СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2029

МУҚАДДИМА

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои бунёдии дастгоҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҷомеа рӯ ба пешравӣ дошта, ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони созандаю бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва бунёди зиндагии бошарафонаи шаҳрвандони кишвари азизамон масъалаи мактабу маориф ва дар ин замина дастрасӣ ба технологияи пешрафтаи муосир, мутобиқи талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ омода намудани мутахассисони дараҷаи баланд, огоҳии комил аз асрори кашфиёти илми ҷаҳонӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди босуръати Ватани азизамон аҳамияти усулӣ пайдо мекунад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дошта, дастпарварони он дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду такомули соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии он саҳми арзанда мегузоранд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 19 факултет бо фарогирии 117 кафедра (110 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умимидонишгоҳӣ), Институти илмӣ - тадқиқотӣ, Институти  Конфутсий, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 34 синфхонаи лингофонӣ, Маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Дар донишгоҳ факултетҳои механикаю математика, физика, химия, биология, геология, иқтисод ва идора, баҳисобгирию иқтисодӣ, молиявию иқтисодӣ, фарматсевтӣ, тиббӣ, журналистика, забон ва адабиёти рус, забонҳои Осиё ва Аврупо, филология, муносибатҳои байналхалқӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, факултети муштараки  ДМТ ва МТОКҶБ, кафедраҳои умумидонишгоҳии педагогика, фалсафа, забони англисӣ, забонҳои олмонию фаронсавӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тайёрии ҳарбӣ ва назарияи иқтисодӣ фаъолият менамоянд.

Дар донишгоҳ 110 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рӯи 52 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура ва 103 ихтисоси доктор РhD, доктор аз рӯи ихтисос қабулро дар гурӯҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар донишгоҳ барои таъмини раванди таҳсил бо таҷҳизот ва технологияи иттилоотию иртиботӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ 3256 адад компютер, дар синфхонаҳои таълимӣ  145  адад тахтаи электронӣ ва 180 адад видеопроектор, 523 адад принтери бисёрамалаи лазерӣ, 130 адад сканер насб шуда, барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонанд. Дар донишгоҳ 937 адад компютер ба шабакаи Интернет бевосита пайваст буда, дар тамоми минтақаи кории “Шаҳраки донишҷӯён” шабакаи озоди Интернет WiFi фарогир ва дастраси донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон мебошад.

Алҳол дар 117 кафедраи донишгоҳ 1528 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 171 нафар докторони илм, 510 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 1255 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ (штатӣ) ва 273 нафар (137 нафар дар шакли соатбайъ ва 136 дар шакли ҳамкори беруна) ҳамчун омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд. Қобили зикр аст, ки 54,1 фоизи омӯзгорони штатии донишгоҳро нафарони дорои унвони илмӣ ташкил медиҳанд.

Шумораи донишҷӯён 24306 нафар (18132  нафар дар шуъбаи рӯзона, 5504 нафар дар шуъбаи ғоибона, 670 нафар магистрант ва докторантон) - ро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 7393 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 16913 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар донишгоҳ 401 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, 302  нафар донишҷӯ, 35  магистрант, 25 аспиранту докторанти (PhD), 1 нафар докторанти анъанавӣ, 2 нафар унвонҷӯ тариқи шартнома, 6  нафар коромӯз-муҳақиқ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 30 нафар забономӯзон дар Маркази омӯзиши забонҳои донишгоҳ фарогир шудаанд.

Донишгоҳ дорои 19 бинои таълимӣ буда, дар биноҳои таълимӣ барои як басти таълимӣ ба донишҷӯён 12 168 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Масоҳати таълимӣ барои як донишҷӯ дар асоси замимаи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 7,0 м2–ро ташкил медиҳад. Дар 14 факултети донишгоҳ донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 399 нафар (174 нафар писар ва 225 нафар духтар)-ро ташкил медиҳад.

