатмӣ, рисолаи дипломӣ ва рисолаи магистрӣ аз онҳо чун манбаъ истифода мекунанд.
Устодони кафедра ба китобҳои дарсӣ, монографияҳо, рисолаҳо, васоити таълимӣ ва методие, ки на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз он низ нашр мешаванд, ба онҳо тақриз менависанд.
Кафедраи мазкур яке аз кафедраҳои тахассусии маъруф дар соҳаи забоншиносии умумӣ ва муқоисаи типологии кишвар маҳсуб ёфта, дар он муҳаққиқони ҷавон аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – муқоисаи таърихӣ, типолгӣ ва забоншиносии қиёсӣ рисолаҳои илмии худро муҳокима ва омодаи дифоъ мекунанд. Дар се соли охир дар кафедра чандин рисолаҳои илмии соҳавӣ муҳокима ва ба дифоъ пешбарӣ гардидаанд.

 

Осори устодон
Китоби дарсӣ ва васоити таълим:

Бабаева Р.Н. Русский язык для 10 класса средних общеобразовательных учреждений с таджикским языком обучения. Душанбе: Маориф, 2019. – 276 с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. Учебно-методические материалы для дистанционного обучения. Учебное пособие. Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. - 80с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С. и др. Практический курс русского языка для филологических факультетов (издание переработанное) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Ходжиматова Г.М. Работаем самостоятельно: учебное пособие для студентов неязыковых специальностей. - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 168с.
Бабаева Р.Н. Современный русский язык (фонетика и лексикология) Душанбе, 2019 г. -156с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для юридических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для экономических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для медицинских и фармацевтических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для геологических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для биологических и химических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
Рузиева Л.Т., Негматов С.Э., Ашмарина Л.В., Бабаева Р.Н., Шарипова С.С., Махмудова Ф.К., Буранова З.А. Методическое пособие по написанию курсовых и выпускных квалификационных работ - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 42с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С. Русский язык. Образцы лингвистического разбора - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 88с.
Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипова С.С., Махмудова Ф.К., Буранова З.А. Практический курс русского языка (2 часть) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 140с.

Ҳамкории байналминалӣ

Кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ бо созмонҳо ва маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ҳамкории амиқ дорад. Дар кафедра донишҷӯён ва магистрҳои хориҷӣ корҳои илмиро омода мекунанд. Устодони кафедра пайваста осори худро барои маҷаллаҳои Россия ва ИДМ омода месозанд.


 

КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ЧАҲОН

 

Мудири кафедраи адабиёти чаҳон номзади илмҳои филологū, дотсент

РАХИМОВА РОБИЯ ДОДОВНА

 

 

Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯён, бинои  № 10

E-mail: кЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Таърихи таъсисёбии кафедра

Дар заминаи кафедраи филологияи рус соли 2007 баробари таъсиси факултаи забони русӣ ва адабиёт кафедраи адабиёти ҷахонӣ таъсис дода шуд.
Таърихи кафедраи мазкур бо таърихи факултаи забон ва адабиёти рус зич алоқаманд аст. Дар замони шӯрави кафедраро устодони маъруф, аз қабили адабиётшиносон Петрушков Виктор Викторович, Астахов Владимир Гаврилович, Ефимов Виктор Васильевия, Петрушкова Виктория Викторовна роҳбарӣ кардаанд. Инчунин дар кафедра адабиётшиносони маъруф ба мисоли Милявский Борис Лвович, Володина Валентина Ананевна, Дик Валентина Яковлена, Исаев Геннадий Григорьевич, Сиганова Олга Петровна ва дигарон ко рва фаъолият кардаанд. Айни замон кафедраро Раҳимова Р. Д. рохбарӣ мекунад. Дар кафедра омӯзгороне кор мекунанд, ки тамоми умри худро сарфи таълиму тарбия кардааанд: Муллоҷонова Закия Алимовна, Тамара Мунавваровна Шагадаева, Ҳасанова Олмахон Акрамовна, Раҳмонов Ҷамшед.
Самти фаъолияти илмии кафедраи адабиети чахонӣ: «Қонуниятхои инкишофи адабиёти чаҳон». Мавзуи умумӣ: «Хусусиятҳои жанриву услубии адабиёти рус ва тарчума». Дар кафедра фанҳои зерин хонда мешаванд:
Введение в литературоведение
Русское устное народное творчество
Древнерусская литература
Литература 18 века
Литература 19 века
Литература 20 века
Современная русская литература
Спецкурсы и спецсеминары
ДПВ по литературе
Зарубежная литература
Ҷамъияти илмии донишчуён, донишчуёнро бо ду самт: «Тарчумон» - (роҳбар-дотсент Муллоҷонова З. А.) ва «Филолог» - (рохбар - дотсент Раҳимова Р. Д.) якҷоя мекунанд. Дар ҷалласаҳои Ҷамъияти илмии донишҷуй, донишҷуён малакаи корҳои илмиву тадкикотиро меомӯзанд. Донишҷуён интихоби адабиётро бо мавзӯи додашуда, ошкор намудани мухтасари мазмун, бо эзоҳ дар поварақ, бо муқоисаи андешаҳои гуногун оид ба ин ё он масъала, таҳлили филологии асарҳои бадеи адабиётро мемӯзанд.

Фаъолияти таълимиву методӣ

Дар назди кафедра маҳфилҳои гуногун, аз қабили «Маҳфили омӯзгори ҷавон» таҳти роҳбарии Шагадаева Т. М. фаъолият мекунад, ки мақсади асосиаш аз ташкили кор бо омӯзгорони ҷавон, дарёфт ва рушду инкишофи малакаи омӯзгории онҳо иборат мебошад. Машғулиятҳо тибқи ҷадвали пешакӣ тасдиқгардида ба роҳ монда шудаанд.

 

Шӯрои илмиву методӣ (ШИМ)

Вазифаи асосии ШИМ, ки роҳбарии онро Муллоҷонова З.А. бар ӯҳда дорад, аз гузаронидани ташхиси корҳои илмӣ, методии барои чоп пешниҳодшавандаи омӯзгорони кафедра иборат мебошад. Дар доираи семинарҳои методӣ ҳар моҳ маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои гуногуни мубрами соҳаи адабиётшиносӣ ба муҳокимаи ва баррасии аъзоёни кафедра пешниҳод мегарданд. Маърӯзачиён мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи андӯхтаашонро ҷиҳати самарнокӣ ва сифати усулҳои таълим нақл карда, ҳамкасбони худро бо усулҳои нави таълим ва таҳқиқи адабиёт ошно мекунанд.

 

Ҷамъияти илмии донишҷӯён

Ҷамъияти илмии донишҷӯён аз рӯйи ду самт бо донишҷӯёнро даври ҳам меоварад: Маҳфили илмии «Тарҷумон» - роҳбари илмиаш дотсенти кафедра Муллоҷонова З.А. ва маҳфили «Филолог» - роҳбари илмиаш дотсент Раҳимова Р.Д. Дар ҷалласаи ин маҳфилҳо тибқи нақшаи пешниҳодгардида донишҷӯён ба андӯхтани малакаи бурдани корҳои илмиву тадқиқотӣ машғул мебошанд. Донишҷӯён дар ҷараёни кор дар маҳфил нозукиҳои интихоби адабиётро аз рӯйи мавзӯи интихобшуда, гузоштани поварақ, муқоиса ва таҳлилу баррасии андешаҳои мухталиф, таҳлили асари бадеӣ ва ғайраро меомӯзанд.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедра

Дар кафедра корҳои илмӣ дар самти «Илмҳои филологӣ» оид ба мавзӯи «Пажӯҳиши масъалахои адабиёти ҷахонӣ» бурда мешавад.
Натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотии устодони кафедра аз нашри рисолахо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, инчунин мақолаҳои илмиву методӣ иборат аст, ки ба донишҷӯён баҳри навиштани корҳои илмиву таҳқикотӣ (рефератҳо, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, корҳои магистрӣ ва ғ.) кӯмаки бевосита мерасонад.
Устодони кафедра ба дастурҳои таълимӣ, рисолаҳо ва дигар намуди корҳои илмиву методии муҳаққиқон берун аз донишгоҳ ва кишвар тақризҳо менависанд.
Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои зерин таҳия ва чоп гардидаанд:
1. Муқаддимаи адабиётшиносӣ
2. Эчодиёти шифоҳии халки рус
3. Таърихи адабиёти рус дар асри 19
4. Таърихи адабиёёти руси асри 20
5. Таърихи танқиди адабии рус
6. Таърихи адабиёти хориҷӣ
7. Назарияи адабиёт
8. Курси амалии адабиёти рус
9. Таърихи адабиёти рус ва масъалахои тарҷумаи он
10. Асосхои тарҷумаи бадеӣ
Корҳои чопии устодони кафедра
Китобхо ва маводхои таълимӣ:
1. Рахимова Р.Д ., Шагадаева Т. М., Рахмонов Дж. Курси амалии адабиёти рус. Душанбе 2019. 136 с
2. Хомидова Т.М. Лексикаи бемуодил, иборахои рехтаи забони рус и ва тарзи тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ. Душанбе 2019. 128с
3. Раҳимова Р.Д., Шагадаева Т.М, Хасанова О.А, Раҳмонов Ҷ.А. Таърихи адабиёти рус. Душанбе. 2019. 147с
4. Ҳасанова О. А. Назарияи адабиёт. Душанбе. 2019. 117с

