Ректор

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент

ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5-уми июни соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1999 ба факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст.

 Хушвахтзода Қ. Х. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи факултети мазкур (2005-2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона (2009-2013), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018), директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ (2019) ва аз моҳи феврали соли 2019 декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ ва аз 27.01.2020 ректори Донишгоҳи миллӣ.

Хизматҳои шоистаи Хушвахтзода Қ.Х. бо «Ифтихорнома»-и ДМТ (2003, 2006, 2010, 2014, 2018, 2019), Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ) - соли 2012, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2014) қадр гардидаанд.

Хушвахтзода Қ. Х. муаллифи зиёда аз 170 маводи илмӣ буда, дар мавзӯъҳои вобаста ба асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объекти низоми баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлили таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додаанд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org