ФАКУЛТЕТИ КИМИЁ

Кафедраи кимиёи татбиқӣ   Кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ
Кафедраи кимиёи ғайриузвӣ   Кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёӣ
 Кафедраи кимиёи органикӣ  Кафедраи усули тадриси кимиё
 Кафедраи кимиёи таҳлилӣ  

 

ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ

ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН

Факултети химия ба таври мустаќил аз соли 1959 инљониб фаъолияти пурсамар дорад. Аз замони ташкилшавии донишгоњ (соли 1948), он дар аввал њамчун кафедра, баъдан шуъба (соли 1957) ва аз соли 1959 то имрўз њамчун факултети мустаќил фаъолияташро идома дода истодааст. Роњбарии кафедраро аз соли 1948 то 1952 профессор Раевский А.С. ба уњда дошт. Аз соли 1953 то соли 1960 сарварии кафедраи химияро иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї, дорандаи чандин ордену медалњо, хатмкардаи Донишгоњи давлатии Ленинград (њоло Санкт-Петербург), номзади илмњои химия, дотсент Новиков Александр Иванович ба уњда дошт, ки дар он давра кафедраи химия њамагї 5 омўзгор ва 3 лаборант дошт.

Баъдан соли 1957 дар асоси кафедраи мазкур шуъбаи химия дар назди факултети биология таъсис дода шуда, аз рўи ихтисоси химия 25 нафар довталаб ќабул карда шуд. Соли 1959 шуъбаи химия, ки донишљўёни аввалинаш курси 3-юмро мехонданд, њамчун факултетии мустаќил (декан-н.и.х., дотсент Раљабова Хайрї), бо 115 донишљў аз таркиби факултети биология људо шуда фаъолияташро то њол идома дода истодааст.

Бунёдгузорони кафедра, шуъба ва факултети химия. Метавон гуфт, ки аввалин бунёдгузорони кафедра, шуъба ва факултети химия устодони зерин: Раевский А.С., Новиков А.И., Раљабова Х.Н., Даниленко Е.Ф., Зегелман А.Б., Баситова С.М., Лыскова Ю.Б., ва Нуъмонов И.Н., буданд.

Баъд аз вафоти аввалин декани факултет Хайри Раљабова (солњои 1959-1960), то кунун 12 нафар устодони зерин пайи њам сарвари факултетро ба ўњда гирифтаанд, ки њар яке дар рушду такомули низоми таълиму илм ва устувор намудани бунёди моддиву техникии факултет сањми шоиста гузоштаанд:

-номзади илмњои химия, дотсент Новиков А.И. (1960 – 1961);

-номзади илмњои химия, муаллими калон Даниленко Е.Ф. (1961–1962);

-номзади илмњои химия, дотсент Зегелман А.Б. (1962–1968);

-н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор) Яќубов Њ.М. (1968–1989);

-н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор) Юсупов З.Н. (1989– 2000);

-номзади илмњои химия, дотсент Ќудратова Л.Њ. (2000– 2006);

-номзади илмњои химия, дотсент Раљабов Т.Р. (15.05.2006 –12.09.2007);

-номзади илмњои химия, дотсент Саидов С.С. (12.09.2007–16.01.2008) иљрокунандаи вазифа;

-доктори илмњои химия, профессор Каримов М.Б. (16.01.2008–15.12.2008);

-номзади илмњои химия, дотсент Саидов С.С. (2008–2019);

-номзади илмњои химия, дотсент Файзуллоев Э.Ф. аз 30.08.2019 то инљониб.

 

Бояд ёдовар шуд, ки академики АИ ЉТ, профессор Раљабов С.А. ҳамчун ректор дар бунёд ва пешрафти факултет сањми сазовор гузоштааст. Мањз дар давраи роњбарии он факултети химия ташкил карда шуда бо базаи моддиву техникї муљањњаз гардонида шудааст. То соли 1961 дар факултети химия танњо як кафедра, кафедраи химия амал мекард. Соли 1961 кафедраи химия ба ду кафедра: химияи умумї ва химияи органикї, соли 1963 бошад, кафедраи химияи умумї ба ду кафедра: химияи тањлилї ва радиохимия; химияи ѓайриорганикї ва физикию коллоидї таќсим шуд. Соли 1964 кафедраи химияи ѓайриорганикї ва физикию коллоидї ба кафедрањои химияи ѓайриорганикї ва химияи физикї ва коллоидї људо шуд. Дар соли 1965 кафедраи химияи тањлилї ва радиохимия ба кафедраи химияи тањлилї ва лабораторияи проблемавии элементњои нодир ва парешон таќсим шуд. Моњи июли соли 1969 дар пояи кафедраи химияи ѓайриорганикї, кафедраи усули тадриси химия таъсис дода шуд. Соли 1992 дар заминаи кафедрањои химияи органикї ва усули тадриси химия кафедраи пайвастањои калонмолекулї ва технологияи химиявї ташкил гардид. Кафедраи химияи татбиќї ва радионуклидњо соли 1994 дар пояи лабораторияи проблемавии элементњои нодир ва парешон таъсис дода шуд. Бо фармоиши ректори донишгоњ соли 2009 кафедрањои кафедраи химияи татбиќї ва радионуклидњо ва усули таълими химия якљоя шуда, бо номи кафедраи химияи татбиќї тули 3 сол фаъолият намуданд, бинобар сабаби номувофиќати дар наќшаи таълимии ихтисоси назди кафедра (02040600-химияи татбиќї), бо фармоиши ректори донишгоњ соли 2012, кафедрањои усули таълими химия ва химияи татбиќї боз њамчун кафедрањои алоњида фаъолияташонро идома дода истодаанд.

