Шуъбаи аспирантура ва докторантура

 

Шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Шуъбаи аспирантура ва докторанураи ДМТ

Дар заминаи пажӯҳишҳои илмӣ ва баррасии масоили марбут ба илму фанноварӣ ва тарғибу ташвиқи илм дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи аспирантура ва докторантура амал мекунад, ки вазифаи аслии он омӯзиш ва таҳлили саривақтии масъулият ва иҷроиши корҳои илмии аспирантон, унвонҷӯён, докторантҳо, идора кардани теъдоди довталабони соҳаи илм, дохилшавӣ ва хориҷшавӣ, инчунин, хатми аспирантону докторантҳо ва ғайра мебошад. Шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони мавҷудияти худ дар донишгоҳ мавқеи судманду заруриро касб намуда, ҳамеша баҳри пешбурди илму дониш нақши босазо бозидааст. Ҳанӯз соли 1950 шуъбаи аспирантура ва докторантура таъсис дода шуд. Дар соли аввали таъсисёбии аспирантура дар он ҳамагӣ 5 нафар аспирант дар соҳаи гуманитарӣ таҳсил мекарданд. Соли дигар ба аспирантура боз 6 нафар аспирантони ҳамон соҳа қабул шуда буданд.

Соли 1988 дар донишгоҳ докторантура таъсис ёфта, худи ҳамон сол 4 нафар ба докторантура қабул шуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ нақши шуъбаи мазкур дар тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгории ватанӣ бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, шумораи таҳсилкунандагон дар аспирантура дар 28 соли соҳибистиқлолӣ аз 100 нафар аспирант ба марзи чорсад нафар аспирант расид. Ҳамзамон, бо назардошти талаботи бозори меҳнат шумораи ихтисосҳо дар аспирантураи донишгоҳ дар даҳсолаи аввали истиқлолият ба 38 ихтисос мерасид, ки солҳои баъдӣ ба 54 ихтисос расид. Чунончи дар панҷ соли охир ихтисосҳои зерин: 01.01.07-Математикаи ҳисоббарорӣ, 02.00.06-Пайвастҳои калонмолекулӣ, 05.13.19-Усулҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот, бехатарии иттилоот, 05.17.01-Технологияи моддаҳои ғайриузвӣ, 07.00.15-Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати беруна, 08.00.13-Усулҳои риёзиёт дар иқтисодиёт, 12.00.02-Ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипиалӣ, 12.00.11-Ҳокимияти судӣ, назорати прокрорӣ, ташкили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатура, 22.00.01-Назария, методология ва таърихи сотсиология, 25.00.04-Метрология, вулканология, 25.00.07-Гидрогеология, 25.00.08-Геологияи муҳандисӣ, 25.00.09-Геохимия, усулҳои геохимиявии канданиҳои фоиданок, 25.00.11-Геология, ҷустуҷӯ ва инкишофи канданиҳои фоиданоки сахт, менералогия ва 13.00.02-Назария ва методикаи таълим (аз рӯйи соҳаҳо) дар аспирантура ворид шуд, ки барои боз ҳам рақобатпазир шудани ДМТ дар тарбияи кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар аспирантураи донишгоҳ шаҳрвандони хориҷӣ, аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла аз Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Покистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳсил менамоянд.

Бо гузаштани ДМТ ба низоми таҳсили сезинагӣ аз соли 2015 инҷониб дар донишгоҳ докторантураи Ph.D ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар чор соли фаъолият дар он 145 нафар шаҳрванди ватанӣ ва 20 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Покистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз рӯйи 103 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҷадвалӣ 1.

Ҷадвалӣ 1.

Солҳо

Ихтисосҳо

Аспирантон

Солҳо

Ихтисосҳо

Аспирантон

Докторантураи Ph.D

 1

1991

38

104

2005

-

198

-

2

1992

-

128

2006

-

238

-

3

1993

-

168

2007

-

236

-

4

1994

-

189

2008

-

222

-

5

1995

-

147

2009

52

223

-

6

1996

-

166

2010

-

209

-

7

1997

-

150

2011

-

214

-

8

1998

-

122

2012

-

231

-

9

1999

-

107

2013

52

270

-

10

2000

-

161

2014

-

338

-

11

2001

-

205

2015

-

385

24

12

2002

-

218

2016

-

359

29

13

2003

-

223

2017

-

308

24

14

2004

38

194

2018

54

286

74

15

-

-

-

2019

-

-

65

 Соли 2019 дар сохтори раёсати илм ва навоварии техникӣ тағйироти сохторӣ ба амал омад. Шуъбаи аспирантура ва докторантура ба Шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тағйири ном кард. Бо назардошти васеъ гардидани доираи фаъолият дар сохтори Шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар назди шуъба ду бахш: бахши магистратура ва аспирантура, докторантура ва докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос таъсис дода шуд.

