ШУЪБАИ ТАРБИЯ

 

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тарбияи ҳамаҷонибаи донишҷӯён нигаронида шудааст.

Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлата ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявии демократӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои раёсати Донишгоҳ, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣаз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии Донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти тарбиявии Донишгоҳ, асосан, дар робита бо садорати факултетҳо,кураторон ва созмонҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад ва баробари фаро гирифтани донишҷӯён ба таълим тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда дар маркази таваҷҷуҳи раёсат ва қисми тарбиявии Донишгоҳ қарор дорад.

Дар Донишгоҳ пайваста гузаронидани чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо аҳли сиёсат, илм, адаб, шоирону нависандагон ва санъаткорон ба ҳукми анъана даромадааст, ки баҳри боло бурдани зеҳну тафаккур ва рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён нақши муҳим мебозад.Ҳадафи асосии қисми тарбиявии донишгоҳ дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳанатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Тамоми ҳадафҳо ва самтҳои фаъолияти зикршударо Шуъбаи тарбия дар доираи бахшҳои кор бо занон ва духтарон, Осорхона, Ансамбли халқии «Наврӯз» ва созмонҳои ҷамъиятии Шӯрои кураторон, Ассотсиатсияи волидайн, Шуъбаи кор бо ҷавонон, Комисияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими донишгоҳ амалӣ мекунад.

Шуъбаи тарбия дорои чор воҳиди корӣ; мудири шуъба, як сармутахассис ва ду мутахассис мебошад. Дар 19 факултети донишгоҳ муовинони декан оид ба тарбия шуъбаи тарбияро намояндагӣ мекунанд.

ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Менюи асосӣ

Много шаблонов Joomla на JooMix.org