Айни њол дар сохтори факултет 7 кафедра амал мекунад:

- химияи органикї (1961);

- химияи ѓайриорганикї (1964);

- химияи физикї ва коллоидї (1964);

- химияи тањлилї (1965);

- усули тадриси химия (1969);

         - пайвастањои калонмолекулї ва технологияи химиявї (1992);

         - химияи татбиќї (1994).

 

Айни њол, факултет бо кадрњои баландихтисоси илмї таъмин буда, њамасола аз љониби устодон ва кормандон маќолаву монография ва китобњои дарсию ихтироот ба табъ мерасад. Аз соли таъсисёбї, то имрўз дар пояи мактабњои илмии факултет 21 рисолаи докторї, 151 рисолаи номзадї, 261 ихтироот, 40 монография, 98 китоби дарсию дастурњои таълимї, зиёда аз 4 300 маќолаву фишурдаи маќолањо тањия шуда, инчунин 16 конференсияи байналмилалї, 27 конференсияи љумњуриявї ва 40 Хонишњои синої гузаронида шудааст.

Факултет дорои 7 кафедра, 1 китобхонаи анъанавї, 1 китобхонаи электронї, 32 озмоишгоњи таълимї, 11 озмоишгоњи илмї, 1 маркази интернетї, 1 синфхонаи компютерї, 2 синфхонаи лингофонї, 1 маркази тестї, 7 мањфили илмии донишљўёни назди кафедрањо, 6 мањфили илмии назди профессорону дотсентон ва дастаи олимпї мебошад.

Айни њол факултет аз рўи 5 ихтисос дар зинаи тањсилоти бакалавр:

31050102 - химия (касб: химик.омўзгор);

31050101 - химияи татбиќї (касб: химик. тадќиќотчї);

48010100 - технологияи химиявии моддањои ѓайриорганикї, мавод ва мањсулот (касб: муњандис - химик - технолог);

48010300 -технологияи химиявии ба энергия шомили табиї ва маводи карбонї (касб: муњандис - химик - технолог);

54010300 - усулњои физикавю химиявї ва асбобњои назорати сифати мањсулот (касб: муњандиси сертификатсия).

4 ихтисос дар зинаи тањсилоти магистратура:

31050102 - химия (касб: химик);

31050101 - химияи татбиќї (касб: химик. тадќиќотчї);

48010100 - технологоияи химиявии моддањои ѓайриорганикї, мавод ва мањсулот (касб: муњандис - химик - технолог);

48010300-технологоияи химиявии ба энергия шомили табиї ва маводи карбонї (касб: муњандис - химик - технолог).

9 ихтисос дар зинаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос:

6D011200 - (01) - назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия);

6D060600 - (01) - химияи ѓайриорганикї;

6D060600 - (04) - химияи физикї;

6D060600 - (06) - химияи пайвастањои калонмолекулавї;

6D060600 - (03) - химияи органикї;

6D072000 - технологияи химиявии моддањои ѓайриорганикї;

6D072100 - технологияи химиявии моддањои органикї;

6D073700 - ѓанигардонидани канданињои фоиданок;

6D073900 - химияи нафт, мутахассис омода мекунад.

Барои таъмини раванди таълим дар факултет бо таљњизот ва технологияи иттилоотию иртиботї ва иљрои корњои илмию тањќиќотї 115 адад компютер (аз ин миќдор 62 адад дар синфхонаи таълимї), 6 адад тахтаи электронӣ ва видеопроектор, 21 адад принтер, 17 адад сканер насб шуда, барои пешбурди фаъолияти таълимию илмї ва методии омўзгорону донишљўён ба таври васеъ мавриди истифода аст. Аз 115 адад компютерњои факултет 38 адад ба шабакаи љањонии Интернет пайваст мебошад.

Алњол дар 7 кафедраи факултет 63 нафар омўзгор, аз љумла, 7 нафар докторони илм, профессорон, 41 нафар номзадони илм, дотсентон ва 15 нафар ассистентон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ љалб шудаанд.

Дар факултет 903 нафар донишљў (568 нафар дар шуъбаи рўзона ва 334 нафар дар шуъбаи ѓоибона), 25 нафар магистр, 5 нафар докторанти PhD, 6 нафар аспирант ва 7 нафар унвонљў пайи таълим ва тањќиќот мебошанд.

Дар факултет 26 нафар шањрвандони хориљї, аз ҷумла, 24 нафар донишљў, 1 нафар магистр ва 1 нафар докторанти PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тибќи квотаи президентї 31 нафар донишљў тањсил менамоянд, ки аз онњо (12 нафар писар ва 19 нафар духтар) мебошад. Дар факултет љараёни таълим дар шуъбаи рўзона аз рўйи талаботи наќшањои таълимии дараљаи бакалавриат ва магистратура ба роњ монда шуда дар шуъбаи ѓоибона бошад, донишљўён дар асоси наќшањои таълимии дараљаи бакалавриат (фосилавї) ва мутахассис ба тањсил фаро гирифта шудаанд.

 

 

 

Декани факултети

       химияи ДМТ                                                     Файзуллоев Э.Ф.

 

 

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org