Ҳамкориҳои байналхалқӣ

Кафедраи адабиёти чахони хам бо ташкилотҳо, маҷаллаҳои давлатӣ ва бо ташкилотхои хориҷӣ робитаи зич дорад. Дар кафедра донишҷӯён ва магистрҳо аз давлатҳои хориҷӣ тахсил мекунанд. Устодони кафедра мунтазам мақолаҳояшонро дар маҷаллаҳои Федератсияи Руссия ва ИДМ ба чоп мерасонанд.

 

 

КАФЕДРАИ  ЗАБОНИ  РУСӢ  БАРОИ  ФАКУЛТЕТҲОИ ҒАЙРИФИЛОЛОГӢ

 

Мудири кафедраи забони русӣ барои факултетҳои  ғайрифилологӣ, номзади илмҳои филология, дотсент

АТАКУЛЛАЕВ УСМОН ИСМАИЛОВИЧ

 

 

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Бини Ҳисорак, Шаҳраки  донишҷӯён, бинои 10, утоқи  324.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

Таърихи таъсисёбии кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ

Кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) соли 1948 дар назди факултети таъриху филология таъсис ёфтааст. Соли аввали таҳсил дар бинои Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) баргузор гардида буд. Ду соли аввали таҳсил дар донишгоҳ ҳамагӣ 240 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Мудири кафедраи мазкурро сокини шаҳри Ленинград, номзади илмҳои филология, дотсент Власов Александр Константинович ба ӯҳда дошт. Дарсҳои забони русиро устодон ҳам дар факултети таъриху филология ва ҳам дар факултетҳои табиатшиносӣ мегузаштанд.
Соли 1965 рохбарии кафедра яке аз эроншиноси машҳури совети ва Россия Раҳим Халилович Додхудоев ба уҳда дошт. Дар кафедра омӯзгорони варзида ва соҳибтаҷриба, чун: Қосимова Зебо Абдуҳакимовна, Ишанхоҷаева Роҳбар Саидовна, Сараева, Вирская Нелли Ильинична, дотсентҳо Садыкова Қумри Норматовна, Ибрагимова Муҳаббат Саидовна кору фаъолият мекарданд.
Аз соли 1969 роҳбарии кафедраро бар зимаи устоди варзида ва машҳури шӯравӣ, яке аз ҳаммуалифони китоби дарсӣ барои гурӯҳҳои миллии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, «Курси амалии омӯзиши забони русӣ» («Практический курс русского языке») профессор Рахматуллин Рашид Гениатович вогузоштанд. Дар замони роҳбарии ӯ сатҳи илмӣ ва таълимии кафедра хеле баланд гардида, теъдоди устодони унвондору дараҷаи илмӣ дошта, яъне номзадҳои илм ва докторони илм зиёд мегардад.
Профессор Рахматуллин Р. Г. беш аз 20 сол роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт. Бояд қайд кард, ки ин кафедра яке аз кафедраҳои асосӣ ва бунёдӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи ин кафедра, ки дорои сатҳи баланди илмӣ ва таълимӣ буд, чандин кафедраҳои нави марбут ба забон ва адабиёти рус таъсис ёфтаанд. Таҳти роҳбарии профессор Рахматуллин Р. Г. беш аз 70 нафар номзади илм ва доктори илмҳои педагогика ва филология омода карда шудааст.
Дар солҳои 90-уми асри XX ба вазъи бади сиёсиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, дар кафедра фаъолияти таълимӣ ва илмӣ пеш меравад ва дар ин давр роҳбарии кафедраро пас аз профессор Рахматуллин Р. Г. муаллими калон А. Назаров бар дӯш мегирад. Фаъолияти роҳбарии ӯ то соли 2003 идома меёбад.
Моҳи феврали соли 2003 дар асоси озмун вазифаи мудири кафедра бар дӯши номзади илмҳои педагогика, дотсент Мухаметов Г. Б. вогузошта мешавад. Дар замони роҳбарии Мухамметов Г. Б. васоити таълим аз забони русӣ ва чандин маҷмӯи мақолаҳои устодон нашр мегарданд ва аз байни устодони ҷавон чанд нафар рисолаи номзадиашонро дифоъ карда, ҷанбаи таълимӣ ва илмии кафедраро устувор мегардонанд. Аз соли 2012 то соли 2018 вазифаи мудири кафедра бар дӯши номзади илмҳои филология, дотсент Рузиева Лола вогузошта мешавад.
Моҳи сентябри соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) дар заминаи шӯъбаи забон ва адабиёти руси факултети филология, кафедраи филологияи рус ва кафедраи умумидонишгохии забони руси факултети забон ва адабиёти рус аз нав таъсис ёфт. Бо қарори Шӯрои олимони ДДМТ кафедраи мазкур номи кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайризабонӣ гирифт.
Дар байни устодони кафедра устодоне ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ дар кафедра ба сифати устод фаъолият доранд ва бурду бохти кафедра бо номи онҳо сахт вобаста аст. Бо эҳтироми бепоён ва бо сипосгузории бардавом метавон номҳои устодони зеринро ба забон овард, ки тамоми ҳастӣ, қудрату тавоноии хеш ва сайъю кӯшиши худро ба тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси донишгоҳ бахшидаанд: Роҳбар Саидовна Ишанхоҷаева, Зебо Абдуҳакимовна Қосимова, Қумрӣ Норматовна Содиқова, Муҳаббат Саидовна Иброҳимова, Майя Мукарамовна Зоидова ва чанде дигарон.
Гуфтан ҷоиз аст, ки соли 1998 дар кафедра ҳамагӣ 15 нафар омӯзгор кор мекард ва ин миқдор соли 2019 ба 24 нафар расид.
Пас аз санҷиши (аттестатсияи) давлатӣ соли 2012 кафедраи мазкур номи кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологиро соҳиб гашт ва то имрӯз бо ҳамин ном фаъолият дорад.

