Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ ҳамчун воҳиди мустақил фаъолияти худро дар асоси «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва Низомномаи раёсати амалӣ месозад. раёсатии мазкур барои таҳия, татбиқи сиёсати кадрӣ ва ташкили кор бо кадрҳо масъул буда, сардори он танҳо ба ректори донишгоҳ итоат мекунад. Мақсади асосии фаъолияти раёсатии кадрҳо ва корҳои махсус баланд бардоштани савияи касбӣ, шароити касбию моддӣ, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии њар як корманди донишгоҳ мебошад. Фаъолияти раёсатии мазкур барои таъмини вазифаҳои зерин равона карда шудааст: мувофиқати касбӣ, муайян намудани талаботи ҷорӣ ва банақшагирии талаботи дурнамо доир ба кадрҳо, таҳияи низоми ишғоли мансабҳо ва ҷойҳои корӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани низоми илман асоснокгардидаи пешравии вазифавӣ, иҷрои корҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав,тамоюли тағйирёбии ҳайати кадрӣ, интихоби кормандони баландихтисос барои кор бо кадрҳо дар воҳидҳои сохтории донишгоҳ, таҳлили мунтазами ҳолати кори кадрӣ, таҳия ва пешниҳод намудани реҷаи озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайти профессорону омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо, баҳисобгирии ҳайати шахсии кадрҳо, мустаҳкам намудани интизоми корӣ. Раёсатии кадрҳо ва корҳои махсус тирамоҳи соли 1948 таъсис ёфта, аввалин корманд (нозир) – и он бо исми Иванов Ф.Н. ёдовар шудааст. Феълан раёсатии мазкур аз бахшҳои кадри омӯзгорону кормандон, кадри донишҷӯён, бойгонии донишгоҳ ва ҳифзи сирри давлатӣ иборат буда, воҳидҳои кории зайлро дар бар мегирад: Сардори раёсати – 1 нафар (Тавқиев Э.Ш,), нозири калон – 3 нафар (Раҳматова Н.А., Насриддинова С. ва Муродова С.С.), нозир – 3 нафар (Ниссоева М.Ҷ., Саноева М.Н. ва Худойқулова С.), мудири архив – 1 нафар (Мӯъминов Қ.) ва архивариус – 1 нафар (Асадбекова Н.).
ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org