ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

 Декани факултет

номзади илми таърих.,дотсент

Cамиев Холаҳмад Давлатович

Факултети муносибатҳои байналхалқӣ моҳи сентябр исоли 2011 дар заминаи ихтисоси «муносибатҳои байналхалқӣ» -и факултети таърих, ки аз соли 1997 фаъолият менамуд, таъсис ёфтааст.

Айни замон теъдоди донишҷӯёне, ки дар факултет таҳсил менамоянд ба 600 нафар мерасад. Ҳамзамон донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои ИДМ, Афғонистон ва Эрон дар факултет таҳсил менамоянд. Факултет мутахассисони баландихтисосро дар ду самт – минтақашиносии хориҷӣ (ихтисоси – роҳбалад-тарҷумон, минтақашинос), муносибатҳои байналхалқӣ (мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, котиб-референт, референт- тарҷумон, дипломат – корманди мақомоти корҳои хориҷӣ) омода менамояд. Таҳсил дар ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ дар асоси шартномавӣ, дар ихтисоси минтақашиносӣ бошад, дар асоси буҷавӣ ва шартномавӣ сурат мегирад. Дар факултет гуруҳҳои таҳсилашон бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ амал мекунанд. Ҳангоми қабул ба Донишгоҳ довталабони ихтисосҳои мазкур аз фанҳои: таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, адабиёт ва забони хориҷӣ имтиҳон месупоранд. Дар баробари фанҳои тахассусӣ донишҷӯёни мо забонҳои хориҷии англисӣ (асосӣ), арабӣ, франсузӣ, олмонӣ, чинӣ ва лотиниро меомӯзанд. Донишҷӯён ҳамзамон дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил намуда, бо анҷоми он соҳиби рутбаи ҳарбии лейтенанти хурд мегарданд.

Дар факултет се кафедраи омодакунандаи ихтисосҳои мазкур: Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва кафедраи забонҳои хориҷӣамал менамоянд.

Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ соли 2002 ташкил шудааст. Дар кафедра 7 устод: 2 профессор, се номзади илм, 1 муаллими калон, 1 ассистент ба фаъолият машғуланд. Мавзӯи асосии илмии кафедра: «Осиёи Мраказӣ дар низоми муосири муносибатҳои байналхалқӣ» буда, дар чаҳорчӯбаи он самтҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа тадқиқ мешаванд. Объекти тадқиқотҳои илмӣ ва дастурҳои методии кормандони кафедра – профессорон Нуриддинов Р.Ш. ва Мирзоев Н.М., дотсент – Самиев Х.Д., муаллими калон Салимов Ф., номзадҳои илм Разоқов Ш., Рашидова У., Маҳмадов П. ҷойгоҳи кишварҳои минтақа дар низоми нави ташаккулёбандаи муносибатҳои байнлахалқӣ, дар низоми нави воқеиятҳои геополитикӣ ва манфиатҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои минтақа дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба, дар чаҳорчӯбаи иттиҳодияҳои ҳамгироии байналхалқӣ ва минтақавӣ аз қабили ИДМ, СҲШ, СҲИ, Ҷомеаи иқтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС), ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили муҳимми умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дар мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ, бунёдгароии динӣ ва ифрот, ҷудоихоҳии миллӣ, ҷинояткории муташаккила, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масоили демографӣ ва муҳити зист мебошад. Дар назди факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён – «Маҳфили дипломати ҷавон», «Тарҷумони ҷавон» фаъолона амал менамоянд, ки сомонаи махсуси худро дар Интернет бо номи «Дипломати ҷавон» кушодаанд.

Кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар охири соли таҳсили 2012-2013 таъсис ёфтааст. Дар кафедра устодон н.и.т. Шарипов А., Ёров А.Ш., Басиров Б. Ҷаъфаров С., Шомадова Г. кор мекунанд. Дар заминаи ин кафедрароҳбаланд тарҷумонҳо омода карда мешаванд.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ соли 2011 ташкил гардида, дар он мутахассисони лингвист - номзадҳои илми филология Абдулфайзов С., Шозимова Т., Тупалов Ғ., Саидова Ф., муаллимони калон Ашурмамадова У., М.Гоббани, Абдулхаева Р., Дустова М., асситентҳо Шарипова А., Раҳмонов М., Муродов Ф. ва дигарон кор мекунанд.

Кафедра мутахасисони – котиб-референт ва тарҷумонро бо донистани забонҳои англисӣ арабӣ, франсузӣ, олмонӣ ва чинӣ омода менамояд. Хатмкунандагони факултет имкони давом додани таҳсилро дар аспирантураҳои ҷумҳурӣ, ФР, магистратураи Донишгоҳи дустии халқҳои Москва, Донишгоҳи Новосибирск, аспирантураи Ҷумҳурии мардумии Чин ва инчунин чанд кишвар аврупоӣ доранд.

Дар назди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣмагистратура амал менамояд, ки он ҷо дар баробари шаҳрвандони мо донишҷӯёни хориҷӣ, ба хусус аз Афғонистон, Эрон ва Чин таҳсил менамоянд.

Дар факултет тамоми шароит барои омода намудани мутахассисони баландихтисос муҳайё мебошад. Аз ҷумла се утоқи лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва арабӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи интернетӣ, мастер – класс (барои гузаронидани мизҳои мудаввар ва семинарҳо), китобхонаи электронӣ, дар се синфхона видеопроектор бо таблои электронӣ баҳри сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён мусоидат менамояд. Инчунин бо ибтикори худи донишҷӯён сайти факултет tajikdiplomat.com, блоги маҳфили равобити байналмилал - http://firistoda.blogspot.com/ кушода шудааст, ки дар он хоҳишмандон ҳамаи маълумоти заруриро дар бораи факултет, ихтисосҳои омӯхташаванда гирифта метавонанд.

Бояд гуфт, ки маълумоти бунёдии сиёсӣ ва байналмилалӣ барои фаҳмиши амиқи равандҳои паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ (фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, равонӣ) мусоидат намуда ба шахс ҷаҳонбинии васеъ медиҳад. Маълумоти том ва пурраи олии байналмилалӣ ба хатмкунандаи факултети муносибатҳои байналхалқӣ имкон медиҳад, ки мутахассиси баркамол ва ҳамаҷонибае шавад, ки дар ҳамаи сохторҳои идорӣ, таҳлилӣ ва иттилоотӣ кор кунад. Хатмкунандагони мо дар ҳамаи сатҳҳои идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, органҳои қудратӣ ва амниятӣ фаъолият карда муҳаррирон, мухбирон, шореҳон ва мушовирони симо ва садо ва дигар ВАО, устодони мактабу гимназияҳо ва литсейҳои баргузидаи кишвар гаштаанд. Ҳар касе, ки воқеан ба воқеаҳои минтақа таваҷҷӯҳ дорад ва онро касби ҳаётии хеш мехонад ва дӯстдори саёҳату саргузаштҳост, метавонад минтақашинос ва кишваршиноси касбӣ шавад. Онҳое, ки ба таърих ва сиёсати муосири ҷаҳон майлу рағбат доранд, метавонанд мутахассиси соҳаи равобити байналмилал шаванд. Ва ниҳоят, хатмкунандагони беҳтарини факултет имконияти кормандони муассисаҳои академӣ шуданро доранд. Хатмкунандагони аспирантураи факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар ҳамаи донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар ҳамчун мутахассисони баландихтисоси ҳама риштаҳои улуми иҷтимоӣ заруранд. Дар шароити феълӣ мутахассиси маълумоти олии равобити байналмилалдошта метавонад кори илмӣ ва таълимиро бо кор дар соҳаи идораи давлатӣ ва соҳибкорӣ пайваст намояд ва дар ин ҷодаҳо ҳам соҳиби мақоми хоса бошад.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org