Ҷараёни таълим дар шӯъбаи рӯзона аз рӯи талаботи нақшаҳои таълимии дараҷаи бакалавриат, мутахассис ва магистратура ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи ғоибона донишҷӯён дар асоси нақшаҳои таълимии дараҷаи мутахассис ва нақшаҳои таълимии низоми таҳсилоти фосилавӣ (бакалавр) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади иҷрои барномаҳои давлатӣ, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонидани ҷараёни таълим корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Аз ин рӯ, бо назардошти давраи гузариш ДМТ тавонист:

  • ҳайати асосии омӯзгоронро нигоҳ дошта, мувофиқан ба имкониятҳои иқтисодии кишвар заминаи моддию техникии таълимро қисман мустаҳкам намояд;
  • дар раванди таълим ҳадалимкон дастрасӣ ба технологияи нави замонавиро таъмин намояд;
  • тайёр намудани мутахассисонро бо назардошти талаботи воқеии ҷомеа ва бозори меҳнат ба роҳ монад;
  • робитаҳоро бо мактабҳои олӣ ва марказҳои илмии хориҷи дуру наздик васеъ намуда, қабул ва таълими шаҳрвандони хориҷиро барқарор ва такмил диҳад.

Омӯзиш ва баррасии вазъи Донишгоҳ аён менамояд, ки дар баробари дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият душворӣ ва масъалаҳои ҳалталабе мавҷуданд, ки саривақт бартараф накардани онҳо метавонад, боиси то андозае коста гардидани нуфузи Донишгоҳи миллӣ гардад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии таҳия ва тасдиқи «Стартегияи рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2029» баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди ҳамкориҳои муштарак бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати талаботҳои расмии низоми маорифи кишвар, ки амалӣ намудани онҳо дар 10 соли наздик боиси рушди донишгоҳ, такмили сохтор ва ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мартабаи донишгоҳ мусоидат менамояд.

Амалӣ сохтани Стратегияи мазкур ба рушд намудани сифати таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ ва захираи кадрии донишгоҳ, беҳтар намудани ҳолати озмоишгоҳҳо ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди таълим, баланд бардоштани мақоми донишгоҳ, зиёд намудани саҳми он дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт, ҳуқуқ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

 

  1. МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБИ ДОНИШГОҲ

 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузургтарини таълимӣ мебошад, ки барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассисони дараҷаи баланд омода менамояд. Сифати баланди кордонӣ ва маҳорати касбии мутахассисони омода намудаи он дар дохили кишвар ва берун аз он эътироф гардидаанд. Барои нигоҳ доштан ва боз ҳам боло бурдани мақоми шоистаи худ, донишгоҳ пайваста талаботу стандартҳои корӣ ва таълимиро сайқал дода, пайваста таҷдиди назари ихтисосмандона менамояд. Ҳамзамон масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилиҳо ҳам вуҷуд доранд, ки нодида гирифтани онҳо ба мақоми донишгоҳ таъсири манфӣ расонида метавонад.

  • Проблемаҳои сохтор ва идораи Донишгоҳ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохтори давлатӣ буда, муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар сатҳи баланд мутахассис омода менамояд. Албатта, таъсис ёфтани муассисаҳои нави таълимӣ талаботи замон аст, вале хуб мешуд, ки онҳо фаъолияти мактабҳои олии собиқадорро такрор накунанд. Онҳо бояд дар риштаҳое мутахассис омода намоянд, ки дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ набошад ва барои хоҷагии халқи кишварамон манфиатовар бошанд.

Дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷомеа, ки муносибатҳои бозоргонӣ бартарӣ дорад, амалӣ намудани сиёсати ягонаи таҳсилоти олии касбӣ ва самаранок истифода намудани нерӯҳои мавҷуда, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ нисбати муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатӣ зарур аст.

Сохтори Донишгоҳ вобаста аз рӯи талаботи замони муосир ва рушди паҳлуҳои гуногуни соҳаи маориф, ҳамзамон талаботи ҷомеа нисбат ба кадрҳои омодашаванда, зарурат ба таҷдиду рушд дорад. Дар сохтори Донишгоҳ созмон додани воҳидҳои муосири корӣ яке аз самтҳои муҳими рушди Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

  • Проблемаи кадрҳо ва ташкили раванди таълим

Ҳоло дар Донишгоҳ аз рӯи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки сарбории таълимиро муайян мекунад, 1577 воҳиди кории штатии омӯзгорони кафедраҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ин 1249 нафарашон кормандони штатии донишгоҳӣ буда, дигарон ҳамкорони дохилӣ ва берунӣ мебошанд. Ҳарчанд дар Донишгоҳ 681 нафар омӯзгорони унвондор – 171 нафар докторону 510 нафар номзади илм кор кунанд ҳам, қисман дар синну соли нафақавӣ қарор доранд. Омӯзгорони унвондор дар баъзе кафедраҳо аз қабили тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии тиббию ҳарбӣ намерасанд.  

