ОСОРХОНАИ ДМТ

Осорхонаи миллии донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Оиномаи Донишгоҳ миллии Тоҷикистон ва Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз 13 декбари соли 1997 ба роҳ монда шуд, таърихи фаъолияти олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар инҷо гирд оварда шудаанд.
Осорхонаи миллии донишгоҳ аз ду воҳиди корӣ: Мудири Осорхона ва сармутаххассис иборат аст.
Мақсади асосии Осорхона бозёфт, ҷамъоварӣ, бақайдгирии таҳқиқ, ҳуҷҷатнигорӣ, ҳифзу нигохдорӣ, истифодаи дуруст, ташкил, такмили фонди осорхонавии донишгоҳ, масъалагузории проблемахои осорхонавӣ, тахияи барномаҳои соҳавӣ, ба тамошо муҳайё сохтани дастовардҳои Донишгоҳ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ мебошад.
Осорхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз гӯшаҳои “Дафтари дастгузории меҳмонон”, “Ҳунарҳои мардумӣ”, таърихи Ансамбли халқии “Наврӯз”, тӯҳфаҳои роҳбарияти ниҳодҳои гуногуни давлатҳои ҷаҳон ба Донишгоҳ, дастовардҳои варзишгарон, “65-солагии таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Ба қуллаҳои дониш”, “70-солагиии таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ва дигар қисматҳои осорхонавӣ иборат аст.
Раёсати донишгоҳ бо фармони худ ба ҳамаи кафедраҳо, факултетҳо, шуъбаҳо дастур медиҳад, ки тамоми тӯҳфаҳое, ки ба номи донишгоҳ супорида мешаванд, ба воситаи санад ба Осорхона пешниҳод мешаванд. Барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ дар донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии аспирантону магистрон, донишҷӯёну хонандагон ва ташаккул додани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ мусоидат менамояд. Тамоми масъалаҳое, ки ба Осорхона марбут аст, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Дар Осорхона бештар кори идеологӣ ва тарбиявӣ мушоҳида шуда, дар асоси Нақшаи кории Шуъбаи тарбия ва Шӯрои кураторони Донишгоҳ донишҷӯён барои ошно шудани ба таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Осорхона ҷалб карда мешаванд.

 

Мудири Осорхонаи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ғозиев Хуршед Маҳмадуллоевич


Ғозиев Хуршед Маҳмадуллоевич 17 июли соли 1992 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми МТМУ № 2-и ноҳияи Темурмалик соли 2010 ба Колеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 2013 онро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Соли 2013 ба факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2018 онро бо муваффақият хатм намудааст. Бо назардошти фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ соли 2019 ба ҳайси мудири Осорхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул карда шуда, то имрӯз дар ин самт фаъолият намудаистодааст.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org