Шурои олимон

Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии идоракунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Низомномаи Шурои олимон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Шурои олимон ҳамчун мақоми қонунгузор ҳуҷҷатҳои асосии меъёриро қабул мекунад, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳро танзим мекунанд: масъалаҳои вобаста ба фаъолияти таълимӣ – методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, робитаҳои байналмилалӣ, молиявӣ-иқтисодӣ ва хоҷагидориро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор ба тасвиб мерасонад. Инчунин, номгӯи равияҳо, самтҳо, ихтисосҳоро муайян карда, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ ва фарҳангиро тасдиқ мекунад, курсҳои омӯхташаванда, ҳаҷми соатҳои онҳоро муайян менамояд, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, вақти ягонаи оғоз ва анҷоми давраҳои таълим ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб мерасонад.

Фаъолияти Шурои олимони Донишгоҳ тибқи Нақшаи кори Шурои олимони Донишгоҳ сурат гирифта, аз ҷониби ректори Донишгоҳ дар асоси самтҳои ояндадори рушди он тартиб дода мешавад. Қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он дохил мешаванд, барои воҳидҳои сохторӣ, инчунин барои ҳамаи кормандон ва донишҷӯён ҳатмӣ мебошанд.

Шурои олимони Донишгоҳ дар ҳайати ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, директори китобхонаи илмӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои донишгоҳ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамояд.

         Вазифаҳои асосии Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

  • муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани неруи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • татбиқи амалии Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти болоӣ ҷиҳати таъмини тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт.
  • мусоидат ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи тадқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён.
  • назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.