Қобили таъкид аст, ки Шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ бо тамоми шуъбаҳо ва муассисаҳои зертобеи донишгоҳ, ки дар самти пешбурди илм нақш доранд ҳамкории зичро ба роҳ мондааст, то илм дар донишгоҳ дар асоси ҳамоҳангиву иттиҳод рушду нумӯ ёбад ва ҳамасола шумораи рисолаҳои илмиву докторӣ аз ҷониби олимони ҷавон ба вақти муайяншуда омода гардида, барои дифоъ пешниҳод гарданд.

Роҳбарии шуъбаи аспирантура ва докторантураро кормандони кӯҳани Донишгоҳ Г.Д. Захарова (то соли 1986), Венеров Н. (1987), Лозинская Л.П. (солҳои 1987-1995), Шукурова С.М. (1995-2000), Зуҳурова М.Б. (2000-2009), Комилов Р.С. (2009-2010), Холиқова Л.Р. (2010-2012) ва Манонов К.А. (2012-2019) ба уҳда доштанд. Ҳоло бошад, мудири Шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогиро Манонов К.А. ба дӯш дорад.

ДОКТОРАНТОНИ Ph.D, ДОКТОР АЗ РӯИ ИХТИСОС ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӯИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

 

 

 

т/р

Номгӯи ихтисос

Рамз

 
 

1

Педагогика ва психология

6D010300

 

2

Математика

6D010900

 

3

Физика

6D011000

 

4

Информатика

6D011100

 

5

Кимиё

6D011200

 

6

Биология

6D011300

 

7

Таърих

6D011400

 

8

Асосҳои ҳуқуқ ва иқтисодиёт

6D011500

 

9

География

6D011600

 

10

Забон ва адабиётитоҷик

6D011700

 

11

Забон ва адабиёти рус

6D011800

 

12

Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ

6D011900

 

13

Таълими касбӣ (аз рӯи ихтисос)

6D012000

 

14

Забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои забони таҳсилоташон ғайритоҷикӣ

6D012100

 

15

Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои забони таҳсилоташон ғайрирусӣ

6D012200

 

16

Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ

6D012300

 

17

Арзёбии педагогӣ

6D012400

 

18

Фалсафа

6D020100

 

19

Муносибатҳои байналхалқӣ

6D020200

 

20

Таърих

6D020300

 

21

Фарҳангшиносӣ

6D020400

 

22

Филология

6D020500

 

23

Диншиносӣ

6D020600

 

24

Кори тарҷумонӣ

6D020700

 

25

Бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ

6D020800

 

26

Шарқшиносӣ

6D020900

 

27

Филологияи хориҷӣ

6D021000

 

28

Забоншиносӣ

6D021300

 

29

Адабиётшиносӣ

6D021400

 

30

Исломшиносӣ

6D021500

 

31

Ҳуқуқшиносӣ

6D030100

 

32

Ҳуқуқи байналхалқӣ

6D030200

 

33

Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ

6D030300

 

34

Кори гумрукӣ

6D030400

 

35

Иҷтимоӣ

6D050100

 

36

Сиёсатшиносӣ

6D050200

 

37

Психология

6D050300

 

38

Рузноманигорӣ

6D050400

 

39

Минтақашиносӣ

6D050500

 

40

Иқтисодӣ

6D050600

 

41

Менеҷмент

6D050700

 

42

Баҳисобгирӣ ва аудит

6D050800

 

43

Молия

6D050900

 

44

Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

6D051000

 

45

Маркетинг

6D051100

 

46

Омор

6D051200

 

47

Иқтисодиёти ҷаҳон

6D051300

 

48

Бойгонишиносӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини ҳуҷҷатнигорӣ

6D051500

 

49

Рузноманигории байналхалқӣ

6D051600

 

50

Менеҷменти инноватсионӣ

6D051700

 

51

Идоракунии лоиҳаҳо

6D051800

 

52

Ташкил ва бамеъёргирии меҳнат

6D051900

 

53

Бизнес-маъмуриятчигӣ

6D052000

 

54

Математика

6D060100

 

55

Информатика

6D060200

 

