ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯ

Кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника
Кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
Кафедраи минерология ва петрография

 

 

Факултети геология соли 1948 дар қатори аввалин факултетҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Он замон факултет чун бахш дар дохили факултети геологию хокшиносӣ арзи вуҷуд дошт. Дар таъсис ва фаъолияти факултет олимони шаҳрҳои Москва ва Ленинград саҳми назаррас доштанд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти факултет таваҷҷуҳи ҷавонони маҳаллӣ ба касби геолог-муҳаққиқи қаъри Замин бениҳоят зиёд буд. Дар зарфи қариб 70 соли фаъолияташ факултет ҳазорҳо мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои мухталифи геология ва саноати кӯҳкорӣ: аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геологияи нафту газ, истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок бо усулҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, амалиёти маркшейдерӣ, иқтисодчӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва геологӣ-иктишофӣ тайёр кардаааст. Сарварии факултетро д.и.г.м. и.в. профессор, Ш.Ф. Валиев ба уҳда дорад.

Декани факултет д.и.г.м.и.в.профессор, Валиев Ш.Ф.

 

 

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org