БАХШИ КОР БО ДУХТАРОНУ ЗАНОН

Бахши кор бо духтарону занон аз ду воҳиди корӣ мудири бахш ва сармутахассис иборат аст.

Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда шудааст. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул гардидаанд, инҳоянд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 марти соли 2005, № 89); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (3 декабри соли 1999, № 5); Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29 майи соли 2010, № 269).

Санадҳои номбаршуда барои ҳаёту фаъолияти-бонувон сарнавиштсоз аст, зеро ба баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи онҳо дар ҷомеа ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге мебахшад.

Бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ фаъолияти худро дар заминаи сиёсати давлатӣ оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва супоришҳои Раёсати Донишгоҳ ба роҳ мондааст.

Дар донишгоҳ 969 нафар занону духтарон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин 334-нафар омӯзгор ва 635 нафар корманд мебошанд. Ҳамзамон, нақши занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пураҳамият (бозиз/чашмрас) аст, чунончӣ 1 нафар муовини ректор, 1 нафар директори китобхона, 21 нафар мудири кафедра, 7 нафар мудири шуъба аз ҷумлаи занони роҳбарикунандаи донишгоҳ мебошанд. Инчунин, дар донишгоҳ 18 нафар доктори илм, 135 нафар номзади илм фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявӣ доранд.

Дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 5941 нафар духтарон таҳсили илм мекунад, ки аз онҳо 2149 нафарашон тариқи буҷавӣ ва 3792 нафар тариқи шартномавӣ ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудааст. Дар шуъбаи магистратураи донишгоҳ 180 нафар духтар таҳсил менамояд.

Ба шакли ғоибонаи таҳсил дар донишгоҳ 3207 нафар занону духтарон дар пайвастагӣ бо истеҳсолот дар факултетҳои мухталиф ба таълим фаро гирифта шудааст.

Ба тариқи квотаи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар дар донишгоҳ 279 нафар донишҷӯ ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудааст, ки 185 нафари онҳо дар хобгоҳи махсус зиндагӣ мекунанд.

Бахши кор бо духтарон ва занон як шохаи ҷамъиятии донишгоҳ мебошад. Дар факултетҳои донишгоҳ шӯроҳои бонувон фаъолият менамоянд, ки бахши кор бо духтарон ва занон бо онҳо робитаҳои зичи корӣ доранд.

Ҳамзамон бахши кор бо духтарон ва занон пайваста кори худро дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои таркибии донишгоҳ амалӣ менамояд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org