 

Фаъолияти таълиму тарбия

Кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҳамаи факултетҳои ДМТ нақши худро мегузорад. Омӯзгорони кафедра аз фанни «Забони русӣ» барои донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ дарс медиҳанд.
Ҳайати омӯзгорону устодон
Айни ҳол дар кафедра 23 нафар омӯзгор ва 1нафар лаборант кор мекунанд:
1. Атакуллаев У. И.-н. и. п. (мудири кафедра)
2. Мухаметов Г. Б. - д. и. п., профессор (декани факултет)
3. Содиқова Қ. Н. – н. и. п. дотсент
4. Ҷӯраева О. В. - н. и. п., дотсент
5. Назаров А. Н. – н. и. п., дотсент (роҳбари маҳфили Русское слово)
6. Розикова С. Р. – н. и. п. , дотсент
7. Шосафарова Г.Г. – н. и. ф., дотсент
8. Мирзоев А.М. – н. и. п., дотсент
9. Джамирова Л. И. – н. и. ф., муаллими калон
10. Ҳасанова Ш.Р.- н. и. ф., омӯзгор
11. Зоидова М. М. – муаллими калон
12. Бахриддинова Г.М. – н. и. п., муаллими калон
13. Бубиев Х.М. - н. и. п., дотсент
14. Ходжаева С.М. - омӯзгор
15. Юлдошева Л.У. –омӯзгор
16. Ғарибова М.А.- омӯзгор
17. Гулмирзоева З.У. – омӯзгор
18. Раҳмонов С.Х. - омӯзгор
19. Қурбонова П.М. – омӯзгор
20. Нозилшоев Ҷ.Б. - омӯзгор
21. Ҳасанова Ш.Р - омӯзгор
22. Рахмонов Ҷ. А. – омӯзгор
23. Ҷалолов Д.Ш. – омӯзгор
24. Султанова М.О. – лаборант

 

