Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ

baynalНомзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

ҒАФУРОВ ХАЙРУЛЛО МИРЗАМОНОВИЧ

Ғафуров Хайрулло Мирзамонович 20 июли соли 1977  таваллуд шудааст. Мавсуф соли 1996 ихтисоси дорусозии Колеҷи дорусозии ш. Душанберо  бо дипломи «аъло» ва соли 2001 факултетиҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро низ бо диломи «аъло» сарбаландона хатм намудааст.  Гафуров Х.М.  дар асоси қарори Комиссияи давлатии тақсимоти мутахассисони ҷавон барои фаъолияти минбаъдаи касбӣ баҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба қабул шуда, то соли 2008 дар ин вазифа фаъолият намуд. Солҳои 2004-2006 дар кафедраи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятии Академияи давлатииҳуқуқшиносии Маскав (МГЮА) ба ҳайси унвонҷуй ба тадқиқи масъалаҳои мубрами рушди ҳокимияти судӣ ва низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифта шуда буд. фаро гирифта шуда буд. Ғафуров Х.М. 30 марти соли 2006 дар  Шӯрои махсуси диссертатсионии назди ин боргоҳи бонуфӯзи ҳуқуқӣ дар мавзӯи «Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили қиёсӣ-ҳуқуқӣ» рисолаи номзадии худро  дифоъ намуд.

Соли 2008 Ғафуров Х.М. ба вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ интихоб гардид.  Солҳои 2008-2010 дар вазифаи сарҳуқуқшиноси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар назди он аввалин Суди ҳакамии доимоамалкунандаро таъсис дод. Бо ташаббуси ӯ заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фаъолияти Суди ҳакамӣ мутобиқи талаботҳои қонунгузории амалкунанда таҳия ва қабул гардиданд. Баҳри пиёда намудаи усулҳои нави омӯзиш дар раванди таълим ва омода намудани мутахассисони  замонавии бархӯрдор аз малакаҳои касбии ҳуқуқшиносӣ лоиҳаи «Клиникаи ҳуқуқӣ»-ро эҳё намуда, солҳои 2012-2014  Роҳбарии Клиникаи ҳуқуқии Донишгоҳро ба дӯш дошт.  Дар ин муддат бо ҳамроҳии донишҷуёни факултетиҳуқуқшиносии ДМТ ба зиёда аз 530 нафар  мардуми ниёзманди  пойтахт ва атрофи он машварати ҳуқуқии ройгон расонида шуд.  Моҳи  августи соли  2014  Ғафуров Х.М. то замони таъин гардиданаш ба вазифаи муовини Ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дар  вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ фаъоляит  намуд. Узви Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва ДМТ.

Ғафуров Х.М. фаъолияти омӯзгорӣ, илмию таълимӣ ва ҷамъиятиашро дар кафедраиҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ ва Донишгоҳ бомувафақият пеш бурда, машғулиятҳои лексиониро ба донишҷӯёни факултети ҳуқуқаз фанҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, этикаи касбии ҳуқуқшинос, мақомоти ҳифзиҳуқуқ, ҳамчунин аз фаннҳои тахасуси адвокатураи судӣ мегузаронад.

Натиҷаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Х.М. Ғафуров дар 90 корҳои илмию таълимӣ ва таълифоти методии нашршуда, аз ҷумла 3 монография,  22 васоити таълимӣ  ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ ифода ёфтаанд.  Таклифу пешниҳодҳои  илман асосноки ӯ дар  самти такмили ҳокимияти судӣ ва низоми судӣ  ҳангоми  таҳияи «Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ» (2007, 2010), ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди эътибор қарор гирифтанд.

Натиҷаи фаъолияти бенуқсони меҳнатии Х.М.  Ғафуров боиси он гардидааст, ки мавсуф аз ҷониби  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо якчанд Ифтихорномаи ДМТ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорномаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Шӯрои Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии «90-солагии мақомоти адлия ва суди Тоҷикистон», Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» сарфароз гардидаст.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org