Донишгоҳ мақсад дорад, ки аз ҳисоби хатмкунандагони болаёқат ҳайати омӯзгоронро пурра ва зиёд намояд, ба қадри имкон шароити корӣ муҳайё сохта, бо хобгоҳ онҳоро таъмин кунад. 

Таҳсил дар магистратураро пеш аз ҳама аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳ зиёд намуд. Умуман, масъалаи тайёр намудани мутахассисони унвондор дар кафедраҳо мушкилоти муҳими раванди илму таълим дар Донишгоҳ буда, диққати ҳамарӯзаро талаб менамояд. Бо назардошти вуҷуд доштани заминаи хуби техникӣ, захираи лозимии мутахассисони соҳибунвон ва имконияти дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи илму таълим чун Донишгоҳи бунёдӣ дар тайёр намудани мутахассисони барои кишварамон муҳим, аз ҷумла дар зинаи магистратура ва докторантураи РhD, доктор аз рӯи ихтисос таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан зарур аст.

Бинобар сабаби он, ки Донишгоҳ дар ҷараёни гузариш ба стандарти кредитии таълим қарор дорад, раванди таълим динамикаи номуайян дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки давра ба давра раванди таълимро таҳлил карда, таҷрибаи муасисаҳои шабеҳи худ, ки рӯшд ёфтаанд омӯзад, унсурҳои мувофиқи корбариро коркард намояд ва то ҳадди имкон таҷрибаи пешрафта ва самаранокро мавриди истифодабарӣ қарор диҳад.

  • Вазъи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва иншооти дигар

Раванди таълим дар 19 бинои таълимӣ, ки дар ду қисми шаҳр ҷойгиранд, сурат мегирад. Масоҳати таълимӣ барои ҳар донишҷӯ қариб 6-6,2 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва ҷойгиршавии биноҳои таълимию вазъи онҳо ба ташкили хуби раванди таълим мусоидат мекунанд. Тавассути таъмиру азнавсозии қубурҳои обгузар биноҳои маъмурию таълимии донишгоҳ ба шабакаи гармидиҳии шаҳрӣ пайваст ва ба ин васила утоқҳои кории омӯзгорон ва синфхонаҳои таълимӣ дар замистон ба шароити зимистонгузаронӣ комилан мутобиқ гардонида шуданд. Донишгоҳ тамоми имкониятҳояшро барои таъмиру ташкили хуби шароити зист дар хобгоҳҳо, мувофиқ намудани биноҳо ба талаботи замон равона менамояд.

Ифтитоҳи хобгоҳи нав дар “Шаҳраки донишҷӯён” ва мавриди истифода қарор додани он дар солҳои минбаъда камбудии нарасидани ҷойи истиқоматро барои донишҷӯён аз байн мебарад. Инчунин аз ҷониби раёсати Донишгоҳ хобгоҳҳои донишҷӯии №3, воқеъ дар кӯчаи Репин 3 ва №5, воқеъ дар кӯчаи Н.Қаробоев 48/16 ба куллӣ таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуданд. Хобгоҳи №1 ва №7, ки дар маҳаллаи Гипрозем қарор доранд ва хобгоҳи №4, воқеъ дар маҳаллаи 33, ки барои аспирантон махсус гардонида шудааст, дар ҳолати хуби истифодабарӣ мебошанд.

Пойгоҳҳои таҷрибаомӯзии «Такоб» ва «Зиддеҳ» марҳила ба марҳила обод гардида, метавонанд барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ хизмат кунанд, аммо ҳоло ин пойгоҳҳо ба таъмини шароити муосири корбарӣ ниёз доранд. Дар фароғатгоҳи «Ҷавонӣ», ки дар дараи Ромит воқеъ аст, дар мувофиқа бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ваҳдат корҳои ободонӣ дар ин мавзеъ идома дорад. Ин фароғатгоҳ низ барои истироҳат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва таҷрибаомӯзӣ пешниҳод шудааст.  