Кори таълимӣ-методӣ

Дар назди кафедра фаъолият доранд:
• Маркази машваратии муаллимони калон (ММК) дар факултетҳо. Вазифаи асосии ММК ташкил кардани кори таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, ташкилию тарбиявӣ ва таълимию тадқиқотии омӯзгорон, муҳайё сохтани шароит барои омӯзиши фанни «Забони русӣ».
• Мактаби омӯзгорони ҷавон (МОҶ). Хизмати методӣ ба муаллимони ҷавон ва омӯзгорони навшогирд дар МОҶ, шогирдтайёркунӣ аз тарафи устодони ботаҷриба ташкил карда шудааст. Мақсади асосии машғулиятҳо дар Мактаб - боварӣ ба муваффақият, дар ниҳоди ҳар як омӯзгор ёфтани он нерӯе, ки барои мутахассиси хуб шудан ба ӯ кӯмак мерасонад.
• Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фарогири донишҷӯёни курси якуми факултетҳои гайрифилологӣ буда, аъзоёни маҳфил оид ба рӯзҳои ҷашн шабнишиниҳои мавзӯӣ баргузор менамоянд, лаҳзаҳои мусиқиву адабӣ ба забони русӣ шунавонида шуда, рӯзномаҳои деворӣ ба нашр мерасонанд.

• Шӯрои илмию методӣ (ШИМ). Вазифаи асосии ШИМ аз гузаронидани санҷиши илмӣ ва илмию методӣ ва баррасии мусаваддаҳои корҳои илмию методии ба нашр тайёр шудаи кафедра иборат мебошад. Дар доираи семинари методӣ ҳар моҳ маърӯзаҳо ва маълумотҳои омӯзгорон оид ба масъалаҳои соҳаи забоншиносӣ ва педагогӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Маърӯзагарон бо таҷрибаи бойи худ иштирокдоронро шинос ва дар бораи усулҳои самаранокии ташкили корҳои таълимӣ суҳбат меороянд ва бо адабиёти методии нав оид ба проблемаи пешниҳодкардашуда дигаронро шинос мекунанд.

Кори илмӣ-тадқиқотии кафедра

Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи самти «Илмҳои филологӣ» сурат гирифта, дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълим дар машғулиятҳои забони русии донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ» пайваста баргузор мегардад. Натиҷаи кори илмию тадқиқотии омӯзгорони кафедра ба нашр расонидани монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва инчунин нашри мақолаҳои илмию методӣ дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ мебошад, ки донишҷӯён барои тайёр кардани фишурдаҳо (рефератҳо), маърӯзаҳо, корҳои эҷодӣ ва санҷишӣ, корҳои курсӣ, кори хатмӣ, рисолаи дипломӣ ва рисолаи магистрӣ аз онҳо чун манбаъ истифода мекунанд. Устодони кафедра ба китобҳои дарсӣ, монографияҳо, рисолаҳо, васоити таълимӣ ва методие, ки на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз кишвари мо нашр шудаанд, тақризҳои мусбат менависанд ва барои нашри онҳо тавсияҳо медиҳанд. Бо ин роҳ ҳамкории илмиву таълимӣ бо кафедраҳои забони русии дигар донишгоҳҳо ба роҳ монда шудааст.

Осори устодон

1. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И., Гулмирзоева З.У. Практический курс русского языка - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 140с.
2. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. Учебно-методические материалы для дистанционного обучения. Учебное пособие. Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. - 80с.
3. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для юридических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
4. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для экономических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
5. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для медицинских и фармацевтических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
6. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для геологических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
7. Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И. и др. Практический курс русского языка для биологических и химических специальностей (профессиональная сфера общения) - Душанбе. ООО «Абдулло и Искандар К». 2019. 174с.
8. Атакуллаев У.И., ШосафароваГ.Г.Учебное пособие по научному стилю речи для студентов – физиков. Душанбе, ООО « Абдулло и Искандар Ко». 2019. 110с.
9.Атакуллаев У.И., ШосафароваГ.Г.Учебное пособие по научному стилю речи для студентов – математиков. Душанбе, ООО « Абдулло и Искандар Ко». 2019. 135с

 

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ОМУЗИШИ ЗАБОН ВА АДАБИЕТИ РУС

 

Мудири кафедраи методикаи омузиши забон ва адабиети рус, доктори илмхои педагогū, профессор

ХОҶИМАТОВА ГУЛЧЕҲРА МАСАИДОВНА

 

