Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ

Маркази иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳи миллии тоҷикистон

Ҷомеаи муосирро бе технологияи компютерӣ, ахбороти оморӣ ва, умуман воситаҳои техникӣ тасаввур кардан душвор аст. Чун инсон ба асри нав, ба асри рушди техникаву технологияи компютерӣ ворид шуд, рӯз то рӯз ниёзи корхонаю муассисаҳо ба воситаҳои техникӣ меафзояд. Қариб дар ҳар як муассиса марказҳои иттилоотию техникӣ арзи вуҷуд доранд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеаи кишвар барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, алалхусус мутахассисони соҳаи техника ва технологияи компютерӣ нақши асосиро мебозад. Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ маҳсуб ёфта, нақши калидиро дар инкишофи корҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ мебозад.
            Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ фаъолияти худро соли 1964 дар назди кафедраи математикаи ҳисоббарории факултети физика ва математика ҳамчун озмоишгоҳи математикаи ҳисоббарорӣ оғоз кардааст. Озмоишгоҳи мазкур бо ташаббуси ректори онвақтаи донишгоҳ – академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҷабов С.А. ва мудири кафедраи математикаи ҳисоббарор, дотсент Тошбоев В.Х. бо мошинаи хурди электронии ҳисоббарор «Сетун» таҷҳизонида шуд, ки дар ҷумҳурӣ якумин мошинаи электронии ҳисоббарор маҳсуб мешуд. Барои ба кор омода намудани маркази МЭҲ мутахассисони ботаҷриба лозим буд. Бинобар ин, 10 нафар хатмкунандагони донишгоҳ барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва Воронеж фиристода шуданд. Онҳо баъди таҷрибаомӯзӣ ба донишгоҳ баргашта, бо мошинаи электронии ҳисоббарор корҳои илмӣ ва таълимиро ба роҳ монданд. Аз онҳо 4 нафарашон муҳандисони техникӣ ва 6 нафарашон математики барномасоз шуда кор мекарданд.
            Дар озмоишгоҳ дарсҳои амалии ҳисобу китоб ба анҷом расонида мешуд. Ба ғайр аз дарсҳои амалӣ боз корҳои курсӣ ва дипломӣ иҷро карда мешуданд. Соли 1970 озмоишгоҳ бо мошинаҳои электронии ҳисоббарори насли 2-юм тамғаи «Минск-22» таҷҳизонида шуд, ки дар баробари дарсҳои амалӣ ва корҳои курсию дипломӣ боз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ васеъ ба роҳ монда шуд, ки масъалаҳои физикию математикӣ ва иқтисодӣ пурра ҳал карда мешуданд.
            Соли 1972 дар ин озмоишгоҳ паҳлӯи нави фаъолият – системаи автоматикунонии идоракунии мактабҳои олӣ (САИ МО) ба кор шурӯъ кард. Аввалин мутахассисе, ки дар донишгоҳ барои истифодаи САИ кор мекард, ин олимаи ҷавон Ҷӯраева А.О. мебошад, ки рисолаи номзадии худро дар ин соҳа ҳимоя намуд. Барои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба маркази илмию омӯзиш табдил додан корҳои зиёде анҷом дода шуд. Соли 1978 барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои амалӣ озмоишгоҳ бо мошинаи электронии ҳисоббарории ЕС-1022 таъмин гардид. Озмоишгоҳ бо мутахассисони ботаҷриба таъмин буд ва онҳо дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба донишҷӯён низ таълим медоданд.
            Бо тағйир додани барномаи таълимӣ, вобаста ба тараққиёти хоҷагии халқ, барномаи таълимии нав ҷорӣ шуд. Истифодаи дарсҳои амалӣ хеле зиёд гардид, ки ин сабаби дар факултетҳои гуманитарӣ омӯхтани фанни нави ахбору ҳисоб шуд. Барои бомуваффақият иҷро намудани ин корҳо дар асоси фармони №292-9 аз 2.06.1980 дар ҳайати қисми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин Маркази ахбору ҳисоббарорӣ (МАҲ) ташкил карда шуд.