56

Механика

6D060300

 

57

Физика

6D060400

 

58

Физикаи ядро

6D060500

 

59

Химия

6D060600

 

60

Биология

6D060700

 

61

Экология

6D060800

 

62

География

6D060900

 

63

Гидрология

6D061000

 

64

Астрономия

6D061100

 

65

Метеорология

6D061200

 

66

Геоботаника

6D061300

 

67

Биотехнология (аз рӯи соҳаҳо ва татбиқ)

6D070100

 

68

Автоматикунонӣ ва идоракунӣ

6D070200

 

69

Системаҳои иттилоотӣ (аз рӯи соҳаҳо)

6D070300

 

70

Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ

6D070400

 

71

Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ

6D070500

 

72

Геология   ва ҷустуҷӯи конҳои канданиҳои фоиданок

6D070600

 

73

Кӯҳкорӣ

6D070700

 

74

Корҳои нафту газ

6D070800

 

75

Масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳҳои навин

6D071000

 

76

Геодезия

6D071100

 

77

Энергетикаи электорикӣ

6D071800

 

78

Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия

6D071900

 

79

Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ

6D072000

 

80

Технологияи химиявии моддаҳои органикӣ

6D072100

 

81

Физикаи техникӣ

6D072300

 

82

Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист

6D073000

 

83

Технологияи химиявии моддҳои тарканда ва маҳсулоти пиротехникӣ

6D073400

 

84

Ғанигардонидани канданиҳои фоиданок

6D073700

 

85

Технологияи коркарди масолеҳ таҳти фишор

6D073800

 

86

Химияи нафт

6D073900

 

87

Наномасолеҳҳо ва нанотехнологияҳо (аз рӯи соҳаҳои татбиқ)

6D074000

 

88

Усулҳои геофизикии ҷустуҷӯ ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданок

6D074700

 

89

Технологияи истеҳсолоти фармасевтӣ

6D 074800

 

90

Кори маркшейдерӣ

6D 074900

 

91

Метрология

6D 075000

 

92

Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ

6D 075100

 

93

Система ва шабакаҳои муҳандисӣ        

6D075200

 

94

Технологияи химиявии масолеҳи душворгудози ғайриметаллӣ ва силикатӣ

6D075300

 

95

Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ

6D075500

 

96

Туризм

6D090200

 

97

Логистика (аз рӯи соҳаҳо)

6D090900

 

98

Китобдорӣ

6D091000

 

99

Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат

6D091100

 

100

Системаи иттилоотии амният

6D100200

 

101

Фарматсевтӣ

6D110400

 

                                         

НОМГӯИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӣ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯИ ИХТИСОС ПЕШНИҲОД МЕШАВАД:

- ариза ба номи ректори ДМТ бо розигии мудири кафедра ва декани факултет    

(ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

- нусхаи шиноснома;

- анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

- нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва  

баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ  

карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

- сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,

дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

- рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар

ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо

тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

- асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар

мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости

муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

- маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;

- 6 расми андозаи 3х4

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. 

Имтиҳон аз рӯи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

 

АСПИРАНТОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӯИ ИХТИСОСҲОИ

 

ЗЕРИН ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

 

т/р

Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисос

 
 

1

01.01.01

Таҳлили риёзӣ

 

2

01.01.02

Муодилаҳои дифференсиалӣ

 

3

01.01.07

Математикаи ҳисоббарорӣ ва механика

 

4

01.04.02

Физикаи назариявӣ

 

5

01.04.05

Оптика

 

6

01.04.07

Физикаи ҳолатҳои конденсӣ

 

7

01.04.16

Физикаи ҳастаи атомӣ

 

8

02.00.01

Кимиёи ғайриузвӣ

 

9

02.00.02

Кимиёи аналитикӣ

 

10

02.00.03

Кимиёи органикӣ

 

11

02.00.04

Кимиёи физикӣ

 

12

02.00.06

Пайвастҳои калонмолекулӣ

 

13

03.00.04

Биокимиё

 

14

03.00.05

Ботаника

 

15

03.00.08

Зоология

 

16

03.00.12

Физиологияи растаниҳо

 

17

03.00.13

Физиология

 

18

03.00.16

Экология

 

19

05.13.18

Моделсозии математикӣ

 

20

05.13.19

Усулҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот, бехатарии иттилоот

 

21

05.17.01

Технологияи моддаҳои ғайриузвӣ

 

22

07.00.02

Таърихи ватанӣ

 

23

07.00.03

Таърихи умумӣ

 

