ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ

 

Кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна Кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ
Кафедраи таърихи халқи тоҷик Кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ

 

Декани факултет

д.и.т. Шарипов Р.

 

Факултети таъриху филология аз ҷумлаи аввалин факултетҳои таъсисёфтаи Донишгоҳ ба шумор рафта, аз рӯзи таъсисаш соли 1948, то соли 1966 бо ин ном фаъолият кардааст. Аз соли 1966 факултети таърих ҳамчун  факултети алоњида људо карда мешавад. Дар факултет 44 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 10 нафар доктори илм, профессор, 21 нафар номзади илм, дотсент, 3 муаллими калон ва 10 нафар  ассистентҳо фаъолият намуда, ба 800 нафар донишҷӯён дарс меомӯзанд. Соли 2010 дар  назди факултет шуъбаи “Бостоншиносӣ” таъсис дода шуд.

Баробари  сарвари факултет таъин гардидани н.и.т., дотсент Шарифов Р.Я.  пешравиҳо дар соҳаи таълим, илм, тарбия ба назар  мерасанд. Дар давоми  3-4 соли охир  факултет  дорои  синфхонаҳои  компютерӣ (30 адад) гардид, ки онҳо   ба шабакаи  “Интернет”  пайваст  мебошанд. Инчунин дар факултет 2 синфхонаи  лингафонӣ, 3-адад тахтаи электронӣ  мавҷуд аст, ки босамар фаъолият карда истодаанд.

Факултети таърих тайи 65- соли мавҷудияти худ ба яке аз марказҳои асосии тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мубаддал гаштааст. Дар он аз рўйи ихтисосҳои муаррих, ҷомеашинос, архившинос, кишваршинос ва бостоншиносӣ мутахассис омода карда мешаванд.

Феълан факултет дорои чор кафедра – кафедраи таърихи халқи тоҷик, кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ, кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷӣ, кафедраи таърихнигорӣ ва бойгоншиносӣ мебошад.

Вазифаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷикро д.и.т., профессор  Қаҳори Расулиён  ба ӯҳда дорад. Кафедраи мазкур дар тӯли мавҷудияти худ доир ба корҳои илмӣ, таъ­лимиву методӣ ва тарбиявӣ таҷрибаи ғанӣ ва босамар ҳосил кардааст. Ҳайати устодони кафедраро собиқ дастпарварони факултет Қ.Расулиён, С.Мухторов,  М.Зикриёева, Г. Собирова, Н.Ҳакимов, Ю.Шодипур, З.Юсупов ва дигарон ташкил медиҳанд, ки дар ташаккул ва инкишофи кафедра саҳми назаррас гузоштаанд.

Кафедраи дигаре, ки дар тайёр кардани кадрҳои таърихшиносии умумӣ мақоми муас­сир дорад, кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ мебошад. Мудирии кафедраро н.и.т., дотсент Нигина Наҷотова дастпар­вари факултети таърихи ДМТ ба уҳда до­рад. Ҳоло дар кафедра 10 нафар муаллион: дотсент Наҷотова Н. (мудири кафедра), профессорон Ю.Яқубов, А. Қушматов, Р.Маҳмадшоев, дотсентон: Шарифов Р., Муллоҷонов С.К., Т.Зиёзода ва ассистентон С.Асоев, Мирзоалиев, Ф.Шоинбеков фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ менамоянд. Кафедра бо мақсади беҳтар ба роҳ мон­дани раванди таълим ва тарбияи мутахас­сисони илми таърих бо муассисаҳои илмӣ ва пажӯҳишии дохилӣ ва хориҷӣ робитаи наздик барқарор намудааст. Дар солҳои гуногун академикҳои АИ ҶТ А.Мухторов, Н.Неъматов, Б.А.Литвинский, Ю.Яқубов, профессорон: М.Ашрафӣ, А.Раҷабов, Д.Довудов, Ҳ.Камолов ва дигарон ба донишҷӯён аз фанҳои ҷудогона ва курсҳои махсус лексия хондаанд.

Кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷӣ (собиқ кафедраи таърихи наву навин ва усули таълим) моҳи октябри соли 1967 дар заминаи кафедраи таърихи умумӣ бо номи кафедраи таърихи наву навин таъсис ёфтааст. Роҳбарии кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент Г. Иброҳимова ба уҳда дорад. Ҳоло дар кафедра дотсентон: Бозоров Қ., Мунавваров М.М., Мунавварова Т.З., Раҳимов Ю., Бустонова Д., Турсунов Т.,  н.и.т., ассистентон:, Қудратов К., Раҳимов Ф., Ҳалимова М., фаъолият доранд.

Дар тайер кардани кадрҳои баландихтисос манбаъшинос ва бойгоншинос кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ нақши му­ассир дорад. Мудири кафедра  номзади илмҳои фалсафа, дотсент Т. Ғуломов хатмкардаи ҳамин факул­тет мебошад. Ҳоло дар кафедра профессорон: Ф.Зикриёев, М.Иброҳимов, дотсентон: А Ёрмамҳадов, Б.Азимова, муаллими калон Х.Б.Сангалиев ва  н.и.т. Шарофудинов С.С.  фаъолият намуда, дар шуъбаҳои факултет ва берун аз он дарс медиҳанд. Дар баробари ин кормандони Идораи кулли бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соатбайъ дар кафедра фаъолият доранд. Шуъба ва кафедра дар симои Идораи кулли бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мак­таби хуби таҷрибаомӯзӣ пайдо намудааст, зеро донишҷӯёни шуъба аксари дарсҳои амалиашонро дар ин маркази таҷрибавӣ мегу­заронанд.

Садорат ва ҳайати устодони факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таълим ва тарбияи ҷавонон ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос нақшаҳои зиёд доранд. Факултет батадриҷ ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузашта, қабули санҷишу имтиҳонҳо бо усули тестӣ дар монитор ба роҳ монда шудааст. Садорат ва устодони факултет таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат ҷавобгӯйи талабот ва рақобатпазирро тайёр намоянд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org