 

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри  Душанбе,  Шаҳраки донишҷӯён, корпуси 10, аудиторияи 322.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Таърихи кафедра

Кафедраи методикаи омỹзиши забон ва адабиёти рус соли 2007 дар пойсутуни факултаи забон ва адабиёти рус ташкил ётааст. Мудири ин кафера, номзади илмҳои педагогū, досент Исмаилова Мухбира Яхьёевна таъин шуда буд. Бо роҳбарии ин зани кордида як коллектив, иборат аз шаш нафар устодон ва кормандони ботачриба ба кор қабул карда шуданд.
Кафедраи методикаи омузиши забон ва адабиёти рус дар корпуси 10-уми Шахраки донишчуён чойгир шудааст. Устодони кафедра дар чунин факултахо дарс мегуянд: забон ва адабиёти рус, журналистика, забонхои Осиё ва Аврупо, филологияи точик, фалсафа, муносибатхои байналхалки ва таърих.
Аз соли 2009 рохбарии ин кафедраро доктори илмхои педагоги, професор Ходжиматова Гулчехра Масаидовна ба ухда дорад. Дар кафедра устодоне кор мекунанд, ки тамоми умрашонро ба тарбияи мутахасисони баландихтисос равон кардаанд. Бо як ифтихори бехамто ва минатдории бепоён он устодоне ки хаёт ва хастии худро ба тарбияи мутахасисони баладихтисос бахшидаанд номбар менамоем.

Хайти професорон ва устодони кафедра

Агар соли 2009 дар кафедра хамаги 6 нафар устодон кор карда бошанд, соли 2013 шумораи онхо ба 11 нафар расидааст: доктори илмхои педагоги прфесор Ходжиматова Г.М., ду нафар номзади илм: ИсмоиловаМ.Я., Абдуллоева Т.М.; ду нафар устодони калони кафедра: Абдурасулов З.А., Мирзоева Х.Х., 6 ассистенти кафедра Хабибова М.О., Сафарова М.А., Амирова П.Н., Эльчонов А.Т., Рахматуллоева Ф.А., Хусейнова Ф.Р. Танхо дар солхои 2010 - 2012 чор нафар аъзони кафедра рисолаи илми ҳимоя кардаанд: як рисолаи доктори (Ходжиматова Г.М.), ва се рисолаи номзади илм ( Холикова З.К., Бубиев Х.М., Абдуллоева Т.М.)
То ин дам, доктори илмхои педагоги, профессор, Ходжиматова Г.М. корхои илмии муаллимони чавон аспирантон : – Сафарова М., Термезов С., Ходжаева С.,ва инчунин корхои илмии унвончуён Хабибова М.О., Файзуллоева Ф. ва дигаронро рохбари менамоянд.
Аз тарафи устодони кафедра, китобхои методи-омузиши чоп карда шудааст:
1. Ходжиматова Г.М., Мухаметов Г.Б. и др. Русский язык для неязыковых вузов Таджикистана: Учебник .-Душанбе: Эрграф, 2019.-480
2. Ходжиматова Г.М., Абдуллаева Т.М., Исмоилова М.Я. и др. Методические разработки по русскому языку для студентов гуманитарных факультетов/ под ред. д.п.н. Ходжиматовой Г.М.- Душанбе: Сифат, 2019.-190 с.
3. Ходжиматова Г.М., Абдуллаева Т.М., Исмоилова М.Я. и др. Самостоятельно читаем :учебное пособие/ Под ред. Ходжиматовой Г.М.- Душанбе, 2019.- 198 с.
4. Ходжиматова Г.М., Абдуллаева Т.М., Исмоилова М.Я. и др. Учебно-методический комплекс по русскому языку для студентов дистанционного обучения/ Под ред. Ходжиматовой Г.М.- Душанбе, 2019.-99 с.