             МАҲ яке аз сохторҳои асосии ДДТ ба ҳисоб мерафт, ки ҳамаи корҳои автоматикунонидашудаи идоракуниро иҷро менамуд. Дар марказ якчанд синфхонаҳои компютерии «Ямаха», «Мазовия», IВMPC2, IВM 386, IВM 486 ташкил шуда буданд, ки барои таъмини дарсҳои амалӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми босазо доштанд. Инчунин Марказ бо дастгоҳҳои лазерӣ, сканер, нусхабардорҳои РН4, РН5 таъмин гардиданд. Танҳо бо кӯшишу ғайрати сарварони он Маркази ахбору ҳисоббарорӣ ба маркази калони серсоҳа табдил ёфт. Агар солҳои аввал озмоишгоҳ 10 нафар коргар дошта бошад, дар МАҲ он ба 60 нафар мерасад, ки ҳам кори таълим ва ҳам корҳои илмии Донишгоҳро ба ӯҳда доштанд.
             Бо сабаби тағйирот дар сохтори Донишгоҳ фаъолияти Маркази ахбору ҳисоббарории Донишгоҳ аз 10.12.2001 сол боздошта шуда, дар заминаи он шуъбаи ахбор ва омор таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 2006 бошад, ин шуъба номи шуъбаи ахбору омор ва воситаҳои техникии таълимро гирифт.
            Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 1 декабри соли 2008, суратмаҷлиси №4 ва фармони ректори донишгоҳ, таҳти №277-09 аз 09.12.2008 Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ дубора фаъолияти худро дар заминаи шуъбаи ахбору омор ва воситаҳои техникии таълим оғоз намуд. Марказ яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ маҳсуб ёфта, таъминот ва назорати истифодабарии технологияҳои иттилоотию иртиботиро танзим менамояд. Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ дар тобеъияти худ секторҳои омор, таҳиягарӣ ва барномасозӣ, назорати воситаҳои системавӣ ва ташхиси техникии онҳоро дорад. Таъмини эътимодияти истифода ва кори техникии компютерии донишгоҳ; назорати мақсадноки истифодабарии техникаи компютерӣ ва лингафонии донишгоҳ; ташхис, таъмир ва тармим намудани техникаи компютерӣ ва лингафонии донишгоҳ; таъмини техникии синфхонаҳо ва марказҳои компютерии донишгоҳ барои пайвасти устувор ба шабакаҳои ҷаҳонӣ (Интернет, почтаи электронӣ); назорати истифодаи мақсадноки шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ дар синфхонаҳо ва дигар сохторҳо; таъмини техникии таҷҳизотҳои мултимедӣ дар синфхонаҳои дарсӣ; дар мувофиқа бо шуъбаи таъминотӣ харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии техникаи компютерӣ; сохтани лоиҳа ва татбиқи  воситаҳои барномавӣ, нақшаҳои технологӣ ва равандҳои коркарди иттилоот дар асоси системаҳои худкоркарди пешқадам ва технологияҳои иттилоотӣ; такмили гардиши ҳуҷҷатҳо дар ДМТ, лоиҳакашӣ ва ҷорикунии васоити барномавии технологӣ ва ҷараёни коркарди иттилоот дар асоси системаҳои автоматикардашудаи ДМТ ва технологияҳои иттилоотӣ; баамалбарории ҳамроҳии барномаҳои татбиқшуда ва воситаҳои барномавӣ; коркарди иттилоотии сессияи санҷишу имтиҳонии донишҷӯён; коркарди фармонҳои ҳаракати донишҷӯён; тайёр намудани маълумотномаҳо доир ба контингент, давомот ва азбаркунӣ дар сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ; таҳлили омории сессияи санҷишию имтиҳонии донишҷӯён; тайёр намудани ҳисоботи 3-ИЛМ; тайёр намудани ҳисоботи ТИК аз тарафи мутахассисони ботаҷриба ва лаёқатманди марказ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ тамоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисобҳои оморӣ ба таври автоматикунонӣ сурат мегирад, ки маҳсули дастранҷи мутахассисони марказ мебошанд. Барномаҳое, ки аз тарафи кормандони марказ навишта шудаанд, ба монанди «идрор», «музди меҳнат», «раванди таълим», «рухсатии меҳнатӣ», «довталаб» ва ғ. барои зудамалӣ ва пурмаҳсулии кор нақши калон мебозад.