  • Ҳолати базаи моддӣ-техникӣ ва таҷҳизотҳои озмоишии Донишгоҳ

Хусусияти хоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хусусан, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти озмоиширо талаб менамояд. Айни замон кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва тахассусӣ бо таҷҳизоти озмоишӣ то андозае таъминанд. Донишгоҳ дорои 3256 компютер буда, қисме аз онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Бо вуҷуди ин, лабораторияҳо ва озмоишгоҳҳои факултетҳои равияи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва тиббӣ ниёз ба таҷҳизоти ҳозиразамони илмӣ-таҳқиқотӣ доранд, зеро аксарияти онҳо куҳнаю фарсуда мебошанд. Новобаста аз вазъи молиявӣ Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки лабораторияҳои таълимию илмии факултетҳои механикаю математика, физика, кимиё, геология ва биологияро бо таҷҳизотҳои замонавӣ, моддаҳо ва зарфу асбобҳои химиявӣ таъмин намояд.

  • Ҳолати табъу нашр ва китобҳои дарсӣ

Фонди китобхонаи илмии Донишгоҳ наздик ба як миллион ададро дар бар мегирад. Ҳамзамон бо мақсади ҳар чи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ва кормандони илмии донишгоҳ ба шуғли китобхонӣ ва илмомӯзӣ то ба имрӯз аз ҷониби устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ зиёда аз 10000 адад китобҳои бадеию дарсӣ ҳадя карда шуданд. Ғайр аз он, дар ин муддат ба раёсати китобхонаи илмии Донишгоҳ 6500 адад китобҳои илмию таълимии нав харидорӣ карда шуд. Илова бар ин дар Донишгоҳ 10 адад китобхонаи электронӣ амал мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 150 ҳазор китоб мавриди истифодаи омӯзгорон ва донишҷӯён қарор дорад. Дастрас намудан ва мавриди истифода қарор додани китобҳои дар марказҳои пешбари илмию таълимии хориҷа, махсусан дар Россия ба табъ расида, маблағи калонро талаб менамояд. Инчунин нарасидани китобҳои дарсӣ, махсусан барои баъзе ихтисосҳо бо забони давлатӣ то имрӯз мушкилиҳо ба миён овардааст.  Дар робита бо ин дар назар аст, ки фаъолияти китобхонаи илмии Донишгоҳ ва пурра намудани он аз адабиёти зарурии таълимии ба забони тоҷикӣ интишоргардида, тақвият бахшида шавад.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин таъмини Матбааи донишгоҳ бо таҷҳизоти техникӣ ва чопӣ мебошад. Айни замон Матбааи Донишгоҳ бо иқдоми раёсати Донишгоҳ таҷдид шуда, қисман бо техникаи ҳозиразамони полиграфӣ таҷҳизонида шуд. Аммо он муҷаҳазгардонӣ басанда набуда, барои расидан ба стандарти чопи баландсифати асарҳои илмӣ-таълимӣ ва методӣ чораҳои дахлдор андешидан лозим аст.

 

  1. САМТИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯ

Самти асосии стратегия табдил додани Донишгоҳ ба донишгоҳи таҳқиқотии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавассути байналмилалӣ гардонидани (интернатсионализатсия) Донишгоҳ равона шудааст. Байналмилалӣ гардонидани Донишгоҳ равандест, ки аз як тараф ворид кардани стандартҳои байналмилалиро ба тамоми раванди идоракунӣ ва фаъолияти таълимии Донишгоҳ ва аз тарафи дигар баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ миёни довталабони давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, дар назар дорад.

 

  1. МАҚСАДИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯ

Мақсади асосии стратегия омода намудани мутахассасиони ба бозори меҳнат рақобатпазир дар самтҳои бакалаврият, магистратура ва докторантураи РhD, доктор аз рӯи ихтисос, таҳкими пояи моддиву техникӣ, истифодаи усулҳои наву замонавии таълим, таҳияи барномаҳои ҷавобгӯи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, иқтисодӣ, ҳуқуқ, омӯзгорӣ ва илмӣ, баланд бардоштани маърифати илмӣ-сиёсии аъзои ҷомеа, тарғиби муҳимияти донистану истифода намудани технологияи ҳозиразамон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебошанд.

Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси донандаи накам аз се забон, шахсони дар назди ҷомеа масъул ва соҳибкасби дар бозори меҳнатии дохиливу хориҷӣ рақобатпазир. Ҳамзамон таъмини ҳамгироии амиқи маориф, илм ва истеҳсолот мақсадҳои дигари стратегияи мазкур мебошад.

Ҳадафи стратегии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 табдил додани Донишгоҳ ба донишгоҳи таҳқиқотии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳадафи стратегияи мазкури Донишгоҳ ба Стратегияи Миллии Рӯшди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2029 мувофиқ буда, ба саривақт амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегияи он, бахусус, ба ҳадафи чоруми он “Рушди сармояи инсонӣ” мусоидат менамояд.