Фаъолияти илми-методи:

Дар пойсутуни кафедра фаъолият менамоянд:
- Курсҳои баланд бардоштони сатҳи илмомузии муаллимони забони руси барои мактабҳои миёна ва макотиби олū. Максади аввалиндарачаи ин курсхо ташкил намудан ва баланд бардоштани сатхи илмии устодон дар тарбияи донишчуён, ташкил намудани шароит барои омузиши чунин фанхо, ба монанди «Забони руси».
- Шỹрои илми-методū. Вазифаи аввалиндарачаи ин шуро, ин гузаронидан ва экспертиза намудани корхои илми-методи, маколаю маърузахо, ки аз тарафи кормандони кафедра ба чоп пешниход карда мешавад. Дар семинархои методи, хар мох маъруза ва маколахо оиди проблемахои лингвистика ва дарсхои педагоги, бахсу мунозирахо гузаронида мешаванд. Маърузачиён аз ко рва фаъолияти худ накл намуда, хамкорони худро аз навоварихо адабиётми методи ошно месозанд.
Чамъияти илмии донишчуён. Ин чамъияти илми донишчуёнеро ки шавкманд ба навоварихо дар сохаи лингвистика, забон ва адабиёти рус рух медихад, мутахид месозад ва асоси маҳфилхои забони руси мебошанд. Онхо ба хар як чорабини бо кушиши зиёд тайри дида баромад менамоянд. Дар ин чорабинихо на танхо донишчуён, балки талабагони мактабхои миёна фаъолона иштипрок менамоянд. Рохбарии маҳфилхои муаллими чавони кафедра Сафарова М. ба ухда дорад. Дар чамъомадхои маҳфилхо донишчуён бо маърузахои худ баромад карда, онхоро мутолеа менамоянд.

Фаъолияти таҳқиқоти илмӣ

Дар кафедара тахкикоти илми аз руи мавъзуи «Разработка лингводидактических основ обучения русскому языку в таджикской аудитории».
Натичаи ин тахкикоти илми устодон ва муаллимони кафедра чоп намудани монографияхо, китобхои дарси ва инчунин чопи маколахо , ки дар навиштани реферат, маърузахо, корхои санчишū донишчуён ёри мерасонад.
Устони кафедра ба китобхо, рисолахои илмū, монографияхо, китобхои методū, ки на танҳо дар мамлаки мо, балки берун аз он низ тақриз менависанд.
Иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо, чамомадҳо ва симпозиумҳо:
Устодони кафедра, ки дар факултаҳои гуманитарū дарс мегỹянд, фаъолона дар конференсияҳои байналхалки, чумҳуриявū ва байни макотиби оли фаъолона иштирок менамоян.

 

КАФЕДРАИ ТАРҶУМА ВА МУОШИРАТИ БАЙНИФАРҲАНГӢ

 

Мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент

ТЕШАЕВ ХАЁМ ИКРОМОВИЧ

 

 

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, Шаҳраки донишҷуён, бинои № 10

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Таърихи пайдоиши кафедра

Бо қарори Шурои олимони ДМТ аз 28 январи соли 2017 № 07 ш. Душанбе дар факултети филологияи рус кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ таъсис ёфт.
Бо фармони ректори ДМТ аз 21 феврали соли 2017 № 55-6 номзади илмҳои филологӣ Тешаев Хаём Икромович мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ таъин шуд.

 

Фаъолияти таълимӣ

Кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангӣ дар тайёр кардани мутахассисони соҳибмаълумот дар факултетҳои филологияи рус ва филологияи тоҷики ДМТ саҳмгузор мебошад. Омӯзгорони кафедра аз фанҳои зерин дарс мегуянд:
«Забоншиносии умумӣ»
«Муқаддимаи забоншиносӣ»
«Ҷанбаҳои забонии тарҷума»
«Курси амалии тарҷума»
«Забони муосири рус»
«Услубшиносии забони русӣ ва тоҷикӣ»
«Тарҷумаи матнҳои забоншиносӣ»
«Тарҷумаи шифоҳӣ»
«Таҳрири матнҳои тарҷумашуда»
«Тарҷумаи хаттӣ»
«Тарҷумаи матнҳои иқтисодӣ»
«Назарияи тарҷума»
«Тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ»
«Назарияи ва амалияи тарҷума»
«Забони русӣ»
«Тарҷумаи синхронӣ»
«Курси амалии забони русӣ»
«Тарҷуманигории муосир»
«Тарҷумаи матнҳои дипломатӣ»
«Тарҷумаи матнҳои расмӣ»
«Асосҳои муоширати байнифарҳангӣ»

 

Ҳайати омӯзгорони кафедра

Айни замон дар кафедра 5 омӯзгор ва 1 лаборант фаъолият менамоянд.
Тешаев Хаём Икромович – н.и.ф. (муд. кафедра)
Нагзибекова Мехринисо Бозоровна – д.и.ф., профессор
Мирзоева Махин Меликовна – н.и.ф., доцент
Собирова Фарзона Асомудиновна – н.и.ф., доцент
Холикова Зухро Кенджаевна – докторант

