АССОТСИАТСИЯИ ВОЛИДОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Ассотсиатсияи волидони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият ва муносибатҳои байни волидон, донишҷӯён ва раёсати донишгоҳро ба танзим медарорад. Ассотсиатсия ташкилоти ҷамъиятии худидоракунанда буда, дар беҳтаршавии идоракунӣ, танзими муносибатҳо, муқаррар намудани ӯҳдадориҳо, таъмини манфиатҳо ва ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён саҳм мегирад.
Мақсади асосии Ассотсиатсия дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯён мебошад.
Ассотсиатсия ташкилоти ғайрисиёсӣ буда, фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Низомномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.
Шакли асосии фаъолияти Ассотсиатсия конференсия буда, конференсияҳои Ассотсиатсия соле на камтар аз як маротиба дар асоси нақшаи кори Ассотсиатсия баргузор мегардад.

 

Вазифа ва ҳуқуқҳои асосии Ассотсиатсия

• ба роҳ мондани ҳамгироии фаъолияти Ассотсиатсия бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, садорати факултетҳо ва дигар зерсохторҳои таркибии донишгоҳ;
• дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳои Ректор ва супоришҳои раёсати Донишгоҳ;
• назорати имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муқаррар кардааст;

Барои ҳалли масъалаҳои Низомномавии худ Ассотсиатсия
ҳуқуқҳои зеринро дорад:
• ба зерсохторҳои Ассотсиатсияи волидони дар факултетҳо буда роҳбарӣ намуда, масъалаҳои ҳалталаби онҳоро дар сатҳи раёсати донишгоҳ ҳаллу фасл менамояд;
• масъалаи расонидани ёрӣ ба донишҷӯёни аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор, ҳимоя ва ҳавасманд кардани донишҷӯёни фаъолро дида мебарояд;
• масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он мансуб намудааст, ҳал намояд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org