 

  1. ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯ

Донишгоҳ дар назди худ вазифаҳои аниқу мушахас мегузорад, ки раванди минбаъдаи рушди онро муайян намоянд. Аз ҷумла;

-иҷрои саривақтии талаботу стандартҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, махсусан мутахассисони баландихтисос;

-давра ба давра аз рӯи омодагӣ ва шиддатгирӣ аз рейтинг ва аккредитасияи байналмилалӣ гузаронидани Донишгоҳ;

-бо мақсади ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот, таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи насли нави Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ аз рӯи зинаи таҳсилоти бакалаврият, магистратура ва доктор PhD (доктор аз рӯи ихтисос);

-бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар Донишгоҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ вусъат бахшида, таълими забонҳои русӣ ва англисиро дар ихтисосҳои марбутаи Донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати ифтитоҳи гурӯҳҳои академӣ бо забони русӣ, англисӣ ва ба таъсиси курсҳои забономӯзӣ дар назди кафедраҳои забонҳои хориҷӣ мусоидат намудан;

-иҷроиш ва натиҷагирии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консептсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои давлатии ба соҳаи таҳсилот вобастаро дар сатҳи Донишгоҳ ва сохторҳои таркибии он зери назорати ҷиддӣ гирифта, риояи талаботи санадҳои мазкурро дар Донишгоҳ мунтазам таъмин намудан;

-ба фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вусъат бахшида, ҷиҳати даъвати мутахассисони варзида аз хориҷи кишвар барои баргузор намудани курсҳои омӯзишӣ, даъвати эксперт (коршиносон)-ҳои хориҷӣ дар самти омӯзиши усулҳои замонавии тадрис, омӯзиш ва сайқал додани забонҳои русӣ ва англисӣ, ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф чораандеши намудан;

-дар шакли муаррифӣ (презентатсия) бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ мондани ҳимояи рисолаҳои хатмкунӣ ва магистрӣ. Дастгирии ҳамаҷонибаи кашфиёт, ихтироот, коркардҳо ва навовариҳои илмӣ-амалии донишҷӯёне, ки дар рисолаҳои хатмкуниашон барои  дар истеҳсолот ҷорӣ намудан инъикос гардиданд;

  • фароҳам овардани шароит мувофиқи раванди таълим дар Донишгоҳ, сохтани биноҳои нави таълимӣ ва озмоишгоҳҳо, таъмири биноҳои таълимӣ ва ҳамзамон ба итмом расонидани сохтмони биноҳои таълимӣ ва маишии, воқеъ дар «Шаҳраки донишҷӯён» қарор дошта;
  • таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимӣ, омӯзонидани технологияи ҳозиразамон ба омӯзгорон тавассути ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисос дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК ДМТ;
  • такмил ва равнақ додани унсури табодули донишҷӯён ва ҳайати кормандону омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани тахассус ва дарёфти усулҳои муосири рушди таҳсилоти олӣ дар Донишгоҳ;
  • такмили сохтори Донишгоҳ – ташкили бахшҳо ва шуъбаҳои танзимкунандаи раванди таҳсил дар магистратура, таҳсилоти фосилавӣ ва докторантураи РhD, доктор аз рӯи ихтисос, беҳтар намудани вазъи курсҳои тайёрӣ ва литсейҳо дар назди Донишгоҳ;
  • баланд бардоштани сатҳ ва самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедраҳо, ба роҳ мондани иҷрои корҳои илмӣ-амалӣ дар асоси шартномаҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ;
  • ба истеҳсолот пайваст намудани корҳои илмӣ-назариявии ҳайати омӯзгорону донишҷӯён. Ба ин васила андешидани чораҳо ҷиҳати ба даст овардани даромади иловагии моддӣ ва молиявӣ аз рӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ихтирооту кашфиётҳо;
  • созмон додани махзани ягонаи дастовардҳои донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон дар самтҳои илмӣ, омӯзгорӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  • беҳтар намудани фаъолияти Донишгоҳ дар самти тайёркунии мутахассисони дараҷаи илмидошта, ҷустуҷӯи роҳҳои бештар ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, таъмини фаъолияти самараноки магистратура ва докторантураи РhD, доктор аз рӯи ихтисос, истифодаи робитаҳо бо марказҳои илмию таълимии хориҷӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои нави илму техника;
  • бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» ва «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», бартарӣ додан ба омодасозии мутахассисони дорои унвони илмӣ дошта тавассути шӯроҳои ватании ҳимояи рисолаҳои илмӣ;
  • вусъат бахшидан ба ҳамкории Донишгоҳ бо Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар ин замина ҳамкориро бо Комиссияи Олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федереатсияи Руссия ҷоннок намуда, ҷиҳати таъсиси шӯроҳои диссертатсионии байнидавлатӣ, бастани шартномаҳо бо донишгоҳҳои минтақа;
  • баланд бардоштани фаъолияти табъу нашр, таҳияи китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ ва дигар воситаҳои тарғиби илму дониш барои ҷавонон;
  • бозёфт ва амалӣ намудани роҳҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ (сармоягузориҳои мустақим, лоиҳаю грантҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, бонкҳо ва давлатҳо, иҷрои шартномаҳои дутарафаю бисёртарафа, дар асоси шарикӣ бо ташкилоту муасисаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва монанди инҳо), омода ва иҷро кардани лоиҳаҳои тадқиқотӣ дар асоси ҳамшарикӣ;
  • беҳтар намудани шароити моддию маишии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён;
  • ҳамаҷониба таҳлил, омӯхтан ва истифода намудани имкониятҳои баланд намудани музди меҳнати омӯзгорон ва беҳтар кардани шароити манзилии онҳо, бунёди бунгоҳҳои варзишӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ;
  • дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамида, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва ҷомеа, тарбия намудани донишҷӯён;
  • ҷалби донишҷӯён ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, роҳ надодан ба пайдоиши зуҳуроти бегонашавию бегонапарастӣ дар байни ҷавонон, пешгирии оқибатҳои гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва таъсири хатарноки онҳо ба ҷаҳонбинии омӯзгорону донишҷӯён дар асоси Барномаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мусоидат намудан ба эътирофи дипломи ДМТ дар арсаи байналмилалӣ (аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимии донишгоҳ);