24

07.00.09

Таърихнигорӣ, манбашиносӣ ва усулҳои тадқиқотҳои таърихӣ

 

25

07.00.15

Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати беруна

 

26

08.00.01

Назарияи иқтисодӣ

 

27

08.00.05

Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (аз рӯи соҳаҳо)

 

28

08.00.10

Молия, муомилоти пулӣ ва қарз

 

29

08.00.12

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, омор

 

30

08.00.13

Усулҳои математикӣ дар иқтисодиёт

 

31

08.00.14

Иқтисодиёти ҷаҳон

 

32

09.00.03

Таърихи фалсафа

 

33

09.00.11

Фалсафаи иҷтимоӣ

 

34

10.01.03

Адабиёти мамолики хориҷӣ (бо нишондоди ихтисос)

 

35

10.01.08

Назарияи адабиёт. Матншиносӣ

 

36

10.01.10

Журналистика

 

37

10.02.20

Забонишиносии қиёсӣ-таърихӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва забоншиносии типологӣ

 

38

10.02.22

Забонҳои мамолики хориҷи Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (бо нишондоди забони ихтисос)

 

39

12.00.01

Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат

 

40

12.00.02

Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии   конститутсионӣ ва ҳуқуқи   мунисипалӣ

 

41

12.00.03

Ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ,   ҳуқуқи байналхақии хусусӣ

 

42

12.00.08

Ҳуқуқи ҷиноӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

 

43

12.00.11

Ҳокимияти судӣ; назорати прокурорӣ; ташкили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатура

 

44

13.00.01

Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика
ва маориф

 

45

13.00.02

Назария ва методикаи омӯзиш ва тарбия (бо нишондоди ихтисос)

 

46

19.00.01

Психологияи умумӣ, психологияи шахсият, таърихи психология

 

47

22.00.01

Назария, методология ва таърихи сотсиология

 

48

23.00.02

Институти сиёсӣ, низоъшиносии сиёсӣ, технологияи сиёсӣ

 

49

25.00.04

Петрология, вулканология

 

50

25.00.05

Минералогия, кристаллография

 

51

25.00.07

Гидрогеология

 

52

25.00.08

Геологияи муҳандисӣ

 

53

25.00.09

Геохимия ва усулҳои геохимиявии канданиҳои фоиданок

 

54

25.00.11

Геология, ҷустуҷӯ ва инкишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения

 

 

НОМГӯИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОХИЛШАВӣ БА АСПИРАНТУРА

 

1.Ариза ба номи ректори ДМТ бо розигии мудири кафедра ва декани факултет   (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

 

2.Нусха (копия) – и диплом бо замимаи баҳоҳо;

 

3.Варақаи шахсӣ бо ду дона расми 4х6;

 

4.Шарҳи ҳол;

 

5.Хислатнома (характеристика);

 

6.Нусхаи варақаҳои имтиҳони номзадӣ (агар қабл аз дохилшавӣ ба аспирантура супорида шуда бошад);

 

7.Рӯйхати таълифоти нашршуда ё реферат аз ихтисос дар ҳаҷми 25-30 саҳифа бо тақриз;

 

8.Тавсияи Шӯрои олимони факултет ба хатмкунандагони соли 2016 (бо баҳои 4 ва 5) ва тавсияномаи КАД (Комиссияи Аттестатсияи Давлатӣ)

 

9.Маълумотномаи духтур (Ф - 086);

 

10.Дафтарчаи меҳнатӣ барои аспирантони шуъбаи рӯзона (барои ғоибона нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ);

 

11.Нусхаи шиноснома (копияи паспорт) ;

 

12.Ҷузвдон (папка - файл)

 

Ҳуҷҷатҳои бо расм насбшуда танҳо дар маҷмааи бутун қабул карда мешавад;

 

Қабули ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба аспирантура аз 30 август то 1 октябри соли 2016;

 

Оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ ба аспирантура аз 15 октябр то 20 ноябри соли   2016;

 

Ҳангоми супоридани имтиҳон ҳар як довталаб бо шиносномаи худ шахсан ба имтиҳон ворид мешавад.

 

Имтиҳонҳои қабул:

 

1.Фалсафа

 

2.Забони хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ)

 

3.Ихтисос

 

Имтиҳоноти дохилшавӣ ба аспирантура ҳатман тибқи барномаву талаботи кафедраҳои марбут бо фанҳои зикршуда сурат мегирад.

 

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17, шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Тел: 221-72-29

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org