            Сарварии озмоишгоҳи математикаи ҳисоббарориро, ки дар назди кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ фаъолият мекард, Солиев И.У. ба уҳда дошт. Сардори нахустини Маркази ахбору ҳисоббарорӣ (солҳои 1980-1994) яке аз мутахассисони лаёқатманд Мансуров Н.М. буд. Солҳои 1994-2011 сарварии онро шахси пуртаҷрибаю кордон Юсуфов Раҳматулло ба уҳда дошт. Махсусан, зери сарварии Юсуфов Р. марказ ба як маркази бузурги илмию таълимӣ қарор гирифт. Аз моҳи сентябри соли 2011 Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ зери сарварии Қурбонов Х.Н. фаъолият дорад. Истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва синфхонаҳои компютерии бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонидашуда, ки барои гузаронидани дарсҳои амалӣ омода гардидаанд, аз заҳматҳои ҳаррӯзаи сарвари он дарак медиҳад.
            Дар рушду нумуи марказ аз оғози фаъолияташ то ба имрӯз саҳми кормандони он, ба монанди профессор Сайфуллоев Н.С., узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаммадиев Э.М., доктори илмҳои техникӣ, профессор Шерматов Н., доктори илмҳои физикаю математика, профессор Комилов Ф.С., дотсентон Тошбоев В.Х., Солиев И.У., Одинаев Ф., Муллоев С.Х., Қуртаков Қ.Ш., Рауфов И.Ш., Алиакбаров С.М., Яъқубова Ҳ., Ҷӯраева А.О., Орипов М., Ашуров А., Мансуров Н.М., Ширинов А., Юсуфов Р., Қурбонов Х.Н., Шарипов Х.Р. ва дигарон калон аст. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва ҳиссагузории ашхоси номбаршуда марказ ба як маркази бузурги иттилоотию техникӣ мубаддал гардид.
Касби Истиқлолияти давлатӣ ва дастёбии ҳарчи бештар ба олами нави илму техника ва дар ин замина ҳидояти тарбияи насли наврас ва донишҷӯёни аз техникаю технологияи ҳозиразамон бохабар, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарии сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар партави ғамхориҳои рӯзафзуни ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, аз ҷумла ғамхорӣ нисбат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1998 бо ибтикор ва ташаббуси Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ 2 синфхонаи муҷаҳҳази компютерӣ (бо теъдоди 18 компютери фардӣ) ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба истифода дода шуд.
Ҷиҳати таъмин ва қавӣ гардонидани пояи техникии раванди таълим барои амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» барои таъмини дарсҳо бо технологияҳои информатсионӣ 124 толор бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор, ки фарогири ҳамаи сохторҳои донишгоҳ мебошанд, муҷаҳҳазонида шудаанд. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши забондонии муҳассилини донишгоҳ 39 синфхонаи лингафонӣ дар факултетҳои донишгоҳ баҳри омӯзиши самараноки забонҳои хориҷӣ фаъолияти худро оғоз карданд. Биноҳои таълимӣ ва маъмурии донишгоҳ бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳазонида шудаанд, ки бо истифода аз онҳо ҷараёни таълим ва риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ назорат бурда мешавад. Татбиқи технологияи ҳозиразамони компютерӣ вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таълимии ҶТ» дар раванди таълими донишгоҳ хеле густариш ёфта, солҳои 2008-2013 дар донишгоҳ 30 синфхонаи компютерии нав кушода шуда, компютерҳои солҳои бароришашон куҳнаи 8 синфхонаи дигар ба компютерҳои замонавӣ иваз карда шудаанд. Алҳол дар донишгоҳ 52 синфхонаи компютерӣ, марказҳои интернетӣ ва китобхонаи электронӣ (бо теъдоди 816 компютер) ва 39 синфхонаи лингафонӣ (бо теъдоди 633 компютер) мавҷуд аст, ки барои гузаронидани дарсҳои лабораторӣ ва амалӣ равона карда шудаанд. Аксарияти ин синфхонаҳо ба шабакаи «Интернет» пайваст мебошанд. Барои таъмини раванди таълим бо технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ зиёда аз 2280 компютер мавриди истифода қарор доранд.