-таҳлил, ҷамъоварӣ, арзёбӣ ва муаррифӣ намудани ихтироот, кашфиёт, коркардҳо ва навовариҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон;

-таъмини ҳузури Донишгоҳ чун муассисаи арзанда дар арсаи байналмилалӣ;

-ба роҳ мондани сертификатсияи низоми идоракунии Донишгоҳ, аккредитатсияи Донишгоҳ, таъмини иштироки коршиносони байналмилалии донишгоҳӣ дар ҷараёни аккредитасиякунонии рейтингҳои байналмилалӣ;

-бастани шартномаҳои ҳамкории стратегӣ бо 20 донишгоҳ аз шумори 200 донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон;

-табдил Додани донишгоҳ ба маркази таҳлилии аналитикии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ баҳри фароҳам овардани шароити рушди касбии ҳайати омӯзгорону муҳаққиқон ва кормандони Донишгоҳ;

-андешидан ва татбиқи чораҳои зарурӣ барои ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар Донишгоҳ, аз ҷумла дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD;

-ҷалби бештари муҳассилин аз кишварҳои ИДМ ва Аврупо (на кам аз 100 нафарӣ донишҷӯ ва магистр аз ин минтақаҳо).

-ба даст овардани грантҳои байналмилалӣ барои рушди Донишгоҳ;

-мусоидат намудан ба густариши ҳамкориҳои байналмилалии дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ.

-табдил додани донишгоҳ ба яке аз 5 донишгоҳҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ тавассути ба роҳ мондани ҳамкории амиқ бо донишгоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, ташаббускори таъсиси Донишгоҳи шабакавии Осиёи Марказӣ шудани Донишгоҳ;

-табдил додани Донишгоҳ ба маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои амнияти минтақа ва мубориза бо терроризм ва экстремизм, истифодаи самараноки захираҳои об дар ҳавзаи баҳри Арал ва омӯзиши пиряхҳо;

-ташаббускори роҳандозии ҳар гуна ҳамоишҳои донишҷӯёни донишгоҳҳои минтақа будан, аз ҷумла баргузории конференсияҳои донишҷӯён, спартакиадаҳо, фестивали ҷавонон ва ғ.;

-мустаҳкам намудани мавқеи Донишгоҳ чун донишгоҳи базавии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории дараҷаи олӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақаҳои шимолии Ҷумҳурии Афғонистон;

- мустаҳкам кардани мавқеи Донишгоҳ чун маркази машваратӣ доир ба масоили Афғонистон, эҳё ва фаъолияти шоҳроҳи нави абрешим ба манфиати тамоми давлатҳои масир;

-ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ ба забонҳои англисӣ, дарӣ ва ӯзбекӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ;

-баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии донишҷӯён ва ҳайати кормандону омузгорони Донишгоҳ;

-тавсеаи барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ дар самти табодули омӯзгорон ва муҳассилин;

-мусоидат намудан ба забономӯзии омӯзгорони Донишгоҳ ва фиристодани устодон барои тадрис ба донишгоҳҳои хориҷӣ;

-таҳкими барномаҳои мавҷуда ва таҳияву татбиқи барномаҳои нави таълимии ду дипломии зинаи бакалавр ва магистратура ва таҳияи барномаҳои таълимии дузабона;

-таъмин намудани тадриси на кам аз 20% дарси фанҳои тахассусӣ дар ихтисосҳои омӯзиши забони хориҷӣ бо омӯзгорони соҳибзабон;

-ҷалби профессорони соҳибмактаб ва соҳибкитоб аз кишварҳои хориҷӣ ба раванди таълим дар Донишгоҳ;

-баланд бардоштани сатҳи маҷаллаҳои илмии Донишгоҳ то ба сатҳи рӯйхати Scopus, Web of Science ва дигар базаҳои маҷаллаҳои муътабари илмии ҷаҳон расидан;

       -бо мақсади беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии факултетҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва тиббию фарматсевтӣ вусъат бахшидан ба  маблағгузории хариди моддаҳои доруворӣ, реактивҳо, реагентҳо, зарфҳо, восита ва дастгоҳҳои лабораторӣ, дорухонагӣ ва дигар масолеҳи зарурӣ;

 

  1. МУҲЛАТИ АМАЛӢ СОХТАНИ СТРАТЕГИЯ 

Муҳлати амалӣ сохтани Стратегия дар ду давраи 5-сола, яъне 10 солро дар бар мегирад. Дар давраи аввал, чорабиниҳои бахшида ба такмили сохтор, аз ҷумла созмон додани марказҳои навоварии илмӣ-назариявӣ ва таҷрибавӣ-амалӣ, таҳкими пояи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳои таълимӣ, ба итмом расонидани сохтмони биноҳои таълимӣ, маишӣ ва хобгоҳи донишҷӯён, воқеъ дар «Шаҳраки донишҷӯён», баланд бардоштани мақоми кафедраҳо ва ба маркази илмӣ ва амалӣ табдил додани онҳо, таҳия ва татбиқи барномаҳои нави таълимӣ, таҳлил ва татбиқи унсурҳои самараноки донишандузии донишҷӯён, андешидани чораҳо баҳри ба кор таъмин намудани донишҷӯёни хатмкарда, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ амалӣ карда мешаванд.

Давраи дуюм, сохтани комплексҳои таҷҳизонидашудаи таълимӣ, маҷмааи варзишӣ, манзилӣ донишҷӯён, марказҳои илмӣ-истеҳсолӣ, барпо намудани низоми мукаммали илмӣ-таълимӣ, гузаштан ба шаклҳои наву самараноки таълим, аз ҷумла рушди низоми таҳсилоти фосилавӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои тарбияи мутахассисони соҳибкасби дорои тасавуроти илмиро дарбар мегирад.

 

  1. НАТИҶАҲОИ БАДАСТОВАРДА АЗ АМАЛӢ НАМУДАНИ СТРАТЕГИЯ

-ташкили системаи ягонаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи донишгоҳҳо, танзими тайёркунии мутахассисон ва аз байн бурдани такроршавии ихтисосҳои нолозим;

-бунёди заминаи моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва молиявии омодасозии кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар асоси технологияи муосир дар Донишгоҳ;

-баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-техникӣ, ки ҷаҳонбинии васеи илмӣ ва малакаи хуби ташкилӣ-истеҳсолӣ дошта;

-мустаҳкам намудани робитаи Донишгоҳ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалб намудани омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои илмӣ-техникӣ, таъмин намудани ҳалли мушкилоти техникии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба воситаи мутахассисони миллӣ;

-ривоҷ додани алоқаҳои Донишгоҳ бо марказҳои пешбари илмию таълимии ҷаҳони муосир, истифода намудани таҷрибаҳои пешқадами муассисаҳои таълимии ҷаҳонӣ дар раванди омодасозии мутахассисон дар Донишгоҳ.

 

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org