 

Фаъолияти таълимӣ-методӣ

Дар назди кафедра маҳфилҳои зерин фаъолият мекунанад:
Маҳфили «Тарҷумони ҷавон». Роҳбарии ин маҳфилро н.и.ф. Собирова Ф.А. ба душ дорад. Аъзоени он донишҷуёни ихтисоси назария ва амалияи тарҷумаи факултети филологияи рус мебошанд. Дар нақшаи кории маҳфили мазкур ҳамаи идҳои давлатӣ ва дигар мавзӯҳои роҷеъ ба тарҷумонӣ дарҷ гардидаанд.
Курси такмили ихтисос барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз фанни забони русӣ. Мақсади асосии ин курс тарзи дурусти бароҳмонии корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилӣ-тарбиявӣ, таълимӣ-тадқиқотии омӯзгорон, муҳаё сохтани шароит барои омузиши «Забони русӣ» ба ҳисоб меравад.
Совети илмӣ-методӣ. Вазифаи асосии совет тафтиш ва тайё намудани маводҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ барои ба чоп расонидан ба ҳисоб меравад. Дар семинарҳои методӣ ҳар моҳ маърузаҳои омӯзгорон оид ба масхалаҳои мубрами фанҳои тарҷумонӣ шунида мешаванд. Маърузачиен аз таҷрибаи омӯзгории худ, аз методҳои таъсирбахш ҳарф мезананд.
Маҳфили илмии донишҷӯён. Роҳбарии ин ҷамъиятро омӯзгорон дотсенти кафедра Мирзоева М.М. ва Собирова Ф.А. ба душ доранд. Ин маҳфил донишҷуёнеро гирд овардааст, ки ба масхалаҳои муосири тарҷумонӣ таваҷуҳи беандоза доранд. Аъзоёни маҳфил бо маърузаҳои илмии худ баромад мекунанд.

 

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар мавзуи «Тадқиқоти масъалаҳои назария ва амалияи тарҷума» ба роҳ монда шудааст.
Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии омузгорони кафедра - ин нашр гардидани монографияҳои илмӣ, уитобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмии онҳо, ки ба донишҷуён дар корҳои илмиашон кумак мерасонанд, ба ҳисоб мераванд.
Донишҷуи курси 2 ихтисоси «назарияи ва амалияи тарҷума», факултети филологияи рус Аҳророва Земфира дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷои аввалро ишғол намуд.
Омузгорони кафедра натанҳо тақризи китобҳои дарсӣ, диссертатсияҳо ва дастурҳои методии дар кишвар нашр мешударо, балки берун аз онро менависанд.

 

Нашри омӯзгорон
Дастурҳои илмӣ-методӣ

1.Нагзибекова М.Б. Масъалаҳои умумии педагогӣ ва методологияи илмӣ оид ба хониш дар синфҳои ибтидоӣ (Дастури таълимӣ) – Душанбе, 2019. – 58 с.
2. Нагзибекова М.Б. Общепедагогические проблемы и научная методология по чтению для начальных классов (Методическое пособие)- Душанбе, 55 с.
3. Нагзибекова М.Б. Учебное пособие по русскому языку (Китоби дарсии забони русӣ). – Душанбе, 2019, 210 с. (в соавт.)
4. Нагзибекова М.Б. Тесты и задания по русскому языку. – Душанбе, 2019. – 189 с. (в соавт.)
5.Тешаев Х.И., Мирзоева М.М., Давлатов М.А. Синхронный перевод (Тарҷумаи синхронӣ). – Душанбе. 2019. -67 с.
6.Маджидова М., Мирзоева М., Тешаев Х.И. Учебное пособие по современному русскому языку (Морфология. Именные части речи) (Китоби дарсии забони муосири рус (Морфология. Ҳиссаҳои номии нутқ)). – Душанбе 2019. – 134с.
7.Нагзибекова М.Б., Тешаев Х.И., Мирзоева М.М., Собирова Ф.А., Давлатов М.А. Методические указания по выполнению, оформлению, представлению и защите курсовых, выпускных квалификационных работ студентов и магистров факультета русской филологии, Душанбе -2019,59с.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org