ШУРОИ САРПАРАСТОН

Шурои сарпарастони ДМТ аз соли 2008 фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти худ дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои ректори донишгоҳ, гузаронидани соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Фаъолияти кураторони гурўҳҳои академӣ яке аз самтҳои асосии таълиму тарбия буда, дуруст ба роҳ мондани он омили асосии тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии сарпарастони гурўҳҳои академӣ аз он иборат аст, ки дар вуҷуди ҷавонон ва шогирдон ҳисси миллӣ, ташакукули инсони комил, соҳиби Ватан, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқи фарҳангиро бедор созанд.

Дар донишгоҳ шурои сарпарастон аз ҷумлаи омӯзгори ботаҷриба, номзад ва докторони илм бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба сарпарастони гуруҳҳо дар ҷодаи таълим ва тарбия намудани мутахассисони соҳибмаълумот кор ва фаъолият мекунанд.

Дар донишгоҳ 707 гурӯҳи академии шуъбаи рӯзона мавҷуд аст, ки сарпарастии онҳо аз ҷониби 467 нафар устоду корманд ба роҳ монда шудааст. Сарпарастони ин гурӯҳҳо аз рӯи нақшаи тасдиқшуда кор ва фаъолият менамоянд. Сарпарастон аз рӯи барномаи таълимӣ дарсҳои тарбиявиро ба роҳ мондаанд, ки 32 соатро дар бар мегирад ва дар нақшаи инфиродии онҳо қайд карда мешавад. Соатҳои тарбиявӣ дар ҷадвали дарсӣ гузошта шуда, ҳафтае як маротиба дарс мегузаранд ва дар дафтари бақайдгирии гурӯҳ қайд карда мешавад.

Дарси тарбиявӣ ҳафтае як маротиба дар давоми соли хониш гузаронда шуда, дар гуруҳҳои академии факултетҳо тибқи ҷадвали зерин баргузор мегардад: